Русия аз аввали сол то имрӯз, 26 ҳазор патенти муҳоҷирони кориро, ки дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, барои огаҳ накардан дар бораи ҷойи корашон бекор кардааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии ин кишвар иттилоъ додааст.
Манбаъ навиштааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 маротиба бештар аст.
"Вазорати корҳои дохилии Русия барои лағви патенти коргарони хориҷӣ, ки дар бораи ҷои кори худ маълумот пешниҳод накардаанд, фаъолона кор мебарад. Ҳамин тариқ, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ беш аз 26 ҳазор патент барои иҷро накардани ин уҳдадорӣ бекор карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан ҳафт маротиба бештар аст", — омадааст дар гузориш.
Тибқи қонунгузории ин кишвар, нафароне, ки дар Русия иҷозатномаи меҳнатӣ мегиранд, муваззафанд, ки то ду моҳи баъдӣ шуъбаи минтақавии Вазорати корҳои дохилии Русияро дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфармо огоҳ кунанд.
Қаблан намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дода буд, ки 5 моҳи соли ҷорӣ 21,5 ҳазор патенти муҳоҷирон дар ин кишвар беэътибор дониста шудааст.
Намояндагии Вазорат он замон намунаи пешниҳод кардани маълумотнома дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ бо корфарморо замима карда, се роҳи пешниҳоди маълумот ба мақомоти марбутаро ишора карда буд:
- Тариқи почтаи давлатии “Почта Россия”;
- Тавассути портали ягонаи давлатии “Госуслугы”;
- Рафтан ба “Маркази хизматрасонии шиносномаву виза”-и Вазорати корҳои дохилии Русия дар минтақаи фаъолияти меҳнатӣ.
Тибқи қонунгузорӣ, агар ин талабот иҷро нагардад, иҷозатнома ба таври худкор бекор карда мешавад ва номи шаҳрванд ба феҳристи шахсони назоратшаванда ворид мешавад.
Бояд гуфт, давоми соли охир дар Русия барои маҳдуд кардани фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ як қатор қонунҳои нав ҷорӣ шуданд. Аз ҷумла, аз 30-юми июн шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия сафар кардан мехоҳанд, бояд на дертар аз 72 соат пеш аз вуруд ба ин кишвар дар бораи мақсади вуруд ва будубош маълумот пешниҳод кунанд.
Дар бораи тарзи сабти ном дар барномаи пойгоҳи “Госуслуги” ва барномаи “RuID” қадам ба қадам дар маводи Дархост барои вуруд ба Русия. Дар пойгоҳи “Госуслуги” ва замимаи мобилии “RuID” чӣ тавр сабти ном бояд кард? шинос шавед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста