Дар Душанбе кӯшиши навбатии суиқасд ба ҷони худ бо наҷот анҷом ёфт. Як зан ҳамроҳи ду нафар кӯдаконаш мехост худро аз пул (купрӯк) дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ба поин партояд. Ва ин аввалин чунин ҳодисаи бо кӯдакон қасди ҷони худ кардан нест...

Дар бораи тақдири минбаъдаи ин шахсон чиҳо маълуманд? Баъди як, ду ё моҳ пас аз наҷот ҳаёти онҳо чӣ гуна мешавад? Дар Тоҷикистон ба шахсоне, ки даст ба худкушӣ мезананд, чӣ гуна кумак мекунанд.

Дар ин бора “Азия-Плюс” бо мутахассисони гуногун суҳбат ороста, то замони навиштани мавод, аз ВКД Тоҷикистон оид ба ин масъала посух дарёфт нашуд.

Ҳамаро санҷидан зарур аст

Мутахассиси гендерӣ, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқ Лариса Александрова чунин мегӯяд:

“Ман ба сифати фаъоли ҷомеа ва ҳомии ҳуқуқ, ҳамчунин дар ҳамдастӣ бо ВКД Академияи ВКД ва Додситонии кулл дар чорабиниҳои гуногуни муколамаи марбут ба мушкилоти ҳуқуқи занон, хушунат дар оила ва дар маҷмӯъ зӯроварии гендерӣ иштирок мекунам.

Баррасӣ кардем, ки чунин мушкил ҷой дорад ва вақте ки далели худкушӣ ҳаст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месанҷанд, ки дарвоқеъ ҳам ин худкушӣ аст ва агар он тасдиқ шавад, минбаъд сабабҳои ба чунин амал водор кардани шахс санҷида мешавад. Агар зимни кӯшиши даст ба худкушӣ задан, шахс ҳалок нашавад ҳам, сабабҳои он бояд мавриди санҷиш қарор гиранд”, - мегӯяд Александрова.

Ба гуфтаи мутахассис, дар чунин парвандаҳо ташхиси судиву равонии ҳолати зан, ҷараёни ҷамъоварии далелҳо ва то чӣ андоза аз онҳо истифода бурдани мақомот муҳим аст, лекин дар ҳама гуна ҳолат санҷиши дақиқ лозим аст.

Равоншиносони иҷтимоӣ

Табиби бемориҳои рӯҳӣ, ассистенти кафедраи  Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон Мария Гончарова мегӯяд, мувофиқи протокол дар сурати кӯшиши худкушӣ бояд равоншинос бо бемор суҳбат гузаронида, сабаби ба ин кор даст задани ӯро фаҳмад.

“Метавонанд ба назди табиби бемориҳои рӯҳӣ фиристанд, лекин дар мо бисёр вақт ин хел намешавад. Чунин шуморида мешавад, ки агар ба назди табиби беморҳои рӯҳӣ фиристанд, пас туро ба таври автоматӣ ба қайд мегузоранд. Ҳарчанд дар асл, агар ин якумин чунин суиқасд бошад, ҳеҷ касро ба қайд намегузоранд”, изҳор мекунад ӯ.

Ба гуфтаи Мария Гончарова, дар хориҷа таҷрибаи бепул бо равоншиноси иҷтимоӣ таъмин кардан роиҷ аст, лекин дар Тоҷикистон мафҳуме чун равоншиноси иҷтимоӣ нест.

“Ба равоншиноси иҷтимоӣ маъмулан аз ҷониби давлат маоши баланд пардохт мешавад. Дар мо ба равоншиносон касе маблағ пардохт намекунад. Пештар дар мо шуъбаҳои бепули кумаки равонӣ амал мекарданд. Айни замон, то ҷое ман медонам, бо сабаби қатъ шудан сарпарастии ин шуъбаҳо, онҳо дигар амал намекунанд”, - мегӯяд Гончарова.

Маҷбурӣ бистарӣ кардан лозим аст?

Ба қавли табиби бемеориҳои рӯҳӣ, бистарӣ кардан дар ҳолатҳои худкушие, ки такроран содир мешаванд, сурат мегирад.

“Агар ин бори аввал бошад, сабаби он ошкор мешавад. Агар ба тафтишот марбут бошад, ба назди равоншинос мефиристанд. Агар равоншинос кумак кунад, бистарӣ зарурат надорад, лекин агар суиқасдҳои такрорӣ шавад, бистарӣ кардан лозим аст, зеро шахс пеш аз ҳама барои худ хавфнок аст”, - шарҳ медиҳад мутахассис.

Эҳтимоли кумаки ташкилотҳои ғайридавлатӣ

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, дар сохторҳои Кумита 110 марказҳои зхаиравии иттилоотӣ ва машваратӣ, маркази захиравӣ оид ба масоили баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, раёсати умури оила, ки ҳамарӯза бо ҷабрдидагон аз хушунати оилавӣ сарукор доранд, амал мекунанд.

Ҳамчунин дар назди Вазорати адлия 38 бюрои кумаки ҳуқуқӣ, дар назди Вазорати тандурустӣ Маркази соимии репродуктивӣ ва паноҳгоҳҳои муваққатӣ фаъолият доранд.

Ҳамаи ин ба зӯроварӣ дахл дорад. Дар робита ба шахсоне, ки даст ба худкушӣ мезананд, дар ин ҳолатҳо кормандони Кумита бо роҳбарии раис ё муовини раис ба ба ҷойи ҳодиса рафта, сабаби онро месанҷанд.

“Лекин дар аксари ҳолатҳо ҳама мегӯянд, ки ин харобии асаб, ҳолати равонӣ ё чизи дигар аст. Ҳеҷ кас мушаххасан дар бораи сабабҳои худкушӣ чизе намегӯяд”, - илова намуданд дар муассиса.

Ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ қаблан метавонистанд кумак кунанд, дар доираи лоиҳаҳои худ онҳо ба одамон кумаки равонии ройгон мерасониданд. Аммо маблағгузориионҳо қатъ шуда, дигар худи лоиҳаҳо ҳам нестанд.

“Аз ин рӯ, мутаассифона, айни замон созмонҳое, ки ба таври хайрия кумак мекарданд ва илова бар он бар он, метавонистӣ ба онҳо шабонарӯзӣ муроҷиат кунӣ, вуҷуд надорад”, - шарҳ медиҳад Мария Гончарова.

Пул барои ҳама намерасад...

Дар кишварҳои рушдёфта ба шахсоне, ки даст ба худкушӣ мезананд, ҳатман кумаки равоншинос пешниҳод мешавад. Ҷамъиятҳои гуногуни кумаки ҳамдигарӣ, доираҳои кумакҳои равонӣ вуҷуд дорад, ки чунин одамон метавонанд озодона ба онҳо раванд. Дар мо ҳамин ҳам нест.

Ҳуқуқшинос Лариса Александрова низ муҳим будани кумаки равониро ба одамон таъкид мекунад.

“Лекин то кадом андоза бепул будани он, масъалаи кушод аст. Агар далели ҷой доштани зӯроварӣ дар оила ва сипас суиқасд ба ҷони худ вуҷуд дошта бошад, ба гумони ғолиб, бояд кумаки бепули равонӣ ва ҳуқуқӣ расонида шавад. Дар ҳолати хушунати оилавӣ ё дигар шаклҳои зӯроварӣ берун аз оила, боз бисёр чизҳои дигар ҳаст.

Агар суиқасд ба ҷони худ ба ҳолати зӯроварӣ вобаста набошад, он ҷо мебояд санҷиш гузаронид. Барои ҳама  ва дар ҳама гуна ҳолат барои равоншинос ва ҳуқуқшиноси ройгон пули давлат намерасад. Дар мо бе ин ҳам бисёр чизҳои ҳатмӣ бепул барои ҷабрдидагон аз хушунати оилавӣ 100% иҷро намешавад”, - хулоса кард мутахассис.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.