Шаҳрдории Душанбе дар арафаи таҷлили Иди Қурбон ҷойҳои махсус барои забҳ ё куштани чорворо муқаррар кардааст. Чунин нуқтаҳо дар чор ноҳияи пойтахт муайян шудааст.
Ба иттилои манбаъ, сокинони пойтахт бояд дар ҷойҳои муайяншуда чорвои худро забҳ кунанд ва барои дар дигар нуқтаҳо куштани чорво ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин ниҳод то лаҳзаи нашри мавод нагуфтанд, ки барои ин кор чӣ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
Нуқтаҳои забҳи чорво дар чор навоҳии пойтахтро дар тасвирбаёни мо бинед:
Тибқи фармудаи дини Ислом, дар рӯзи Иди Қурбон қурбонии гӯсфанд, шутур ё гов ҷоиз аст. Ҳамзамон бояд донист, ки ин амал пеш аз ҳама бо ҳадафи садақа додан, зиёфат оростани наздикон ва дӯстону шиносҳо анҷом дода мешавад. Аз се як ҳиссаи қурбонӣ бояд ба ниёзмандон ё муассисаҳои ятимон тақсим гардад, ҳиссаи дуюм ба меҳмонон ва хешу таборон дода шуда, ҳиссаи боқимонда барои аъзои оила нигоҳ дошта мешавад.
Бояд гуфт, ки забҳи чорво дар ҳудуди пойтахт солҳои 2007 - 2017 манъ буд. Соли 2017 Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе забҳи чорворо дар қаламрави пойтахт дар арафаи Иди Қурбон иҷозат дод.
Аз соли 2017 инҷониб ҳамасола барои забҳи чорво нуқтаҳои махсус дар ҳудуди пойтахт муайян мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки Иди Қурбон имсол санаи 6-уми июн ҷашн гирифта мешавад. Намози ид соати 5:45 субҳ оғоз меёбад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста