Парвози ҳавопаймоӣ миёни шаҳрҳои Хуҷанди Тоҷикистон ва Қошғари Ҷумҳурии мардумии Чин дигарбора барқарор шудааст. 

Дар ин бора Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон иттилоъ дода, навиштааст, дар ин масир имрӯз, 1-уми июл аввалин парвоз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии “Chengdu Airlines”-и Чин анҷом ёфт.

Ба гуфтаи манбаъ, парвоз дар дар масири Хуҷанд-Қошғар-Хуҷанд ҳафтае як маротиба-рӯзи сешанбе сурат мегирад. Парвоз аз Қошғар ба Хуҷанд 2 соату 40 дақиқа давом мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикитон моҳи марти имсол гуфта буд, ки парвозҳо дар ин масир аз 15-уми апрели соли ҷорӣ тавассути ширкати ҳавопаймоии “Chengdu Airlines” ба роҳ монда мешаванд. Вале маълум нест, ки чаро парвозҳо беш аз ду моҳ ба таъхир афтодаанд.

1/2

Хатсайри ҳавоӣ дар масири Қошғар-Хуҷанд-Қошғар соли 2024 боз шуда буд. Вале баъдан парвоз боздошта шуд. Сабабаш маълум нест.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16-уми июн баъди чанд соли таваққуф, аввалин парвози ҳавопаймо тариқи хатсайри мустақими ҳавоии Душанбе - Пекин сурат гирифт. Хатсайри нав аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии "China Southern Airlines"-и Чин роҳандозӣ шуд.

Мувофиқи ҷадвал, парвозҳо ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои сешанбе ва шанбе иҷро карда мешаванд.

Аз Пекин ҳавопаймо соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ парвоз карда соати 21:00 ба Душанбе фуруд меояд. Бозпас аз Душанбе ҳавопаймо соати 22:30 дақиқа парвоз карда, соати 7:20 дақиқаи рӯзи дигар ба Пекин мерасад.

Вақти парвоз ҳудуди 7 соат ба як самт ва 6 соат ба самти бозгаштро ташкил медиҳад.

Аз оғози соли 2020 бинобар сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19 хатсайри ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин мутаваққиф шуд.

Муддати зиёд байни Тоҷикистону Чин парвозҳо танҳо бо хатсайри Душанбе - Урумчӣ сурат мегирифтанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.