Ширкати ҳавопаймоии “Сомон-Эйр” ҳам эълон кард, ки парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Теҳрон-Душанберо аз сар мегирад. Ба гуфтаи ин ширкат, аввалин парвоз пас аз таваққуфи якмоҳа дар ин масир рӯзи душанбеи 14-уми июл анҷом мешавад.
Манбаъ гуфтааст, ки парвозҳо мунтазам ба роҳ монда шуда, ҳавопаймоҳои ширкат ҳафтае ду маротиба – рӯзҳои душанбе ва ҷумъа аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс парвоз мекунанд.
Парвоз аз фурудгоҳи Душанбе дар рӯзҳои душанбе соати 09:10 ва аз Теҳрон соати 11:00 бо вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Рӯзҳои ҷумъа бошад, ҳавопаймо аз Душанбе ба Теҳрон соати 11:00 парвоз карда, соати 13:50 аз он тараф бармегардад.
Ширкати “Сомон-Эйр” гуфтааст, ки билетҳо аллакай дар сомонаи онҳо www.somonair.com ва нуқтаҳои фурӯши билет дастрас мебошанд.
Пеш аз ин ширкати ҳавопаймоии "Вориш Аэйрлийнс"-и Эрон хабар дода буд, ки парвозҳои мустақим дар масири Душанбе-Теҳрон-Душанберо аз 10-уми июл дубора барқарор мекунад. Ин ширкат рӯзи 4-уми июл парвоз дар хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳадро ҳам аз сар гирифта буд.
Ҳамакнун, дар як аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс чор парвоз анҷом дода шуда, рӯзҳои панҷшанбе ва якшанбе ширкати эронии "Вориш Аэйрлийнс" ва рӯзҳои душанбе ва ҷумъа "Сомон Эйр" парвозҳоро анҷом медиҳанд.
Дар масири Душанбе-Машҳад-Душанбе бошад, дар як ҳафта танҳо ду парвоз – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа аз ҷониби ширкати "Вориш Аэйрлийнс" сурат мегирад.
Ёдрас мешавем, дар пайи даргирӣ миёни Исроил ва Эрон ва баста шудани фазои ҳавоии Ҷумҳурии Исломӣ, парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоии тоҷикии “Somon Air” ва эронии “Varesh Airlines” аз Душанбе ба Теҳрону Машҳад ва баръакс лағв шуда буданд.
Он замон ба шаҳрвандони Эрон, ки наметавонистанд ба ватан баргарданд, гуфта мешуд, ки раводиди Туркманистонро гиранд ва тавассути роҳи заминии ин кишвар вориди Эрон шаванд.
Ҳамчунин рӯзи 28-уми июн парвози чартерӣ бо 103 шаҳрванди Эрон ба Ашқобод ташкил шуд ва мусофирон тавассути роҳи заминӣ вориди Эрон шуданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам тавассути роҳҳои заминӣ аз тариқи Ашқобод ва Боку ба Тоҷикистон баргаштанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста