Кортҳои бонкӣ имрӯз дар бисёр кишварҳо на танҳо барои калонсолон, балки барои кӯдакон низ дастрас аст. Ин пеш аз ҳама, ба кӯдакон ҷиҳати омӯхтани малакаҳои саводнокии молиявӣ ва усулҳои муосири пардохт ёрӣ мерасонад. Аз тарафи дигар, волидайн метавонанд дақиқ бидонанд, ки фарзандонашон чӣ қадар маблағ ва ба чӣ масраф мекунанд, ки ин бо пули нақд имкон надорад.
"Азия-Плюс" тасмим гирифт бифаҳмад, ки оё ин корт дар кишвари мо ҳам пайдо мешавад, зеро дар кишварҳои ҳамсоя аллакай роҳандозӣ шудааст.
Тавре ба "Азия-Плюс" аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар доданд, ҳоло дар кишвар талаботи кофӣ ба кортҳои бонкӣ барои кӯдакон нест. Бо вуҷуди ин, бонкҳои низомсоз самтҳои нав, аз ҷумла пешниҳоди ин навъи маҳсулотро мавриди омӯзиш қарор додаанд.
Муҳлати дақиқи роҳандозии ин хидматрасонӣ ҳоло маълум нест, зеро, ба гуфтаи масъулони бонк, барои ба роҳ мондани пешниҳоди чунин маҳсулот таҳияҳои иловагӣ, ҳамгироии техникии системаҳо ва такмил додани барномаҳои мобилӣ (монанди функсияи назорат аз ҷониби волидайн, маҳдудиятҳо) ва ғайра заруранд.
Дар сурати ба роҳ мондани кортҳои бонкӣ барои кӯдакон, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ, ҳатман маҳдудиятҳо аз ҷумла маҳдудиятҳо барои пур кардани корт (гузаронидани маблағ), анҷом додани пардохт, интиқоли маблағҳо, манъҳо ва инчунин имкони назорати мустақими волидайн ҷорӣ мегарданд,
Аз чандсолагӣ кӯдакон метавонанд соҳиби корти бонкӣ шаванд?
Айни ҳол тибқи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон, синни ҳадди ақалл барои дарёфти кортҳои пластикӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ 18 сол муайян шудааст. Дар сурати роҳандозии эҳтимолии кортҳои бонкӣ барои кӯдакон, маҳдудиятҳои синнусолӣ бозбинӣ шуда, дар қонунгузории кишвар зикр мешаванд.
Масъала вақт тақозо мекунад
Худи бонкҳои тиҷоратии дохилӣ низ аллакай ба фикри чунин маҳсулот афтодаанд. Ба гуфтаи мудир (менеҷер)-и маҳсулотии "Алиф Бонк" Хушнуд Ибодуллоев, ин навъи хизматрасонӣ ҳам аҳамияти иҷтимоӣ ва ҳам стратегӣ дорад. Вале барои роҳандозии кортҳои бонкӣ барои кӯдакон вақт лозим аст.
"Ин як қадами муҳим ба самтест, ки насли нав аз овони кӯдакӣ асосҳои саводи молиявиро омӯзад ва истифодаи бехатари абзорҳо (воситаҳо)-и рақамиро ёд бигирад. Аммо айни замон самти афзалиятноки мо рушд дар бахши калонсолон аст, ки ҳанӯз имкониятҳои бузург дорад: сатҳи паҳншавии кортҳои бонкӣ дар байни онҳо паст боқӣ мемонад — ҳамагӣ 25-30% бо шумули кортҳо барои дарёфти маош ва нафақа", — мегӯяд Ибодуллоев.

Дар бонк ҳамчунин таъкид карданд, ки дар сурати пайдо шудани ташаббусҳои расмӣ барои рушди маҳсулоти молиявии кӯдакона дар оянда, "Алиф" барои дастгирӣ аз онҳо ва "гузоштани саҳми худ ба рушди фарҳанги истеъмоли оқилона аз синни хурдсолӣ" омода аст.
Дар дигар бонкҳои Тоҷикистон низ ҳоло кортҳо барои кӯдакон роҳандозӣ нашудаанд.
Тавре ки роҳбари шуъбаи маркетинги "Бонки Эсхата" Фурқат Исматуллоев тавзеҳ дод, роҳандозии кортҳои бонкӣ барои кӯдакон раванди душвор, вале барои бонкҳои Тоҷикистон бисёр муҳим аст.
"Мушкилоти асосӣ дар таъмини амният ва ҳамоҳангсозии корти кӯдак бо ҳисоби бонкии волидон аст. Таҳияи платформаи худӣ кори заҳматталаб ва гаронарзиш мебошад, бинобар ин, роҳи оқилонатарин харидории воситаи ҳалли омода аз низомҳои байнулмилалии пардохт, ба монанди Visa ё Mastercard мемонад.
Пешбурди кортҳои кӯдакона тариқи воситаҳои маъмули бозорёбӣ самараи кам дорад. Стратегияҳои махсуси иртиботӣ ва маркетингӣ заруранд, ки ба ташаккули талабот ва ҷалби ҳам волидайн ва ҳам кӯдакон равона шудаанд. Бо вуҷуди ин, муҳим будани ин самт возеҳ аст: оянда аз ҷавонон аст. Саводи молиявӣ бояд аз овони кӯдакӣ ташаккул ёбад, то оянда муштариёни мо огоҳ ва омодашуда бошанд", — таъкид намуд ӯ.
Фоидаи асосии кортҳои бонкӣ барои кӯдакон дар чист?
Муҳимтарин аз ҳама омӯзиши саводи молиявӣ аст. Ба ин тариқ, кӯдакон назорати пулҳои худ, пасандоз ва истифодаи оқилонаи онҳоро меомӯзанд. Ғайр аз ин, агар корт гум шавад, метавон онро фавран масдуд (қатъ) ва бо ин роҳ маблағро эмин нигоҳ дошт. Барномаи мобилӣ ё бонкии онлайн имкон медиҳад, ки хароҷот назорат ва маҳдудиятҳо (лимитҳо) муқаррар карда шаванд.
Дар кадом кишварҳои минтақа чунин кортҳо ҳастанд?
Дар Қазоқистон 8 бонк кортҳо барои кӯдаконро пешниҳод мекунанд: "Freedom Банк", 2Halyk Bank", "Банк ЦентрКредит", "Forte Bank", "Kaspi", "Jusan", "Altyn Bank" ва "RBK". Дар баъзеи онҳо кортро метавон аз 5-солагӣ ва бисёре аз онҳоро - аз 6-солагӣ гирифтан мумкин аст. Қариб ҳар кадоме аз онҳо кэшбэк пешниҳод намуда, фоизи онҳо дар ҳама гуногун аст. Волидайн дар навбати худ, бо идоракунии маблаҳо аз корт тариқи замимаи бонк метавонанд хароҷоти кӯдакро маҳдуд созанд.

Дар Ӯзбекистон низ дар якчанд бонк, аз ҷумла "Anorbank", "Kapitalbank", "Garant bank" метавон корт барои кӯдакон дарёфт кард.

Дар бонкҳои "Бай-Тушум", "Mbank", "ДосКредоБанк"-и Қирғизистон барои кӯдакон кортҳои махсус медиҳанд.
Дар дигар бонкҳо корти одии дебетӣ ба номи яке аз волидон кушодан мумкин аст, лекин дар он ному насаби кӯдак зикр мешавад. Ба ному насаби худи кӯдак боз кардани корт тибқи қонуни кишвар аз 16-солагӣ мумкин аст.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста