Дар Ӯзбекистон ҷашни мавлуди чаҳор адиби шинохтаи тоҷик - Паймон, Бекназар Тӯйназар, Абдулло Субҳон ва Юнуси Имомназар баргузор гардид. Рӯзноманигори "Азия-Плюс" дар ҷашнвора ширкат ва аз он ҷо гузориш таҳия кард.

Ин ҷашнвора дирӯз, 30-юми май, дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ бо ҳузури Абдуҷаббор Раҳмонов, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон, Равшан Махсумзод, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аҳли адабу рӯзноманигорони Тоҷикистон, намояндагони мақомоти расмии Ӯзбекистон ва зиёиёни тоҷики муқими ин кишвар гузашт.

 

Муаррифии соҳибҷашнҳо

Шариф Халил ва Асадулло Исмоилзода, нависандагони тоҷики муқими Ӯзбекистон, дар оғоз ҳар 4 тан соҳибҷашнро муъҷаз муаррифӣ карда, ҷузъҳои фарқкунандаи осори онҳоро гуфтанд.

Дар ин маҳфил 75-солагии Бекназар Тӯйназар - адиб ва рӯзноманигори собиқадори тоҷик, 70-солагии Паймон (Тӯхтамиш Тӯхтаев) - шоир ва рӯзноманигори тоҷик, 70-солагии Абдулло Субҳон - шоир, омӯзгор, рӯзноманигор ва мутарҷими номвари тоҷик ва 60-солагии Юнуси Имомназар - шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик таҷлил гардид.

Бояд гуфт, ки ҳамаи соҳибҷашнҳо аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ҳастанд. Ин чаҳор тан собиқадорони рӯзномаи тоҷикии "Овози тоҷик" мебошанд.

 


Таҳнияти Тоҷикистон

Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон зимни таҳният гуфт, ин чор тан чор сутуни адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон ҳастанд.

"Ин соҳибҷашнҳо заҳмати зиёд кашида, бо меҳнати ҳалол дар миёни мардум шӯҳрат ва эҳтиром пайдо кардаанд ва сухани ин шоирону нависандагон ҳоло дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбекро тақвият медиҳад", - гуфт сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон.

Раҳмонзода афзуд, Паймон, Юнуси Имомназар, Бекназар Тӯйназар ва Абдулло Субҳон адибони маҳдудаи кӯҳистони Нурато нестанд, онҳо давоми умри худ марзҳои шӯҳратро убур карда, дар Тоҷикистон ҳам чун адибони хуби порсигӯ эътироф шудаанд.

Ӯ таъкид кард, ки тамоми тоҷикон бо ин чор ном ифтихор доранд ва корҳои онҳо дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва мамолики дигари порсизабон омӯхта мешавад.

 

Абдуҷаббор Раҳмонзода

Равшан Махсумзод, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар суханронии худ гуфт, ки ин чор адиб нафақат барои ҷомеаи тоҷикони муқими Ӯзбекистон, балки барои тамоми адабиёти тоҷик осори арзишманд гузоштаанд.

Ӯ ҳамзамон нишони "Сухан"-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба шоир Абдулло Субҳон тақдим кард.

Қироншоҳ Шарифзода, рӯзноманигори тоҷик перомуни кори рӯзноманигории соҳибҷашнҳо ва нақши онҳо дар расонаҳои тоҷикӣ дар Ӯзбекистон ҳарф зада, таъкид кард, ки "ин чор қаламкаш дар пайванди тоҷикони муқими Ӯзбекистон ва дар зинда нигоҳ доштани забони тоҷикӣ дар кишвари ҳамсоя нақши бориз доранд".

"Рисолати дигари соҳибҷашнон таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва иртиботи фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аст, ки бо сари баланд онро анҷом дода истодаанд", - илова кард Шарифзода.

 

Қироншоҳ Шарифзода

Қадрдонии Ӯзбекистон

Дар идомаи ҷашнвора намояндагони расмии вилояти Навоӣ, ноҳияи Нурато ва Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Маркази тоҷикони вилояти Ҷиззах аз шахсият ва корномаи Паймон, Юнуси Имомназар, Бекназар Тӯйназар ва Абдулло Субҳон ёдовар шуда, онҳо низ гуфтанд, ин чор тан дар таърихи фарҳангии Ӯзбекистон низ ҷойи арзишманд доранд ва хидматҳои онҳо дар соҳаи таълим, фарҳанг ва адабиёт аз ҷониби мақомоти расмии кишвар қадр карда мешавад.

Абдукарим Шарифов, раиси Маркази тоҷикон дар вилояти Ҷиззах таъкид кард, ки ин адибон на танҳо нависанда ва шоир, балки фарҳангпарвар, роҳнамои ҷомеа ва равшангари роҳи мардум ҳастанд, ки ҳазорҳо ҷавонро тарбия карда, роҳи адабиёт ва илмро нишон додаанд.

 


Профессор Аслиддин Қамарзода, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд зимни таҳният гуфт, ки ин чор адиб аз устодони касби хеш ва сарсупурдагони илму адаб ҳастанд. Ӯ ҳамчунин, нақши онҳоро дар пойдории забону адабиёт ва фарҳанги тоҷикӣ муассир арзёбӣ кард.

Инчунин, дигар омӯзгорон ва зиёиёни тоҷики муқими Ӯзбекистон ҷашни мавлуди чаҳор адиби шинохтаро табрик карда, аз ҳамдиёриву ҳамзабониву ҳамдилӣ ҳарф заданд. Онҳо таъкид карданд, ки чунин тадбирҳо барои нигоҳдории анъанаҳои фарҳангӣ ва пайвастагии наслҳо муҳим аст.

Муаллимони мактабҳои тоҷикӣ гуфтанд, ки онҳо китобҳои ин адибонро дар синфҳои адабиёт истифода мебаранд ва толибилмон бо шавқу рағбат осори онҳоро мехонанд.

 


Хонандагони макотиби тоҷикии минтақа баргузидаи шеърҳои шоиронро қироат карданд ва муҳассилини макотиби ӯзбекӣ ва қирғизӣ низ ашъори тарҷумашудаи онҳоро хонданд. Ин қисм нишон дод, ки адабиёти тоҷик дар байни халқҳои дигари минтақа низ маъруф ва дӯстдошта аст.

Толибилмони мактаб яке аз ҳикоёти Юнуси Имомназарро ҳам дар порчаи саҳнавӣ намоиш доданд.

Пасон ҳар чаҳор соҳибҷашн ба ҳамаи дастандаркорон ва меҳмонон изҳори сипос гуфта, ҳарфҳои дили худро заданд.

 


Дар маҳфил иттиҳоди тоҷикон дар хориҷ барҷаста эҳсос мешуд ва ширкаткунандагон бо рӯҳияи баланд ин рӯзи муборакро ҷашн гирифтанд. Дар байни тамошобинон ҳиссиёти ифтихор ва ғурур ба мушоҳида мерасид, зеро онҳо мефаҳмиданд, ки чунин адибон дар ҳар замон пайдо намешаванд.

Маҳфил бо дуоҳои хайри мӯйсафедон хотима ёфт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.