Дар Душанбе аз 15 то 20-уми октябри соли равон дуюмин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” баргузор мегардид. Дар ин бора аз “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, дуюмин синамоҷашнвораи “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” баргузор мегардад.
“Мақсади асосии синамоҷашнвора таҳкими мавқеи синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, табодули таҷриба миёни синамогарони ватанӣ ва хориҷӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи синамо ва тақвияти ҷойгоҳи фарҳангии Тоҷикистон дар дар арсаи байналмилалӣ мебошад”, - гуфтанд аз “Тоҷикфилм”.
Ба ин ҷашнвора беш аз 100 меҳмон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Осиё ва Аврупо даъват мешаванд.
Дар доираи синамоҷашнвораи мазкур баргузории рӯзҳои кинои кишварҳои Эрон, Русия, Ҳиндустон, Қирғизистон ва Туркманистон пешбинӣ шудааст.
Бояд гуфт, ки якумин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” соли 2023 баргузор шуда буд. Дар он намояндагон аз кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо иштирок доштанд.

Дар доираи он ҷашнвора, барномаҳои гуногун, аз ҷумла нишастҳои матбуотӣ, рӯзҳои кинои Русия ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистон, форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии коргардон, ҳунарпеша ва асосгузори синамои тоҷик Комил Ёрматов таҳти унвони “Эҳёи синамо” бо иштироки синамогарон, киношиносон ва мутахассисони соҳа баргузор гардиданд.
Шоҳҷоизаи синамоҷашнвора барои беҳтарин филми ҳунарӣ ба филми “Роҳ”-и коргардони тоҷик Носир Саид супорида шуд.
Аввалин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” чӣ гуна ҷамъбаст гардид, дар ин матлаби мо мутолиа кунед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста