Ширкати “Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон” ба муносибати 10-солагии фаъолияти муваффақ дар бозори Тоҷикистон, таъми нави “Fanta Анор”-нӯшокии тароватбахш бо таъми ғании анорро муаррифӣ мекунад.

Анор ҳамчун рамзи нерӯи ҳаёт, қувват ва меҳмоннавозии шарқӣ, илҳомбахши ин навоварӣ гардид. Туршии сабук ва таъми мевагии ғанӣ “Fanta Анор”-ро ба интихоби беҳтарин барои рӯзҳои гарм табдил медиҳад.

Ин маҳсулот аллакай дар бастабандиҳои 500 мл ва 1 литр дар фурӯшгоҳҳои бузург ва мағозаҳои чаканаи саросари кишвар дастрас аст.

Афзалиятҳои асосӣ:

- Таъми нав - ғанӣ, мевагӣ ва бо туршии тароватбахш

- Мавсими тобистон - мувофиқ барои ҳавои гарм

- Аҳамият- Мутобиқ ба завқи насли муосир

"Fanta" як бренди ширкати "The Coca-Cola Company" мебошад, ки дар саросари ҷаҳон бо таъмҳои мевагии худ машҳур аст. Дар Тоҷикистон, “Fanta” махсусан миёни ҷавонон маъмул аст, зеро он бо ҳувияти равшан, пурэнерҷӣ ва мусбаташ фарқ мекунад.

Маълумот:

"Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон" (Coca-Cola İçecek Tajikistan) - як ширкати байналмилалии истеҳсоли нӯшокиҳо мебошад, ки аз соли 2015 дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.

CCİT нӯшокиҳои газдор ва бегазро, ки ба ширкати “The Coca-Cola Company” тааллуқ доранд, истеҳсол, паҳн ва мефурӯшад.

Ширкат зиёда аз 150 корманди мустақим ва 500 корманди ғайримустақим дорад. Ин корхонаи истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст ва доираи васеи маҳсулот, аз ҷумла Coca-Cola Classic, Coca-Cola Zero, Fanta, Fanta Apple, Fuse Tea Lemon, Fuse Tea Peach, Bon Aqua (бегаз ва газдор)-ро пешниҳод мекунад.

Маълумот барои тамос:
📍 ш. Душанбе, кӯч. А. Ҷомӣ 2/1
📞 Тел: (+992) 44 600 44 84
🌐 Веб: www.cci.com.tr | cocacola.tj

Хабарҳоро пайгирӣ намоед ва таассуроти худро аз таъми нав бо ҳештеги #FantaАнор мубодила кунед!