Тақдири лоиҳаи қонуни нав дар бораи ВАО (матбуот) дар Тоҷикистон, ки барои дастгирии фаъолияти рӯзноманигорон ва расонаҳо пешбинӣ шуда буд, номаълум мондааст. Дар ҳоле ки қонунҳои амалкунанда наметавонанд тамоми паҳлӯҳои фаъолияти расонаҳои муосирро танзим кунанд, ба гуфтаи таҳиякунандагон, лоиҳаи қонуни нав метавонист барои беҳтар шудани фазои иттилоотӣ дар кишвар мусоидат кунад, вале аз тарафи ҳукумати кишвар рад шуда, барои баррасии такрорӣ то ҳол кӯшише сурат нагирифтааст.
Лоиҳаи қонун кай ва аз ҷониби киҳо омода шуд?
Лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои ахбори омма” аз ҷониби вакилони давраи қаблии Маҷлиси намояндагон бо ҷалби рӯзноманигорон, ҳуқуқшиносон ва ташкилоти ҷамъиятӣ, ки дар самти ВАО кор мекунанд, таҳия шуда буд.
Моҳи июни соли 2024 вакилони порлумон ва ҷомеаи рӯзноманигории Тоҷикистон дар як нишасти махсус тарҳи қонуни навро баррасӣ карданд. Муаллифони қонун мегӯянд, пешниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, мутахассисони соҳа, рӯзноманигорон ва ниҳодҳои давлатиро ҷамъоварӣ ва ҳангоми таҳияи тарҳи қонун истифода карданд. Дар нишаст таъкид шуд, ки қонуни нав дар асоси таҷрибаи пешрафта ва хулосаҳои коршиносони байналмилалӣ кори расонаҳоро дар кишвар танзим хоҳад кард.
Муаллифони лоиҳа ду қонуни қаблии марбут ба соҳаи рӯзноманигорӣ – Қонунҳои ҶТ "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ" (соли 1996) ва "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма" (соли 2013)-ро дар як қонун гирд оварданд.
Тарҳи лоиҳа бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 24-уми июни соли 2024 барои гирифтани хулоса ба ҳукумат пешниҳод гардида буд, вале пазируфта нашуд.
Лоиҳаи қонун чаро аз ҷониби ҳукумат рад шуд?
Ҳукумати Тоҷикистон дар қарори худ аз 28-уми сентябри соли 2024 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди танқид қарор дода, онро рад кард. Дар хулосаи ҳукумат чанд сабаби асосии рад шудани лоиҳа зикр шудааст, аз ҷумла:
- Лоиҳа “дар шакли коста, нопурра ва бе танзими масъалаҳои муҳими соҳа таҳия гардидааст”;
- Лоиҳа “масъалаҳои мавзӯи танзимро пурра дар бар нагирифтааст" ва “таҷрибаи дар амал татбиқгардидаи мақомоти давлатӣ дар самти танзими давлатии ВАО ба пуррагӣ истифода нагардидааст”;
- Таъкид шудааст, ки “вобаста ба ҳар як намуди воситаи ахбори омма, ки шакли фаъолияташон фарқ мекунанд, мебояд боби алоҳида бахшида шуда, дар он тарзи ташкил, лаҳзаи оғози фаъолият, зери танзими давлатӣ қарор гирифтан, кадом ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ва иҷозатдиҳӣ доштан ва дигар масъалаҳо пешбинӣ карда шавад”;
- Дар лоиҳа ба масъалаи паҳн кардани воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ дар ҳудуди Тоҷикистон диққати кофӣ дода нашудааст, хусусан дар робита ба "масъалаҳои соҳибистиқлолӣ, амнияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, фарҳанг ва маданияти миллӣ";
- Ҳамоҳангсозӣ ва мутобиқати лоиҳаи Қонун бо дигар санадҳои қонунгузорӣ, аз ҷумла бо Конститутсия, Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси маданӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва қонунҳои ҶТ “Дар бораи алоқаи барқӣ”, “Дар бораи иттилоот” ва “Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот” таъмин карда нашудааст.
- Дар лоиҳа хатоҳои зиёди имлоӣ, грамматикӣ ва техникӣ ҷой доранд ва матни русии он ба матни забони тоҷикӣ мутобиқ карда нашудааст.

Ҳукумат инчунин пешниҳод кардааст, ки масъалаи ворид намудани муқаррароти лоиҳаи Қонуни мазкур ба лоиҳаи Кодекси иттилоот баррасӣ карда шавад. Кодекси мазкур ҳоло дар марҳилаи таҳия қарор дорад.
Барои чӣ гурӯҳи кории нав таъсис нашуд?
Баъд аз ба поён расидани кори таҳияи лоиҳаи Қонун “Дар бораи воситаҳои ахбори омма” дар охири моҳи июни соли 2024 гурӯҳи кории таъсисшуда барҳам дода шуд. Аммо пас аз он ки лоиҳа дар моҳи сентябри соли 2024 аз ҷониби ҳукумат рад шуд, бо гузашти дастикам 9 моҳ гурӯҳи кории нав таъсис наёфт, то эродҳои гирифтаи ҳукуматро бартараф сохта, лоиҳаи қонунро дубора баррасӣ карда, хулосаи онро ба ҳукумат равон кунанд.
Файзулло Наҷмиддиниён, як масъули парлумони кишвар бенатиҷа мондани идомаи кори лоиҳаро ба “Азия-Плюс” тасдиқ карда, гуфт, ки вакилони даъвати нав аз рӯйи барномарезиҳо, ба эҳтимоли зиёд, баъди моҳи сентябр лоиҳаи Қонуни нави ВАО-ро баррасӣ мекунанд.

Як манбаъи дигар аз парлумон ба “Азия-Плюс” гуфт, ки вакилони даъвати шашум, ки давраи вакилиашон дар моҳи марти соли 2025 тамом шуд, бинобар сабаби омодагӣ ба паёми раисҷумҳур ва омода кардани ҳисоботи панҷсолаи худ натавонистанд, ки гурӯҳи нави корӣ таъсис дода, лоиҳаи қонуни ВАО-ро дубора баррасӣ кунанд.
Ранжет Ятимов, ҳуқуқшиноси Ташкилоти ҷамъиятии “Хома”, ки узви гурӯҳи пешини кории лоиҳаи қонун дар бораи расонаҳо буд, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки сохтори асосии лоиҳаи қонуни нав омода аст, танҳо бархе ҷузъиёти дигар, ки ҳукумат эрод гирифтааст, бояд баррасӣ шавад.
“Агар гурӯҳи нави корӣ таъсис шавад, вақти зиёд талаб намекунад, то лоиҳаи қонун пурра такмил шавад”, - мегӯяд Ранжет Ятимов.
Ин ҳуқуқшинос интизор аст, ки гурӯҳи нави корӣ таъсис шуда, ӯ низ дубора ҳамчун намояндаи ташкилот ба он даъват мешавад, то лоиҳаро комил кунанд.
Лоиҳа чӣ навоварӣ дорад?
Ранжет Ятимов бар ин назар аст, ки новобаста ба эродҳои гирифташуда, лоиҳаи нави қонун чандин навигариҳо ва тағйироти муҳимро дар бар мегирифт, ки метавонистанд ба беҳтар шудани фаъолияти расонаҳо дар Тоҷикистон мусоидат кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои нав ба мисли “брифинг”, “манфиатдории ҷамъият”, “телевизиони рақамӣ”, “телевизиони ҷамъиятӣ”, “нашрияҳои шабакавӣ”, “оператор” (пахшкунанда), “ҷои ҷамъиятӣ” ва “шахси оммавӣ” илова гардидааст.
“Дар лоиҳаи қонуни нав принсипҳои асосӣ барои воситаҳои ахбори омма ба назар гирифта шудааст. Ин пеш аз ҳама, қонуният, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, гуногунандешӣ, шаффофият ва ошкорбаёнӣ, изҳори озодонаи ақида ва андеша, боэътимодии маълумот, фаврият, беғаразӣ, дастгирии истеҳсол ва паҳни контенти миллӣ, эҳтироми меъёрҳои ахлоқии умумиинсонӣ ва риояи одоби касбӣ мебошад”, - мегӯяд ҳуқуқшиноси тоҷик.
Сабукӣ дар сабти номи расонаҳо
Ба гуфтаи ҳуқуқшинос, яке аз навигариҳои дигари қонун сабти давлатии воситаҳои ахбори омма дар муҳлати кӯтоҳ, тариқи онлайн ва бо шакли огоҳӣ аст.
“Яъне, дар сурати қабул шудани ин банди қонун матбуоти даврӣ, агентиҳои иттилоотӣ танҳо дар бораи таъсис ёфтанашон ниҳоди танзимкунандаро огоҳ мекунанд. Ҳамчунин, ҳангоми баҳисобгирии онҳо талаб намудани хуҷҷатҳои иловагӣ манъ аст”, - шарҳ медиҳад Ятимов.
Тибқи иттилои тасдиқнашуда, ҳоло барои сабти номи расона аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон маълумотнома талаб мешавад.
Манъи табъиз ва танзими аксбардорӣ
Ба гуфтаи Ранжет Ятимов, дар лоиҳаи қонун пешниҳод шуда буд, ки эълон бораи озмуни ҷойҳои корӣ холӣ танҳо барои намояндагони як ҷинс манъ бошад. Ҳамчунин, паҳн кардани маълумоти шахсӣ ва дигар маълумоти ноболиғе, ки дар натиҷаи амали (беамалии) ғайриқонунӣ зарар дидааст ва ноболиғоне, ки дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятӣ гумонбар ё айбдор шудаанд, манъ мегардид.
“Дар лоиҳа пешбинӣ шуда буд, ки агар шахс дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, чорабиниҳои оммавӣ ва рӯйдоди аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳамиятнок ҳузур дошта бошад, журналист бидуни розигии ӯ аксу навор гирифта метавонад. Ҳамчунин, барои истифодаи ҳама гуна маълумот дар бораи фаъолияти хидматӣ ва ҷамъиятии шахс агар дар манбаҳои боз дастрас бошад, розигии шахс талаб карда намешавад. То кунун ин ду паҳлӯи масъала дар қонунгузорӣ зикр нашуда буд”, - мегӯяд ҳуқуқшинос.
Танзими аккредитатсияи рӯзноманигорон
Ранжет Ятимов мегӯяд, лоиҳаи қонун дар бораи ВАО метавонист мушкили дастрасии парвона (аккредитатсия) - и расонаҳо дар нишастҳои вижаи расмиро ҳал кунад. Ин мушкиле аст, ки чанд соли охир рӯзноманигорони расонаҳои хориҷӣ шикоят мекарданд, зеро онҳоро дар бархе аз ҷаласаҳои расмӣ даъват ва ё пешакӣ сабти ном намекарданд.

Тарҳи қонунгузории нав, пешниҳод мекард, ки тартиби парвона гирифтани ВАО набояд ҳуқуқи журналистро барои иштирок дар ҷаласаҳои расмӣ, даъват ба чорабинӣ, фароҳам овардани шароти нобаробар ва ҳуқуқи гирифтани иттилоот маҳдуд кунад.
Қонуни пешниҳодшуда мақомотро вазифадор мекард, ки журналисти парвонагирифтаро бо стенограмма, протокол ва дигар ҳуҷҷатҳо шинос намоянд ва барои фаъолияташ шароити мусоид фароҳам оранд.
Инчунин, беасос рад кардани парвонаи журналистон манъ шуда, дар чунин сурат журналист ҳақ дорад ба додгоҳ шикоят барад. То ҳол барои пӯшиши иттилоотии ин ё он чорабинии расмӣ, ҳатто фарҳангӣ аз сӯи мақомоти марбута парвона талаб мешавад ва дар сурати надоштани он иҷозаи аксу навор бардоштан намедиҳанд.
Паҳни муҳтавои ватанӣ ва дастрасии барномаҳо барои гурӯҳҳои осебпазир
Ба қавли Ранжет Ятимов, лоиҳа муқарар мекард, ки барнома ва намоишҳои телевизион ва радио бояд на камтар аз 60% маҳсулоти ватанӣ иборат бошанд ва он аз соати 06:00 то 10:00 ва аз соати 18:00 то соати 23:00 пахш шавад.
Ҳамчунин, ба гуфтаи ҳуқуқшинос, аз соати 06:00 то соати 22:00 бо вақти маҳаллӣ пахш намудани барномаҳои телевизионие, ки ба инкишофи ҷисмонӣ, равонӣ, ахлоқӣ ва маънавии кӯдакон ва наврасон зарар мерасонанд, манъ мегардид.
“Дар телевизион ва радио маводи истеҳсоли ватанӣ ё хориҷие, ки дар ҳудуди кишвар бо мақсади паҳн пешбинӣ шудаанд, мутобиқи қонунгузорӣ аз рўи синну сол таснифбандӣ карда мешуданд”, - мегӯяд Ятимов.
Навгонии муҳим ва иҷтимоӣ ин пешниҳод буд, ки барномаҳои хабарии шабакаҳои телевизионӣ бояд бо тарҷумаи сурдологӣ (забони имову ишора) ё субтитрҳо таъмин шаванд, ки ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа имкони дастрасӣ ба иттилоотро таъмин кунанд. Ҳоло фақат бархе телевизионҳо аз забони имову ишора кор мебаранду бас. Аммо ин нукти тибқи қонунгузорӣ ба танзим надаромадааст.
Чаро таҳия ва қабули қонуни нав зарур аст?
Ба қавли ҳуқуқшиносон, қонуни нави ВАО метавонист як қатор масъалаҳои муҳими танзимро дар соҳаи расонаӣ ҳал кунад. Таъхир дар қабули он метавонад ба вазъи рӯзноманигорӣ ва сатҳи озодии баён дар Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад.
Ҳамчунин, дастрасӣ ба иттилоъ сол аз сол маҳдуд мешавад. Мақомот аз расонаҳо барои оддитарин маълумот дархости расмӣ талаб карда, қариб ҳамеша бо гузашти муҳлати дархост посух медиҳанд ва баъзе ниҳодҳо умуман посух намедиҳанд.
Созмонҳои ҷаҳонии мудофеи озодии баён ҳамасола аз Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза интиқод мекунанд.
Дар маводи “Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён” метавонед дар бораи вазъи журналистикаи тоҷик ва озодии матбуот дар Тоҷикистон маълумоти бештар гиред.







Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста