Имрӯз дар мактабҳои Тоҷикистон 3 ҳазору 848 омӯзгор намерасад. Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ 13 ҳазор донишҷӯ риштаи омӯзгориро хатм кардаанд. Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми кишвар имрӯз, 28-уми июл зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин ӯ гуфт, аз ин миқдор 2 ҳазору 700 нафар буҷавӣ ва 700 нафар тибқи квота таҳсил кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин соли ҷорӣ беш аз 3 ҳазор донишҷӯйи риштаи омӯзгорӣ коллеҷҳои Тоҷикистонро хатм кардаанд.
“Онҳо дар асоси дархости шуъбаҳои вазорати маорифи шаҳру ноҳияҳо ба мактабҳо равона мешаванд”, - гуфт Саидзода Раҳим.
Вазири маориф ва илм гуфт, барои ҳалли мушкили норасоии кадрӣ нақшаҳо дорад ва ҳар мушкилеро, ки дар ин самт ба вазорат вобаста аст, бартараф мекунад. Аммо мушаххас нагуфт, ки кадом нақшаҳоро дар даст дорад.

Ҳамчунин ба иттилои вазорат, 81 хатмкардаи риштаи омӯзгорӣ соли 2024 бесабаб ба ҷойи корӣ ҳозир нашудаанд. Аз ҷумла, аз 3168 нафаре, ки дар тақсимот ба мактабҳои шаҳру навоҳӣ роҳхат гирифта будаанд, 2251 нафар ба ҷойи кор ҳозир шуда, 734 нафари дигар бо сабабҳои идомаи таҳсил ва ё хизмат дар сафи Артиши миллӣ ба ҷойи кор ҳозир нашудаанд.
Ба иттилои вазири маориф, имрӯз дар мактабҳои кишвар 130 ҳазору 732 омӯзгор кор мекунанд, ки аз ин миқдор 86 ҳазору 250 нафарашон занон будаанд.
Инчунин гуфта шуд, дар соли таҳсили 2024-2025 дар кишвар 4 ҳазору 37 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 2 миллиону 357 ҳазору 56 хонанда фаъолият дорад, аз ҷумла, 3 ҳазору 386 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 364 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва 287 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ. Ҳамчунин имрӯз 83 гимназия ва 87 литсей дар ҷумҳурӣ фаъолият дорад.
Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ моҳи майи соли ҷорӣ дар суханронии худ дар ноҳияи Данғара гуфта буд, дар Тоҷикистон 3 ҳазору 848 омӯзгор намерасад.
Ин дар ҳолест, ки дар нишасти қаблӣ вазорати маориф ва илм гуфта буд, ки дар мактабҳои Тоҷикистон ҳоло 281 омӯзгор намерасад ва соҳаи маорифи кишвар ба 4 ҳазору 301 муаллим эҳтиёҷ дорад.
Вазир гуфта буд, норасоии омӯзгорон бештар дар мактабҳои шаҳру навоҳии тобеи марказ ба назар мерасад.
Ба иттилои ӯ, дар шаҳри Душанбе ва ВМКБ норасоии кадрӣ умуман ба назар намерасад. Вале дар вилояти Хатлон 95, дар вилояти Суғд 2 ва дар шаҳру навоҳии тобеи марказ 184 омӯзгор намерасад.
Аммо дар нишасти матбуотии имрӯза зикр нашуд, ки дар кадом минтақа чӣ қадар омӯзгор намерасад.
Бояд гуфт, мушкили норасоии омӯзгорон дар Тоҷикистон солҳо боз доғ боқӣ мемонад. Борҳо мақомот гуфта буданд, ки ин мушкил солҳои наздик бартараф мешавад, аммо то имрӯз дар аксар манотиқи кишвар ин масъала ҳалталаб аст.





Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста