Барои сохтмони 7 эстакада ё роҳи ду ва ё сесатҳа дар Душанбе 58 млн доллар маблағҳои грантӣ ҷалб мешавад, хабар дод Бахтиёр Шарифӣ, муовини якуми раиси шаҳри Душанбе дар нишатси матбуотии имрӯза, 25-уми июл.
Ӯ мушаххас нагуфт, ки корҳои сохтмонӣ кай оғоз мешавад, вале илова кард, ки "бо дарназардошти ҷалб гардидани 58 миллион доллар маблағҳои грантӣ" корҳои сохтмонӣ оғоз мешаванд. Ҳамин тариқ, аниқ нест, ки сохтмони ин эстакадаҳо кай оғоз гардида, то кай сохта мешаванд.
“Корҳои сохтмониро бо ҷалби мутахассисони варзидаи ҳам ҷумҳурӣ ва ҳам хориҷӣ оғоз менамоем”, - таъкид кард ӯ.
Ба иттилои Бахтиёр Шарифӣ, эстакадаҳо дар мавзеъҳои зерин бунёд мешаванд:
- буриши кӯчаи Шерализода ва хиёбони Ҳофизи Шерозӣ;
- буриши хиёбонҳои Ҳофизи Шерозӣ ва Саъдии Шерозӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров;
- буриши кӯчаи Назаршоев ва Айнӣ бо Хиёбони Саъдии Шерозӣ;
- буриши Хиёбони Саъдии Шерозӣ бо кӯчаи Неъмат Қаробоев;
- буриши кӯчаҳои Қаҳҳоров бо Абай;
- буриши кӯчаи Қаҳҳоров бо Хиёбони Абдураҳмони Ҷомӣ;
- буриши кӯчаи Қаҳҳоров бо кӯчаи Ҷанубӣ.
Ёдрас мешавем, ки дар нишасти қаблӣ шаҳрдорӣ аз оғози бунёди ду эстакада дар соли 2025 иттилоъ дода буд.
Гуфта мешуд, ки яке дар маҳаллаи Сирки давлатӣ, дигар дар минтақаи маъруф ба “Мясокомбинат” ва севвумӣ дар маҳалли махруф ба “Танк” оғоз мешавад. Аммо Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе таъкид карда буд, ки пеш аз оғози сохтмон бояд чанд мушкили асосӣ, аз ҷумла тамбашавии нақлиёт бояд ҳалли худро ёбад.
Ӯ бунёди роҳҳои алтернативиро пеш аз шурӯи сохтмони эстакадаҳо муҳим арзёбӣ кард.
Он замон гутфа мешуд, ки корҳои омодагӣ ба итмом расидааст ва сохтмон баъд аз 3-4 моҳ шуруъ мешавад. Аммо то ҳол бунёди эстакадаҳо оғоз нагардидааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста