Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе сохтмони 10 таваққуфгоҳи иловагӣ (ҷои ист) барои ҳавопаймоҳои калонҳаҷм ва хати зимомӣ (рулежний)-и нав бо дарозии 1,5 км ва паҳноии 60 метр оғоз шудааст.
Дар ин бора аз маркази матбуотии Фурудгоҳи байналмилалӣ ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ҳамчунин 250 ҳазор метри мураббаъ хатҳои зимомӣ ва перонии фурудгоҳ пурра таъмир ва мумфарш мешавад.
“Хати зимомии нав барои таъмини бехатарии парвозҳо зимни фуруд ва парвоз бо дарозии 1,5 км ва паҳноии 60 метр сохта мешаванд”, - гуфтанд аз ин ниҳод.
Манбаъ зикр кард, ин тасмим дар пайи эълони сиёсати “Осмони кушод” дар бахши ҳавонавардии кишвар рӯи даст гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар мудди 2-3 моҳ пурра ба анҷом мерасад.
Моҳи июни соли равон ҳукумати Тоҷикистон сиёсати “Осмони кушод” ҷорӣ кард, ки тибқи он аз ин ба баъд низоми паритет ё баробарӣ дар парвозҳо, ки қаблан шумораи парвозҳои ширкатҳои хориҷиро бо ширкатҳои дохилӣ баробар ва маҳдуд мекард, бекор карда мешавад.
Маълум нест, ки барои сохтмону таъмири таваққуфгоҳи иловагӣ ва хатҳои зимомӣ ва перонии фурудгоҳ чӣ қадар маблағ сарф мешавад.
Сохтмони терминали нав ва минтақаи махсус барои гуселу пешвози мусофирон
Ёдовар мешавем, ки ҳамчунин, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳоло сохтмони терминали нав идома дорад.
Зайнулло Шарифзода, раиси ин фурудгоҳ дар нишасти матбуотии чанд рӯз пеш гуфт, барои таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳа, мутахассисон аз Туркия даъват шудаанд ва он бояд дар давоми як то ду соли оянда ба истифода дода шавад.
Ғайр аз ин, дар фурудгоҳи пойтахт минтақаҳои махсус барои гуселу пешвози мусофирон сохта мешаванд. Корҳои сохтмонӣ дар ин минтақаҳо ба наздикӣ анҷом меёбанд ва онҳо мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Ҳамчунин моҳи майи солӣ ҷорӣ ворид шудан ба минтақаи гуселу пешвози парвозкунандаҳо дар Фурудгоҳи Душанбе барои шахсоне, ки ба истиқбол ё видоъи мусофирон мераванд, манъ шуд.
Масъулони фурудгоҳ ин мамнуъиятро ба риояи қоидаҳои байналмилалии амнияти парвозҳо, нигоҳ доштани тартиби ҷамъиятӣ, иҷрои меъёрҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва тоза нигоҳ доштани фурудгоҳ рабт доданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста