Абдурозиқ Эгамов, машҳуртарин блогери тоҷик, ки чаҳор соли охир дар хориҷа буд, ба ватан баргаштааст. Хабарнигори “Азия-Плюс” бо ӯ мулоқот кард ва ба чанд саволи худ дар бораи фаъолият, бунёди оила, шиносоӣ бо Салмон Хон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва нақшаҳои ин блогер посух гирифт.
Абдурозиқ дар Ютюб 1,5 миллион ва дар Инстаграм қариб 8 миллион пайгир дошта, дар саросари дунё ӯро мешиносанд. Ӯ соли гузашта дар давлати Британияи Кабир тарабхонаи худро боз кард. Ҳамчунин аввалин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки раводиди дарозмуҳлати Амороти Муттаҳидаи Арабро соҳиб шудааст.
Блогери тоҷик дар лоиҳаҳои бузург ҳамроҳи ситораҳои ҷаҳон фаъолият кардааст. Дар филме бо ҳунарманди Ҳинд Салмон Хон нақш офаридааст. Намоҳангҳои ӯро ҳудуди 40 миллион бор боздид кардаанд.
Ӯ мегӯяд, ки дар ин сафари худ мехоҳад фарҳанги Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад.
Бештар дар гузориши мо тамошо кунед:



Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста