Дар Русия беш аз 638 ҳазор фарзанди муҳоҷирон қарор доштаанд, ки гуфта мешавад “нисфи онҳо таҳсил намекунанд”. Дар ин бора Игор Зубов, муовини вазири корҳои дохилии Русия дирӯз дар ҷаласаи Думаи давлатӣ иттилоъ додааст.
Ӯ илова кардааст, ки танҳо дар шаҳри Маскав 80 ҳазору 282 фарзанди ноболиғи муҳоҷирон қарор доранд, вале ҳамагӣ 25 ҳазори онҳо таҳсил мекунанд.
“Теъдоди умумии кӯдакони муҳоҷирон дар Русия 638 ҳазору 174 нафарро ташкил медиҳад ва торафт шумораи онҳо коҳиш меёбад Гӯё, ки аксари онҳо таҳсил намекунанд, ман фикр мекунам, ки ин воқеият надорад. Вале эҳтимолан ҳудуди нисфи онҳо дақиқан бо кадом сабабҳое аз таҳсил дур мондаанд”, - гуфтааст ӯ.
Чанд рӯз пеш, Думаи давлатии Русия лоиҳаи қонун дар бораи пешниҳоди маълумот дар бораи кӯдакони муҳоҷирон ба ВКД-ро дар қироати аввал қабул кард. Ин лоиҳаи қонун вазорати маорифро вазифадор кардааст, ки маълумоти шахсии кӯдак ва волидони ӯ, натиҷаҳои тест аз забони русӣ, маълумот доир ба қабул ё хориҷ шудан аз мактаб, инчунин маълумот дар бораи бақайдгирии шаҳрвандони хориҷии ба рӯйхати шахсони таҳти назоратро ба ВКД ирсол намояд.
Ёдрас мешавем, ки аз 1-уми апрели соли ҷорӣ мактабҳои Русия кӯдакони муҳоҷиронеро, ки забони русиро намедонанд, қабул намекунанд. Барои тасдиқи сатҳи кофӣ ҷиҳати азхудкунии барномаи мактаб, онҳо бояд тест супоранд. Кӯдаке, ки имтиҳонро супорида наметавонад, уҳдадор аст, ки аз таълими иловагӣ гузарад.
Кӯшиши такрорӣ супурдани имтиҳон танҳо пас аз се моҳ имконпазир аст.
Ёдовар мешавем, ки муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон солҳои охир ба фишор ва маҳдудиятҳои зиёд дар Русия дучор мешаванд.
Ин фишорҳо махсусан, баъди ҳодисаи “Крокуси Сити Ҳол”, ки ҳамчун гумонбар дар он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, бештар шуд. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷирони кориро сахттар мекунад.
Аз ҷумла, ки дар чор моҳи охир 19 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ аз Русия ихроҷ шудаанд, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон из ҳастанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста