Думаи давлатии Русия имрӯз, 10 июн лоиҳаи қонунеро, ки тибқи он мақомоти маориф ба пешниҳоди маълумот дар бораи кӯдакони муҳоҷирон ба ВКД уҳдадор мешаванд, баррасӣ мекунад. Дар посух ВКД дар бораи бақайдгузорӣ ва дар қайди муҳоҷират гузоштани онҳо маълумот пешниҳод мекунад.
Ба воҳидҳои минтақавии ВКД ирсол намудани маълумоти шахсии кӯдак ва волидони ӯ, натиҷаҳои тест аз забони русӣ, маълумот доир ба қабул ё хориҷ шудан аз мактаб, инчунин маълумот дар бораи бақайдгирии шаҳрвандони хориҷии ба рӯйхати шахсони таҳти назорат шомлгардида дар назар аст.
Тавре ки хабаргузории РБК менависад, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин изҳор доштааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар навбати худ ба мақомоти соҳаи маориф маълумот дар бораи бақайдгирӣ ё дар қайди муҳоҷират қарор доштани кӯдакони муҳоҷиронро ирсол мекунанд.
“Ин ба табодули фаврии ҳузури қонунӣ доштани кӯдак ва волидони ӯ дар Русия имкон дода, аз ҷумла ба қабули қарори минбаъда таъсир мерасонад. Он ҳамчунин ба ошкор сохтани кӯдакони муҳоҷироне, ки ба мактаб қабул нашудаанд, низ имкон дода, ба пешгирии ҷалби онҳо ба фаъолияти ғайриқонунӣ кумак мекунад ва онҳоро аз рафторҳои ношояму беҷо ҳифз мекунад”, - гуфтааст Володин.
Ғайр аз ин, дар лоиҳаи қонун ҳатман ворид намудан ба низоми федералии маълумот дар бораи натиҷаҳои тестгирӣ аз забони русӣ барои ҳамаи муҳоҷирон пешбинӣ шудааст.
Охири моҳи апрел хабаргузории РБК бо истинод ба нусхаи лоиҳаи қонун иттилоъ дод, ки комиссияи ҳукумат аз ин ташаббус ҷонибдорӣ намуд. Тағйирот ба якчанд қонуни федералӣ дахл мекунад.
Муовини сарвазир Татяна Голикова дар мусоҳиба ба “Эксперт” таъкид доштааст, ки ин навовариҳо на танҳо ба таъмини ҳуқуқи кӯдакон ба таълим, балки назорати риояи қонунгузории муҳоҷират, инчунин таъмини амнияти давлат мусоидат мекунанд.
Аз 1 апрел мактабҳо дигар кӯдакони муҳоҷиронеро, ки забони русиро намедонанд, қабул намекунанд. Барои тасдиқи сатҳи кофӣ ҷиҳати азхудкунии барномаи мактаб, онҳо бояд тест супоранд. Кӯдаке, ки имтиҳонро супорида наметавонад, уҳдадор аст, ки аз таълими иловагӣ гузарад.
Кӯшиши такрорӣ супурдани имтиҳон танҳо пас аз се моҳ имконпазир аст. Ба ақидаи Вячеслав Володин, меъёрҳои нав аллакай самаранокии худро нишон додаанд: аз ҳамаи шахсони аризадода ба макатабҳо ҳамагӣ 4%-ашон қабул шуданд.
Тест аз забони русӣ аз қисмҳои шифоҳӣ ва хаттӣ (барои синфҳои якум - танҳо имтиҳони шифоҳӣ) иборат буда, барои ҳар зинаи таҳсил ҷудогона таҳия шудааст. Барои ба мактаб қабул шудани кӯдакони муҳоҷирон, дуруст ҷавоб додан ба 90%-и саволҳо дар тест зарур аст.
Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Волоин дар Telegram-канали худ саҳеҳтар зикр кардааст, ки барои кӯдаконе, ки мехоҳанд ба синфи 1-ум қабул шаванд, иҷрои дурусти 9 вазифа аз 10-то, барои синфҳои 2-5-ум - 18 вазифа аз 20-то, барои синфҳои 6-9-ум - 20 вазифа аз 22-то ва синфҳои 10-11-ум 22 вазифа аз 24-то лозим аст.




