Ёдгориҳои мероси фарҳангии "Хуттали Қадим" ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ворид гардидаанд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, ки қарори дахлдор имрӯз, 12-уми июл дар иҷлоси 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Пориси Фаронса қабул шуд.
Ба гуфтаи манбаъ, номинаи мазкур 11 ёдгории бостоншиносӣ ва меъмории воқеъ дар ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Вахш ва Ховалинги вилояти Хатлонро дар бар мегирад.
11 ёдгории "Хуттали Қадим", ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуданд, ба таври зайланд:
- Дайри Буддоии Аҷинатеппа дар ноҳияи Вахш;
- Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ;
- Шаҳристони Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ;
- Шаҳраки Манзаратепа дар ноҳияи Восеъ;
- Қалъаи Золи Зард дар ноҳияи Данғара;
- Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин дар ноҳияи Данғара;
- Шаҳраки Ҳалевард (Кофирқалъа) дар ноҳияи ба номи Ҷ. Балхӣ;
- Шаҳристони Золи Зар дар ноҳияи Фархор;
- Корвонсаройи Тоҳир дар ноҳияи Фархор;
- Шаҳртеппа дар ноҳияи ноҳияи Фархор;
- Дайри Буддоии Хишттеппа дар ноҳияи Ховалинг.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон соли 2024 ёдгории таърихӣ-фарҳангии "Хутали ҚадимҚ-ро ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод карда буд.
Бояд гуфт, ёдгориҳои мероси фарҳангии "Хуттали Қадим" 5-умин мавзеи Тоҷикистон аст, ки ҳамчун мероси ҷаҳонӣ эътироф мешавад.
ВКХ Тоҷикистон менависад, ки "тибқи гузориши ЮНЕСКО, ин ёдгориҳо фарҳанги гуногунҷанбаи Хуттали Қадим, як давлати мустақили асримиёнагиро нишон медиҳанд, ки аз асрҳои VII то XVI-и мелодӣ дар қаламрави вилояти Хатлон шукуфоӣ доштаанд. Ин давлат хамчун маркази фаъоли истеҳсолии Роҳи бузурги Абрешим ба мубодилаи арзишҳои фархангии минтақавӣ низ таъсири калон расонидааст".
Ҳамасола чанде аз ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ, расму маросим ва иду ҷашнҳои таърихии Тоҷикистон ҳамчун мероси ҷаҳонии ЮНСЕКО шинохта мешавад.
Мақсади асосии ворид намудан ба ин рӯйхат, ҳифзи расму оини суннатӣ, дониш, малака ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда гуфта мешавад.
Аз ҷумла, соли гузашта дар иҷлосияи 19-уми Кумитаи байниҳукуматии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО номинаи муштараки Тоҷикистону Эрон ҷашни “Меҳргон” ва номинаи дигари якҷояи Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Ӯзбекистон “Санъати сохту навохтани рубоб” ба Феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳон ворид карда шуд.
Аз ин пештар, дар иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматии Созмони мероси ғайримоддӣ се номзад аз Тоҷикистон - Ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми охири худ гуфт, ки соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд.





Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста