Теъдоде аз сокинони кишвар шикоят доранд, ки барои таъмири мактаб аз хонандагон аз 50 то 150 сомонӣ ҷамъоварӣ мекунанд. Дар Вазорати маориф ва илм гуфтанд, барои таъмир аз хонанда талаб кардани маблағ манъ аст.
Ин бори аввал нест, ки Вазорати маориф ва илм ва ниҳодҳои зеррабти он ҷамъоварии маблағ барои таъмир аз хонандагонро ғайриқонунӣ мегӯяд ва аз сокинон даъват мекунад, дар ҳолати талаби маблағ ба онҳо муроҷиат кунанд. Аммо ҳар сол дар арафаи анҷоми соли хониш талаби пул барои таъмири мактаб аз сокинон доғ мешавад.
“Пули таъмирро наорӣ хориҷ мекунам”
Ф.С., (ному насаби қаҳрамон бо хоҳиши ӯ ошкор намешавад) сокини деҳаи Ӯзбекистони шаҳри Ҳисор дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, дар мактаби деҳа, ки фарзандонаш таҳсил мекунанд, барои таъмири мактаб аз хонандагон пул талаб мекунанд.
“Фарзандони ман дар синфи 7 ва 9-и мактаби №63 таҳсил мекунанд. Мудир фарзанди маро барои наовардани пули таъмир аз мактаб пеш карда, гуфтааст, то 10-уми май пулро биёр, вагарна аз мактаб хориҷ мекунем”,-гуфт ӯ.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, масъулини ин мактаб барои таъмир аз хонандагон аз 50 то 250 сомонӣ талаб доранд.

Ин сокини Ҳисор мегӯяд, шикояташ аз талаби иҷбории маблағ ба мудири мактаб бенатиҷа будааст.
“Директори мактаб гуфт, ба куҷое, ки мехоҳед, шикоят кунед, фармон аз вазорат аст”, - таъкид кард ӯ.
Ҳикматулло Ашӯров, директори мактаби №63-и Ҳисор дар суҳбат ба “Азия-Плюс” ҷамъоварии пул барои таъмири мактабро тасдиқ кард, аммо гуфт, ин тасмим дар маҷлиси кумитаи падару модарон гирифта шудааст.
“Бо овоздиҳии худи волидайн маблағ барои таъмир муайян шуд. Ҳамагӣ 30 сомонӣ аст. Мо хонандагонро маҷбур накардаем. Ягон нафар ҳам норозигӣ баён накардааст”, - иброз дошт Ашӯров.

Як сокини пойтахт бо номи Раҳматулло, низ зимни сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, аз ду фарзандаш, ки дар мактаби №59-и ноҳияи Сино таҳсил мекунанд, барои таъмири мактаб пул талаб кардаанд.
“Барои ду фарзандам 100 сомонӣ талаб кардаанд. Аз талаби ғайриқонунии пул ба Вазорати маориф ва илм шикоят кардам, аммо бенатиҷа аст”, - мегӯяд Раҳматулло.
Дар Вазорати маориф ва илм вуруди шикоят аз ҷамъоварии маблағро рад мекунанд ва мегӯянд, ки “агар шикоят ворид шавад, ҳатман месанҷанд”.
Саодат Қурбонова, директори мактаби №59-и пойтахт ҳам ба “Азия-Плюс” гуфт, “хабари ҷамъоварии иҷбории маблағ барои таъмири мактаб беасос аст”.
“Мо то ҳол дар хусуси ҷамъ кардани маблағ барои таъмир эълон накардаем. Ҳоло барвақт аст, то анҷоми соли таҳсил, яъне 20 –уми июн фурсат аст. Маблағ ҷудо кунанд, таъмир мекунем”, - гуфт Қурбонова.
Дар кӯдакистон ҳам шикоят ҳаст
Баъзе сокинон аз талаби пул барои таъмири кӯдакистонҳо ҳам шикоят доранд.
Манижа Раҳимова (ном иваз шудааст) як сокини шаҳри Бохтар дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки дар кӯдакистони “Сафедор”, ки писараш онҷо тарбия мегирад, барои таъмир 180 сомонӣ талаб кардаанд.
“Фарзанди онҳоеро, ки пули таъмирро напардохтаанд, ба боғча роҳ намедиҳанд”, - мегӯяд ин зан.
Ӯ таъкид мекунад, ки “шубҳа дорам, ки бо ин пул кӯдакистонро таъмир мекунанд, зеро кӯдакистон чӣ гуна, ки қаблан буд ҳамон гуна боқӣ мемонад”.

Вале Зиёдулло Абдулзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” иддаои пулҷамъкунӣ дар мактабҳои миёна ва кӯдакистонҳоро рад кард.
“Талаби маблағ барои таъмир дар муассисаҳои таҳсилотӣ ва кӯдакистонҳо асос надорад. Тибқи қонун дар бораи маориф низ ин амал ғайриқонунӣ аст. Ва дар ҳолатҳое, ки волидайн эҳсонкорӣ кунанд, дастгирӣ кардан хоҳанд ягон кас пеши роҳи онҳоро намегирад”,-таъкид кард Абдулзода.
“Азия-Плюс” миёни корбарон бо саволи “Оё фарзанди шуморо ҳам аз мактаб барои додани пули таъмир маҷбур карданд?” назарпурсӣ гузаронид. Дар зери ин назарпурсӣ, беш аз 1500 нафар шарҳ навиштанд.
Аксар сокинон дар шарҳ бо овардани номи муассисаҳои таълимӣ талаби маблағ барои таъмир дар мактабҳоро тасдиқ карданд. Баъзе навиштанд, ки аллакай пули таъмирро супоридаанд.
Дар баробари ин, теъдоде талаби маблағ барои таъмири мактаб аз волидонро дуруст ва онро “саҳмгузорӣ дар ободии мактабе, ки фарзандон мехонанд” номиданд.
Вазорати маориф: “Шикоят кунанд чораҷӯйӣ мекунем”
Дар Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки хонандагон ва волидайни онҳо маҷбур нестанд, ки маблағ барои таъмири мактабро супоранд. Аммо ин ниҳод мегӯяд, агар дар назди муассисаҳои таълимӣ ассатсиатсияи падару модарон фаъолият кунанд, танҳо дар асоси розигии волидайн барои таъмир маблағ муайян карда, онро ҷамъ карда метавонанд.
Дар ин ниҳод гуфтанд, ки маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ тибқи меъёри сарикасӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷониби ҳукуматҳои маҳаллӣ амалӣ карда мешавад. Қарори ҳукумати кишвар аз 29 ноябри соли 2024 “Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2025”-ум ба тасвиб расидааст, ки дар он меъёри маблағ барои муассисаҳо муайян шудааст.
“Тибқи қарор дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ меъёр барои як хонанда дар як сол 2 ҳазору 156 сомонӣ, барои нигоҳдории муассиса 400 ҳазору 321 сомонӣ, барои муассисаи таҳсилоти асосӣ барои як хонанда дар як сол 2 ҳазору 688 сомонӣ, барои нигоҳдории муассиса 161 ҳазору 183 сомонӣ ва барои муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ меъёр барои як хонанда дар як сол 3 ҳазору 363 сомонӣ, барои нигоҳдории муассиса 58 ҳазору 26 сомонӣ ҷудо мешавад”, - гуфтанд дар вазорат.
Дар вазорат иброз доштанд, ки маблағе, ки барои сари ҳар як хонанда дар як сол ҷудо шудааст ба маблағи нигоҳдории муассиса ҷамъ мегардад ва дар якҷоягӣ барои эҳтиёҷоти муассисаи таълимӣ равона карда мешавад.
Аммо таъкид мегардад, ки нахуст пардохтани маоши омӯзгорон ҳатмӣ аст ва агар маблағ боқӣ монад барои хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмир ё дигар хароҷот сарф карда мешавад.
“Вобаста ба ҳолатҳои талаби маҷбурии маблағ барои таъмиру пули моҳона ё дигар масъалаҳо, шаҳрвандон метавонанд рӯзҳои шанбе аз соати 8:00 то 11:00 ба қабули вазири маориф биёянд. Инчунин имкон доранд ба рақамҳои боварии вазорат 227-76-86 занг зананд ё ба сомонаи вазорат дохил шуда, шикояти худро равон кунанд”, -гуфтанд дар вазорат.
Вазорати маориф таъкид мекунад, шаҳрвандон бо овардани факту рақам, яъне номи муассиса ва рақами он муроҷиат кунанд. Ин ниҳод мегӯяд, ки вазъиятро санҷида дар ҳолати ҷой доштани ин ҳолатҳо, чораҷӯйӣ мекунанд.
Интиқод аз фасод дар соҳаи маориф
Бояд гуфт, ки дар бештари ҳолатҳо падару модарон ба хотири тарсу ҳарос ва ихроҷ накардани фарзандонашон аз мактабҳо нисбати хилофи қонунгузорӣ ҷамъ кардани маблағ хомӯширо ихтиёр мекунанд.
Қаблан Амир Ҷалолиддин, як намояндаи Вазорати маориф ва илм дар ток-шоуи “Рости гап”-и “Азия-Плюс”, мушкили ҷамъовари маблағ аз волидайнро дар мактабҳо тасдиқ карда, гуфта буд, ки талаби маблағ аз хонанда аз сӯи омӯзгор натанҳо дар доираи қонунгузорӣ, ҳамчунин аз нигоҳи ахлоқӣ падидаи номатлуб аст.
Зимнан, як пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон маълум кардааст, дар мактабҳо барои таъмири синфхонаҳо, лавозимоти дарсӣ, зодрӯзи омӯзгорон ва гузаронидани мулоқоту маросими расмӣ маблағ ҷамъ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар суханронии худ дар рӯзи 1-уми сентябр аз таҷрибаи беасос ситонидани маблағ аз хонандагон, аз ҷумла барои зодрӯзи омӯзгорон интиқод карда аз роҳбарони вазорати маориф ва шуъбаҳои маориф хост то “ба ин ҳолатҳо қатъӣ хотима бахшанд”.
“Тавассути омӯзгорон ҷамъ овардани маблағ барои баргузории чорабиниҳо, таъмину тармим, обуна ба нашрияҳои гуногун ва монанди инҳо, шахсияти омӯзгорро дар назди ҷамъият беқадр мекунад”, - гуфта буд раисҷумҳур.