Чанде пеш дар Қазоқистон аз ҷорӣ намудани сим-кортҳои кӯдакона хабар доданд. Тибқи қоидаҳои нав, бо мақсади таъмини амнияти рақамӣ, волидон вазифадоранд, барои фарзандони худ маҳз чунин сим-кортҳои дорои маҳдудиятро харидорӣ кунанд. Оё дар Тоҷикистон низ сим-кортҳои кӯдакона вуҷуд доранд ва умуман, пайвастшавии ноболиғон ба шабакаи мобилӣ чӣ гуна танзим мешавад?
Сим-корти кӯдакона чист?
Ин сим-кортест, ки ба номи шаҳрванди ноболиғ бо иштироки падару модар ё васӣ сабт мешавад. Дар он филтри муҳтавои интернетӣ, назорати вақти истифода, маҳдуд кардани дастрасӣ ба сайтҳо ва дигар хидматҳои рақамӣ пешбинӣ шудааст.
Тавре ки ба "Азия-Плюс" аз Хадамоти алоқа хабар доданд, дар Тоҷикистон ҳоло сим-кортҳои махсуси кӯдакона вуҷуд надоранд. Аммо масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дорад ва аллакай ба нақшаи рушди соҳаи алоқа илова шудааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки дар ин самт чӣ корҳо анҷом дода мешаванд ва истифодаи сим-кортҳои кӯдакона чӣ гуна ба роҳ монда мешавад.
Ширкатҳои мобилӣ чӣ пешниҳод мекунанд?
Бо мақсади дарёфти маълумот дар бораи "тарифҳои кӯдакона", "Азия-Плюс" ба маъруфтарин ширкатҳои мобилии кишвар муроҷиат кард.
Дар Tcell ба мо гуфтанд, ки ширкат ҳоло тарофаҳои кӯдакона надорад, вале нақша дорад дар оянда, тарофаи махсус бо имкониятҳои назорати волидайн роҳандозӣ кунад.
"Волидон метавонанд назорат кунанд, ки кӯдак чӣ қадар вақт дар интернет мегузаронад, аз кадом барномаҳо истифода мебарад ва чӣ гуна муҳтаво ҷустуҷӯ мекунад. Инчунин ин тарофа амнияти пурраи рақамии волидонро таъмин мекунад. Бо фаъол шудани ин тарофа, бо хоҳиши волидайн барои кӯдак дар интернет “ҳамроҳии амн”-ро низ фаъол кардан мумкин аст," — гуфтанд дар ширкат.
“Ҳамроҳии амн” функсияи қулаест, ки имкон медиҳад вақт ва муҳтавои истифодамекарадаи кӯдакро дар Интернет танзим кард. Имрӯз баъзе браузеру шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Google Chrome ва YouTube ин гуна функсия доранд.

Ширкати "Мегафон" низ тарофаи махсуси кӯдакона надорад.
Дар ин ширкат гуфтанд, ки қонунгузории амалкунанда фурӯши сим-корт ба кӯдакон ва таҳияи тарофаҳои махсус барои онҳоро манъ мекунад.
Тибқи қонун, танҳо наврасоне, ки синни 16-ро пур кардаанд ва шиноснома доранд, метавонанд сим-корт гиранд. Барои ин онҳо бояд бо падару модар ё васии худ ба маркази хидматрасонӣ ҳозир шаванд ва бо розигии хаттии волидон ё васӣ сим-корт харидорӣ кунанд.
Дар ду ширкати дигар — ZET-MOBILE ва Babilon — аз пешниҳоди маълумот ба "Азия-Плюс" худдорӣ карданд.
Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон аллакай беш аз 15 сол аст, ки доштани телефонҳои мобилӣ ва истифодаи онҳо аз ҷониби хонандагон ва донишҷӯён дар муассисаҳои таълимӣ расман манъ шудааст.
Таносуби қарзи давлатӣ нисбат ба ММД. Қарзи кадом давлатҳо бештар аст?
Сабақҳои зилзила. Тоҷикистон ва дигар давлатҳо баъди заминларзаҳо чӣ иқдом рӯйи даст гирифтанд?
Маҳдудияти ҳаракат барои нақлиёти гаронвазн дар роҳҳо. Чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад ва дар кадом роҳҳо?
Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон. Кай ва дар куҷо чӣ чорабинӣ доир мегардад?
Муҳоҷире, ки дар Русия се кӯдакро аз сӯхтор наҷот дод тоҷик будааст
Аз талаботи Тоҷикистон то муқаррароти Арабистони Саудӣ. Чӣ гуна метавон дуруст ва бехатар ба ҳаҷ рафт?
“Равобити Эрон ва Тоҷикистон дар сатҳи олӣ аст”. Пизишкиён бори дигар ба тавсеаи ҳамкориҳо миёни ду кишвар таъкид кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Хуни ноҳақ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2025
Аз “Худои зинда”-ву “Рустам ва Сӯҳроб” то “Қиёми рӯз”. Синамои тоҷик пас аз 95 сол чӣ набз дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста