Пайвандони як оила дар ноҳияи Хуросон даъво доранд, ки Қамариддин Раҳимов, як сокини ноҳия ба бемории сӯхтанӣ ё “сибирская язва” сироят ёфта, дар беморхона даргузаштааст. Мақомот сабти ин бемориро дар ноҳия тасдиқ карданд, вале гуфтанд, касе аз ин беморӣ нафавтидааст.
Сокинони деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон мегӯянд, бемории сӯхтанӣ байни чорвои онҳо паҳн шуда, то ҳол тақрибан 10 гове, ки баъди гирифтори аз ин беморӣ фавтиданд, сӯзонидаву гӯронида шудааст.
Як сокини деҳаи Сарбанд рӯзи 7-уми июл дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “дар деҳаи мо давоми 20 рӯзи охир чанд гов ба ин беморӣ гирифтор шуданд ва мардум ҳудуди 10 тани онро баъди фавтидан сӯзониданд. Ҳоло говҳо ба пода намераванд, сокинон аз тарси беморӣ дар оғилҳо пинҳон кардаанд”.
Ӯ, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, илова намуд, ки беморӣ аллакай ба одамон низ сироят ёфта, то ҳол чор нафар бо гумони гирифтори ба ин беморӣ дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Ба таъкиди ӯ, як нафари дигар баъди гирифторӣ ба ин беморӣ фавтидааст.
Ҷустуҷӯи “Азия-Плюс” маълум кард, ки нафари фавтида сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Хуросон Қамариддин Раҳимов аст. Ӯ 39 – сола ва соҳиби 4 фарзанд буд.
Сомон Раҳимов, додари марҳум дар суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфт, ки бародараш аз нишонаҳои монанд ба бемории сӯхтанӣ фавтидааст ва он баъди харидории гӯшти гов хуруҷ кард.
“Рӯзи 30-юми май Қамариддин вақти харидории гӯшт, ки худаш онро бурида гирифт, ангушташро захмӣ кард. Баъдтар, ангуштонаш варам кард. Тақрибан соати 5-и субҳи рӯзи 9-уми июн бо дарди шадид ба мо занг зад, ки маро ба бемористон баред ва бистарӣ кунед. Баъди бистарӣ кардан дар беморхона худи ҳамон рӯз, тақрибан соатҳои 13-13:30 даргузашт”, - нақл кард Сомон Раҳимов.
Ба қавли номбурда, бародараш чанд бор таъкид кардааст, ки “ҳамин гӯшти харидкардаам маро бемор кард”, зеро ӯ то ба имрӯз аз беморие шикоят надоштааст.
Фазлиддин Раҳимов, бародари дигари марҳум ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “таърихи беморӣ ва ташхиси гӯшт дар дасти додситон буда, 12-уми июл бояд хулоса дастрас карда шавад”.
“Дар таърихи бемории дигар нафароне, ки бо бародарам дар беморхона якҷо буданд, гирифторӣ ба ин бемориро тасдиқ кардаанд. Аммо аз сабабе, ки бародари ман ҳамон рӯзи бистарӣ шуданаш фавтидааст, мо натавонистем таърихи бемориро дастрас кунем”, - гуфт ӯ
Дар ҳамин ҳол, Баҳром Миров, роҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Хуросон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” даъвои наздикони Қамариддин Раҳимовро рад карда гуфт, ки ӯ “аз бемории сирози ҷигар фавтидааст, ки чандин сол боз аз он ранҷ мекашид”.
Вале дар бораи он ки чаро ба ташхиси марги марҳум додситонӣ машғул аст, ҷавоб надод.
“Корҳои озмоишӣ вобаста ба беморие, ки дар ноҳия хуруҷ кардааст, давом дорад. Маълумоти расмӣ дар даст надорем, ки бемории сӯхтанӣ будани онро тасдиқ кунад. Ҳамчунин, маълум нест, ки ин беморӣ дар байни ҳайвонот ё сокинон ба қайд гирифта шудааст”, -гуфт ӯ.

“Азия-Плюс” чанд маротиба кӯшиш намуд, ки оид ба иддаои сокинони ин ноҳия дар бораи хуруҷи бемории сироятии сӯхтанӣ шарҳи Раёсати тандурустии вилояти Хатлонро дастрас кунад, вале масъулини ин ниҳод ҳозир нашуданд ба суолҳои мо посух гӯянд.
Дар ҳамин ҳол, Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Раёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон рӯзи 7-уми июл, дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо “Азия-Плюс” сабти бемории сӯхтанӣ дар ноҳияи Хуросонро тасдиқ кард, вале гуфт, “айни ҳол ин масъала зери назорати мақомоти қудратии ноҳия буда, тафтишот идома дорад”.
“Баъди анҷом ёфтани тафтишот маълумоти дақиқ пешниҳод карда мешавад. Танҳо гуфта метавонам, ки ҳолатҳои бемории сухтанӣ дар Хуросон ба қайд гирифта шудааст”,- гуфт Ҷаъфаров.
Қаблан ин намояндаи Вазорати тандурустӣ аз 41 ҳолати гирифтории сокинон ба бемори сӯхтанӣ дар кишвар то 1-уми июли соли ҷорӣ хабар дода буд.
Бо ин вуҷуд, ӯ гуфта буд, ки тайи ду соли ахир дар кишвар ягон ҳолати марг аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Дар бораи ин беморӣ дар ин маводи “Азия-Плюс” метавонед маълумоти бештар пайдо кунед: “Дар Тоҷикистон зиёда аз 40 ҳолати бемории сӯхтанӣ сабт шудааст”.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста