Абдурозиқ Эгамов, блогери шинохтаи тоҷик, пас аз се моҳи рахна шудани суратҳисоб (корт)-и бонкӣ ва саҳифаи инстаграмаш, ки 8 миллион корбар дошт, дубора ба онҳо дастрасӣ пайдо кардааст. Аммо беш аз 1 миллион долларро аз корташ рабудаанд.
Муборакшо Эгамов, амаки Абдурозиқ Эгамов дар ин бора ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфт, бо ёрии вакили дифоъ рӯзи 26-уми июн саҳифаи инстаграм ва корти бонкии ин блогер баргардонида шуд.
Аммо, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, маблағи суратҳисоби бонкии Абдурозиқро “кайҳо аз худ карданд”, ки “зиёда як аз миллион доллар” будааст.
Муборакшо Эгамов афзуд, ҳоло талош доранд ҳақи истифодаи канали блогерро дар шабакаи “YouTube” ва саҳифаашро дар “TikTok” бозпас гиранд.
Бояд гуфт, ки чанде пеш Абдурозиқ Эгамов аз рахна шудани саҳифаҳояш дар “Instagram”, “YouTube” ва “TikTok” хабар дода, гуфта буд, ки “ҳамчунин, аз ҳисобҳои бонкиаш ҳамаи пулҳояшро ҳам гирифтанд”.
Муборакшо Эгамов он вақт гуфта буд, Абдурозиқ се сол пеш бо ширкати мусиқии “IFCM” шартнома баста буд. Тибқи шартнома дар ҳолати қатъи ҳамкорӣ, бояд ба ширкат 1 миллион доллар ҷарима пардохт мекард. Тақрибан шаш моҳи пеш муҳлати шартнома ба охир расид ва тибқи қарордод, шаш моҳи дигар ҳуқуқи истифодаи саҳифаҳои ӯро доштанд.
"Аммо баъди гузаштани ин муҳлат, ҳамаи саҳифаҳои Абдурозиқро дар шабакаҳои иҷтимоӣ рахнагарон шикастанд ва аз 1-уми апрел бе розигии ӯ ба нафъи худ истифода мекунанд”, - афзуда буд амаки Абдурозиқ.
Муборакшо Эгамов зикр кард, ки Абдурозиқ ҳоло бо як ширкати дигар шартнома баста, ҳамкориро оғоз намудааст, аммо аз ошкор кардани номи ин ширкати нав худдорӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки Абдурозиқ Эгамов машҳуртарин блогери тоҷик мебошад. Саҳифаи ӯ дар шабакаи “Instagram”, ки ҳоло ба он дастрасӣ пайдо кард, қариб 8 миллион ҳамванд дорад. Ба саҳифаи ӯ дар “YouTube”, ки ҳоло ба гуфтааш дастрасӣ надорад, 1,5 миллион нафар обуна шудаанд.
Дар бораи Абдурозиқ ва нақшаҳои ӯ аз матлабе, ки “Азия-Плюс” чанде пеш, зимни сафари ин блогери шинохта ба Тоҷикистон таҳия кард, метавонед маълумоти бештар гиред.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста