Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар якҷоягӣ бо Раёсати идоракунии офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Туркия (AFAD) ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барои кормандони ин Кумита "Омӯзиши сатҳи баланди ҷустуҷӯй ва наҷотдиҳӣ дар табиат” баргузор намуд.
Омӯзиш бо иштироки 15 корманди ҷустуҷӯ ва наҷоти тоҷик, ки дар моҳи ноябри соли 2024 марҳилаи аввали ин омӯзишро бомуваффақият анҷом дода буданд, баргузор шуд.
Баргузор намудани чунин омӯзишҳои назариявӣ ва амалӣ дар чорчӯбаи “Барномаи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ” ба таҳкими иқтидори иштирокчиён, ки дар раванди вокуниш ба офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода нақши фаъол доранд, равона карда шудаанд.
Барои гузаронидани ин омӯзиш 5 нафар мураббӣ, кормандони AFAD аз Туркия ҷалб гардиданд. Дар рафти омӯзиши якҳафтаина, ки бо истифода аз таҷҳизоти махсуси аз ҷониби ТИКА ба КҲФ тақдимгардида гузаронида шуд, асосҳои марбут ба соҳаи ҷустуҷӯ ва наҷот, аз қабили усулҳои ҷустуҷӯ ва наҷот дар табиат, идоракунии ҷои ҳодиса, истифодаи ресмон ва тарзи гиреҳбандӣ ва усулҳои таҳлияи бехатар ба таври назариявӣ ва амалӣ мубодила карда шуданд.

Дар маросими тақдими шаҳодатномаҳо, ки пас аз анҷом расидани омӯзиш баргузор карда шуд, Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ибраҳим Этҳем Унал, ҳамоҳангсози барномаҳои ТИКА дар Тоҷикистон ва тренерони AFAD ширкат карданд.
Сафир Умут Аҷар дар суханронии худ дар ин маросим гуфт, "ин барнома, ки дар якҷоягӣ бо Агентии ТИКА ва AFAD ташкил шудааст, як қадами арзишманд дар таҳкими ҳамкориҳои Туркия ва Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ ва густариши табодули донишу таҷриба буд”.
Генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба он таваҷҷӯҳ зоҳир намуд, ки офатҳои табиӣ як мушкили умумии башарият мебошанд, ва аҳамияти ҳамкорӣ бо Туркияро дар ин самт таъкид намуда, аз ин ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ кард.
Интизор меравад, ки омӯзишҳо дар самти ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ТИКА ва AFAD дар давраи оянда низ идома хоҳанд ёфт. Агентии ТИКА бо идомаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти идоракунии офатҳои табиӣ ва кумакҳои башардӯстона саҳм гузоштан дар рушди тавонмандӣ дар минтақаро идома медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста