Дар хатсайрҳои дохилишаҳрии Бохтар ҷои автобусҳои мусофиркашии муқаррарири ҳозираро автобусҳои хурди барқӣ ё электроавтобусҳо мегиранд. Автобусҳои ҳозира дар оянда ба хатсайрҳои берун аз шаҳр сафарбар мешаванд.
Дар ин бора Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ӯ гуфт, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳукумати кишвар ба раиси вилояти Хатлон пешниҳод кардаанд, ки барои хатсайрҳои дохилии Бохтар автобусҳои хурди барқӣ дастрас кунанд.
“Пешниҳоди мо дастгирӣ ёфт ва созишномаи харидорӣ ва дастрас кардани автобусҳои хурди барқӣ (миниавтобусҳои электрикӣ) дар арафаи ба имзо расидан аст”, - зикр кард Абдулмаҷид Муминзод.
Номбурда нагуфт, ки ин созишнома кай ба имзо расида, чӣ вақт ба Бохтар автобусҳои хурди барқӣ ворид мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, Тоҷиддин Сафарзода, директори КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар назар аст 47 автобуси хурди барқӣ ба Бохтар ворид гардад.
Абдулмаҷид Муминзод гуфт, ки ворид кардани ин навъи нақлиёт дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон”, ки аз тарафи Бонки рушди аврупо ва таҷдид амалӣ карда мешавад, сурат мегирад. Ба гуфтаи раис, арзиши татбиқи ин марҳила 10 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Бояд гуфт, ки дар марҳалаи якуми ин лоиҳа, бинои КВД “Бохтарнақлиётхизматрасон” сохта шуда, ҳамчунин, 41 автобус харидорӣ шуд. Арзиши марҳалаи аввали лоиҳа 9,2 млн доллари амрикоиро ташкил медод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста