Шурӯъ аз 10-уми июл ширкати ҳавопаймоии "Varesh Airlines" парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанбе дубора барқарор мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз намояндагии ин ширкат дар Душанбе хабар доданд.
Ба иттилоъи манбаъ, нахустин парвоз пас аз таваққуфи қариб якмоҳа дар ин масир рӯзи панҷшанбеи 10-уми июл аз ҷониби ширкати "Varesh Airlines" анҷом дода мешавад.
Ҳамчунин, манбаъ гуфт, аввалин парвоз дар масири Машҳад-Душанбе-Машҳад рӯзи 4-уми июл аз ҷониби ширкати мазкур сурат гирифтааст. Қаблан ин ширкат дар бораи шурӯи парвозҳо дар ин масир баъди даргириҳо ва баста будани фазои ҳавоии Эрон иттилоъ дода буд.
Ба иттилоъи намояндагии ширкати "Varesh Airlines", аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс дар як ҳафта чор парвоз ба нақша гирифта шуда, рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе ширкати "Varesh Airlines" ва рӯзҳои душанбе ва ҷумъа "Somon Air" парвозҳоро анҷом медиҳанд.
Дар масири Душанбе-Машҳад-Душанбе бошад, дар як ҳафта танҳо ду парвоз – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа аз ҷониби ширкати "Varesh Airlines" сурат мегирад.
Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии “Somon Air” низ парвозҳоро дар масири Теҳрон-Душанбе-Теҳрон аз сар гирад.
Ёдрас мешавем, дар пайи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон ва баста шудани фазои ҳавоии Ҷумҳурии Исломӣ, парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикии “Somon Air” ва эронии “Varesh Airlines” аз Душанбе ба Теҳрону Машҳад ва баръакс лағв шуда буданд.
Он замон ба шаҳрвандони Эрон, ки наметавонистанд ба ватан баргарданд, гуфта мешуд, ки раводиди Туркманистонро гиранд ва тавассути роҳи заминии ин кишвар вориди Эрон шаванд.
Ҳамчунин рӯзи 28-уми июн парвози чартерӣ бо 103 шаҳрванди Эрон ба Ашқобод ташкил шуд ва мусофирон тавассути роҳи заминӣ вориди Эрон шуданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам тавассути роҳҳои заминӣ аз тариқи Ашқобод ва Боку ба Тоҷикистон баргаштанд.





Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста