Имрӯз маҳфили адабие ба ифтихори 80-солагии шоири номдори тоҷик Ҳабибулло Файзулло бо ҳузури фарҳангиёну адибони кишвар дар ноҳияи Ховалинг доир гардид.

Ин маҳфил аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ширкати раис ва муовинони иттифоқ, шоирону носирон, мунаққидон, ҳунармандон ва рӯзноманигорони шинохта дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ховалинг роҳандозӣ шуд.

 

Хусусиятҳои ашъори Ҳабибулло Файзулло

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ин маҳфил гуфт, Ҳабибулло Файзулло дар ду ҷанба муаррифгари диёр ва ватанаш буд: аввалан бо ашъораш, сониян бо меҳмоннавозиаш.

Ӯ барои тақвияти суханаш иброз дошт, "Ҳабибулло Файзулло устод Сотим Улуғзодаро ба Восеъ овард, ки сабаби навиштани романи "Восеъ" шуд. Ҳамин тавр, устод Ҷалол Икромиро ба ин диёр овард. Ва даҳҳо шоирону нависандагони шинохтаи тоҷикро. Ҳабибулло Файзулло шеъри моро то Маскав ҳам бурд."

“Ҳабибулло Файзулло дар он замоне ба адабиёт ворид шуд, ки Мӯъмин Қаноат, Аминҷон Шукӯҳӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Ғаффор Мирзо дар майдони адабиёт буданд, дар ин муҳит мавқеъ пайдо кардан бисёр душвор буд, вале Ҳабибулло Файзулло тавонист мақоми худро зуд ёбад”, - гуфт Низом Қосим.

Низом Қосим се хосияти асосии шеъри Ҳабибулло Файзуллоро таъкид кард: Ҳабибулло Файзулло мушаххас мегуфт, адрес дошт; ӯ яке аз аввалин шоирони мо аст, ки тасвиргароӣ кард, бо сухан сурат кашид; ва бо табиат пайванди мустаҳкам дошт, шоир ба ҳар гулу гиёҳ, ҷӯю чашма, дашту гулдоманҳо шеър мегуфт.

 

Низом Қосим

Раиси иттифоқ ба ҷавонмаргии шоир ишора карда, гуфт: "Чунин тақдир дар адабиёти мо муқаррарӣ аст. Дақиқӣ, ки мегӯяд "Чу гул бошам кӯтаҳзиндагонӣ". Ҳайрат 24 сол умр дид, Пайрав 34 сол, Ҳабиб Юсуфӣ 29 сол... Дар адабиёти мо бисёр аст чунин устодон. Вале ҳамааш, ба мисли Ҳабибулло Файзулло меросе аз худ дар адабиёти тоҷик гузоштаанд".

 

Ҷавонтарин узви ин Иттифоқ

Адолати Мирзо, рӯзноманигори маъруф ва яке аз хешовандони наздики Ҳабибулло Файзулло дар суханронияш ҷанбаҳои муҳими шахсият ва муваффақиятҳои шоирро зикр кард.

“Дар 22-солагиаш узви Иттифоқи нависандагони СССР шуд. Ҳабибулло Файзулло ҷавонтарин узви ин иттиҳодия буд. Ин кори саҳл набуд”, - гуфт Адолати Мирзо.

Ӯ илова намуд, "Ҳабибулло Файзулло на танҳо шоир буд, мутарҷими боистеъдод ва пайвандгари адабиёти шӯравӣ ҳам буд. Муваффақияти дигараш тасаллут доштан ба хаттӣ форсӣ буд, ки аз адабиёти классики форсӣ ҳам огоҳии васеъ дошт."

Вай бо андӯҳ афзуд, “аммо дар авҷи шӯҳраташ аз олам чашм баст ва бо даргузашти ӯ ҳама ба мотам нишастанд”.

 

Адолати Мирзо

"Дӯстон, ёди шумо базм марост"

Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон аз хотираҳои шахсии худ бо Ҳабибулло Файзулло суҳбат карда, гуфт, мо аз овони ҷавонӣ дар хобгоҳ ҳамроҳ мезистем.

Ин нависанда таъкид кард, ки Ҳабибулло Файзулло шоири боистеъдод буд ва дар ҳама ҷо нозбардор дошт.

Дар давоми суханронияш ӯ китоби нави "Дӯстон, ёди шумо базм марост"-ро рӯнамоӣ карда, изҳор дошт, “дар ин китоб хотираҳои дӯстон дар бораи шеър ва шахсияти Ҳабибулло Файзулло ҷамъ омадааст ва барои дарки бештари шахсият ва эҷодиёти ӯ аҳамияти зиёд дорад".

 

Абдулҳамид Самад

Марям Исоева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар бораи ҳамкории худ бо шоир ҳикоят карда, гуфт, "бо Ҳабибулло Файзулло дар театр ошно шудам ва шоир фоҷиаи машҳури Еврипид "Медея"-ро маҳз барои ҳунарофарии ман тарҷума кардааст”.

Барои нишон додани сифати баланди ин тарҷума, ӯ чанд диалогро аз ин намоишнома манзури ҳозирин гардонд, ки аҳли маҳфил бо таҳсини зиёд истиқбол карданд.

Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон дар суханронияш нуктаи муҳимеро зикр кард, “Ҳабибулло Файзулло бо вуҷуди ҷавонӣ бо чеҳраҳои адабии иттиҳоди Шӯравӣ, ба мисли Расул Ғамзатов ва Чингиз Айтматов иртиботи дӯстӣ дошт”.

Субҳон Аъзамзод, адабиётшинос ва мунаққиди шинохта дар суханронии худ перомуни вазн ва тасвиргароии Ҳабибулло Файзулло маърӯза кард.

Дар моварои суханрониҳои маҳфили адабӣ сарояндагон аз ашъори Ҳабибулло Файзулло таронаҳои дилнишин суруданд.

 

Марям Исоева

Зиндагинома ва эҷодиёти Ҳабибулло Файзулло​​​​​​​

Ҳабибулло Файзулло 15-уми марти соли 1945 дар деҳаи Ховалинги ноҳияи Восеъ зода шуда Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ва Донишкадаи адабиёти ба номи М. Горкии Маскавро хатм кардааст.

Баъд аз хатми таҳсил дар рӯзномаҳои "Комсомоли Тоҷикистон" ва "Вечерний Душанбе" ба ҳайси ходими адабӣ хидмат кард.

Дар давоми зиндагӣ ӯ дар мақомҳои мухталиф хидмат кардааст: ходими Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик, корманди рӯзномаи "Маориф ва маданият", масъули Шӯрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Шеърҳояш аз ибтидои солҳои 60-уми қарни гузашта чоп шуда, диққати хонандагон ва устодони назми муосири тоҷикро ҷалб намудаанд.

 

1/4

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии ӯ бо номҳои “Қатраи борон” соли (1966), “Дунёи ҷавонӣ” (1971), “Рози дарё” (1974), “Дидори орзуҳо” (1979), “Обшори офтоб” (1981), “Чилчанор” (1982) ва ғайра писанди дӯстдорони назм гардидааст. Пас аз маргаш китобҳои “Зи нав зинда шавем…” (1995)-и ӯ чоп гардид. Дар Москва китобҳои ӯ “Яблонка” (1972) ва “Боль” (1990) ба чоп расидаанд.

Доираи мавзӯи ашъори шоир васеъ ва доманадор аст. Дар ашъораш Ватан, модар, сарзамини зебою мардуми он, ишқу ошиқӣ ва дигар мавзӯъҳои рӯз бо мазмуни баланд тараннум шудаанд. Ӯ дар шаклу жанрҳои гуногуни назм бо қофияву вазнҳои дилкаш шеър офаридааст. Аз ҷумла, шоир Ватанро чунин зебо васф намудааст:

Ватан дар синаам бо ин бузургӣ,

Ба монанди диле маъво гирифтаст...

Ҳабибулло Файзулло дар адабиёти муосири тоҷик бо ашъори рангинаш мавқеъ дошта, чуноне дар маҳфили адабӣ ҳам таъкид шуд, ҳамчун тарҷумони асарҳои адибони барҷаста низ ба хубӣ шинохта ва ном бурда мешавад. Нахустин маротиба ба забони тоҷикӣ шоҳасарҳои адибони бузург Еврипид – “Медея”, Антон Чехов – “Се хоҳарон” ва чанде аз ашъори шоирони машҳури ҷаҳон Александр Пушкин, Николай Некрасов, Михаил Лермонтов, Владимир Маяковский ва даҳҳо дигаронро тарҷума ва нашр кардааст.

“Тафовути ашъори лирикии Ҳабибулло Файзулло, аз ҷумла шеърҳои ҷудогонаи шаҳрвандӣ ва фалсафии ӯ, аз дигар шоирони ҷавон, пеш аз ҳама дар он аст, ки ӯ ба муҷаррадбаёнӣ, пардапӯшона ифода кардани фикр, ба мафҳум тасвир намудани образҳои шеърӣ роҳ намедиҳад, балки мавзую идея, мақсаду омол ва тарзи баёни шоиронаро хеле аёну мушаххас ва хеле равшан ба қалам медиҳад, ки дар натиҷа мавзуъ ва идеяи шеърҳои ӯ дар якҷоягӣ бо шакли баланди шеърӣ пурмазмуну ҷилодор мегарданд”, - гуфтааст Соҳиб Табаров, мунаққид ва адабиётшиноси шинохтаи тоҷик.

Ҳабибулло Файзулло 8-уми июни соли 1980 дар садамаи нақлиёт аз олам чашм пӯшид ва дар зодгоҳаш ба хок супорида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.