Дар ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич сокинони маҳаллӣ маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои сохтани мактаби нав сарф намудаанд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дода, менависад, бунёди мактаби №48 бо дастгирии тамоми сокинон бо усули ҳашар идома дорад.
Бинои нав аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, барои таҳсили то 1000 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
"Сокинон маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаи худро барои бунёди мактаб, ки фарзандону наберагонашон дар он таҳсил мекунанд, сарф намуда истодаанд", - гуфта шудааст дар хабар.
Ин иқдом бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва талабот ба муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардидааст.
25 май зимни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич, раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ҷараёни бунёди иншооти ҷашниро дида, таъкид намудааст, ки ҳукумати вилоят сокинонро дар ин кор “ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад”.

Ин ташаббус дар соли равон бори аввал нест. Имсол 80 тан сокинони ноҳияи Данғара хоҳиши адои маросими ҳаҷ карда буданд, аммо 40 нафари онҳо аз сафар даст кашида, маблағҳои барои ин мақсад ҷамъовардаро барои ободонии ноҳия сарф намудаанд. Дар ин бора раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як семинар-машварат дар ноҳияи Данғара хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, “соҳибкорону сокинони саховатманд”-и Данғара барои бунёди иншооти гуногун ва ободонии ноҳияи худ 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ сармоягузорӣ кардаанд.
Аз ин маблағи калон 628 миллион сомонӣ барои бунёди муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ сарф шудааст.
Ёдовар мешавем, ки хоҳишмандони сафар ба ҳаҷ аз Тоҷикистон зиёд аст ва танҳо имсол ҳудуди 7 ҳазор шаҳрванди кишвар метавонанд ба зиёрати хонаи Худо раванд. Дар баробари ин, ҳар сол ҳазорҳо сокини кишвар ба умра мераванд.
Мақомот ҳамеша сокинонро ба сарфи маблағи барои адои ҳаҷу умра ҷамъоварда ҷиҳати ободии маҳалли худ тарғиб мекунанд. Аз ин сабаб, сари ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи сарфи маблағи барои ҳаҷу умра ҷамъкарда дар ободонии маҳал интишор мегарданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста