Кормандони сохторҳои қудратии Русия ҷиҳати "ошкор сохтани муҳоҷирони ғайриқонунӣ" дар яке аз иншооти Вазорати мудофиа дар шаҳри Маскав, ки дар он муҳоҷирони корӣ дар Осиёи Марказӣ кор мекарданд, "рейд"-и густурда гузаронидаанд. Дар ин бора "Telegram-канал"и "Baza", саҳифаи наздик ба мақомоти қудартии ин кишвар, хабар медиҳад.
Амалиёт аз ҷониби дастаи таъиноти махсуси милитсия (ОМОН) гузаронида шуда, онҳо барои "санҷиши ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони корӣ" ба хобгоҳе дар Строгино омаданд.
Ба иттилои "Baza", “кормандони сохторҳои қудратӣ мардонро аз пушти сар тела дода, аз ҳуҷраҳо мебароварданд”.
Дар ҷараёни рейд 5-6 нафар боздошт шуданд. Ба навиштаи манбаъ, ҳуҷҷатҳои нафарони боздоштшуда мушкилӣ доштааст ва аз ин рӯ, онҳоро барои бозпурсӣ ба шуъбаи корҳои дохилӣ бурданд.
Дар ҳамин ҳол, намояндагии намояндагии Оҷонсии муҳоҷирати хориҷии Ӯзбекистон дар Русия аллакай ба ин ҳодиса вокуниш нишон додаанд.
Тибқи "daryo.uz", дар изҳороти ин ниҳод зикр мешавад, ки "рӯзи 8-уми июн зимни баргузории рейдҳо дар Маскав кормандони "ОМОН" нисбати шаҳрвандони хориҷие, ки дар қаламрави Русия кор мекунанд, аз қувваи ҷисмонӣ истифода бурданд, ки ин вокуниши васеъро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард".
Ин ниҳод то дар робита ба ин ҳодиса, ҳоло интизори иттилои расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия мебошад ва вазъро зери назорат гирифтанд.
Дар изҳорот аз шаҳрвандони эҳтимолан ҷабрдидаи Ӯзбекистон, аз ҷумла касоне, ки ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд, ҳуқуқҳояшон поймол шуд ва касоне, ки бо дигар мушкилот дучор шуданд, даъват шуд, ки ба намояндагии Оҷонсии муҳоҷирати Ӯзбекистон дар Русия муроҷиат кунанд.
То лаҳзаи нашри ин хабар, ба "Азия-Плюс" муяссар нашуд, ки дар робита ба ин ҳодиса вокуниши расмии ҷониби Тоҷикистонро дастрас кунад.
Ёдовар мешавем, ки муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон солҳои охир ба фишор ва маҳдудиятҳои зиёд дар Русия дучор мешаванд.
Ин фишорҳо махсусан, баъди ҳодисаи “Крокуси Сити Ҳол”, ки ҳамчун гумонбар дар он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, бештар шуд. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷирони кориро сахттар мекунад.
Аз ҷумла, ки дар чор моҳи охир 19 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия ихроҷ шудаанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон из ҳастанд.
Дар пайи ин мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Вале тавре дида мешавад, ҳоло муваффақ нашудаанд.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста