Дар Тоҷикистон давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 33 ҳазору 802 нафар расман бекор ба қайд гирифта шудаанд. Ҳарчанд теъдоди корҷӯён 62 ҳазору 399 нафар сабт шудааст. Дар ин бора Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Бояд зикр кард, ки ин теъдоди бекороне аст, ки худро дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ба қайд гузоштаанд ва теъдоди воқеии бекорон дар кишвар метавонад зиёд бошад.
Ӯ гуфт, теъдоди аҳолие, ки дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт машғули коранд, 2 миллиону 748 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад.
Қаблан Оҷонсии омор теъдоди бекоронро то охири соли 2024-ум 51 ҳазору 400 нафар гуфта буд, ки 1,9 дарсади қувваи кории кишварро ташкил медод. Ин теъдод 6,3 дарсад зиёдтар нисбат ба моҳи декабри соли 2023 буд.
Таъсиси наздик ба 43 ҳазор ҷойи корӣ
Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфт, давоми се моҳи соли 2025 дар кишвар аз ҷониби шахсону ҳуқуқӣ ва воқеӣ 42 ҳазору 812 ҷойи нави корӣ, иловагӣ ва барқароршуда таъсис дода шудааст. Аз ҷумла:
- 18 ҳазору 798 ҷойи кори доимӣ (44 %);
- 11 ҳазору 177 ҷойи кори муваққатӣ (26,1%);
- 12 ҳазору 18 ҷойи кори мавсимӣ (28,1%).
Ҳамчунин дар ин давра 92 ҷойи кори иловагӣ таъсис ва 727 ҷойи корӣ барқарор шудааст.
Ба қавли вазир, 23 ҳазору 766 ҷойи корӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт ва 19 ҳазору 46 ҷойи корӣ дар бахши хидматрасонии иқтисодиёт аст.

Ӯ қайд кард, ки бештари ҷойҳои корӣ, дар соҳаҳои кишоварзӣ, шикор ва ҷангал буда, 10 ҳазору 685 ҷойро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи Холмаҳмадзода, ҳамчунин:
- 9 ҳазору 418 ҷойи кор дар сохтмон;
- 6 ҳазору 603 ҷой дар бахши савдои яклухт, чакана ва таъмир;
- 3 ҳазору 15 ҷой дар саноати коркард;
- 2 ҳазору 726 ҷой дар соҳаи маориф;
- 1 ҳазору 969 дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии анбор;
- 937 ҷой дар фаъолияти касбӣ, илмӣ ва техникӣ;
- 540 ҷой дар саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок;
- 524 ҷой дар бахши молия ва суғурта;
- 502 ҷой дар соҳаи тандурустӣ ва хадамоти иҷтимоӣ
- 484 ҷой дар меҳмонхона ва тарабхонаҳо;
- 440 ҷой дар идоракунии давлатӣ, мудофиа, таъмини амният ва суғуртаи иҷтимоӣ;
- 416 ҷой дар бахши иттилоот ва алоқа;
- 412 ҷой дар соҳаи санъат, ташкили чорабиниҳои дилхушкунанда ва истироҳат;
- 410 ҷой дар бахши амалиёт бо амволи ғайриманқул;
- 187 ҷой дар фаъолияти идоракунӣ ва ёрирасон;
- 80 ҷой дар таъмини об, тозакунӣ, коркарди партовҳо;
- 56 ҷой дар ташкилот ва намояндагиҳои хориҷӣ;
- 28 ҷой дар таъмини нерӯи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво;
- 3 ҳазору 380 ҷой дар дигар намуди хизматрасониҳо таъсис дода шудааст.
Бо таъсиси ҳазорҳо ҷойи корӣ дар кишвар бекорӣ ҳанӯз дар Тоҷикистон масъалаи доғ боқӣ мемонад ва теъдоде аз шаҳрвандон аз сабаби маоши паст рӯ ба муҳоҷират овардаанд.
Бояд гуфт, мақомот аз эълони теъдоди дақиқи муҳоҷирони тоҷик худдорӣ мекунад. Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати меҳнат теъдоди муҳоҷирони тоҷикро дар Русия 600 ҳазор гуфта буд. Аммо дар оморе, ки Русия эълон кард, теъдоди онҳо беш аз 1 миллион қайд шудааст.




Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Кулли ахбор