Шаҳрдории Душанбе аз ширкати "Акиа Авесто” 30 автобуси барқӣ ё электробуси нав харидааст. Дар ин бора “Душанбенақлиётхадамотрасон” хабар медиҳад.
Ба гуфтаи ин ниҳод, шартномаи хариди ин нақлиёт миёни шаҳрдории Душанбе ва ширкати "Акиа Авесто автоматив индастрӣ" рӯзи 13-уми август имзо шудааст.
Манбаъ гуфтааст, ки автобусҳои барқӣ дорои 32 ҷойи нишаст буда, дар умум имкони гунҷоиши 100 мусофирро доранд.
“Ҳаҷми умумии батареяҳои электробус 350 кВт-соатро ташкил дода, иқтидори ҳаракати автономиаш то 300 км роҳро дар бар мегирад”, - гуфта мешавад дар хабари расмӣ.
Манбаъ менависад, ки электробусҳо бо таҷҳизоти гармидиҳӣ ва хунуккунанда, 6 камераи назоратӣ ва 2 экрани намоишдиҳанда муҷаҳҳаз мебошанд.
Маълум нест, ки ин автобусҳо кай ва дар кадом хатсайрҳо истифода хоҳанд шуд.
Бояд гуфт, ки ба ҳолати 1-уми сентябри соли 2024 дар роҳҳои пойтахт 375 автобус ва 75 троллейбус фаъолият мекард. Ҳамчунин, беш аз 1000 микроавтобус ва ҳудуди 12 ҳазор такси ба аҳолӣ хидмат мерасонанд. Омори нав ҳоло дастрас нест.
Бо ин вуҷуд, сокинони Душанбе аз норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ дар баъзе хатсайрҳо нигаронӣ мекунанд. Бо оғози соли нави хониш ва фасли сармо вазъ метавонад боз ҳам мушкилтар шавад.
Гуфта мешавад, ки шаҳрдории Душанбе нақша дорад то соли 2028 пурра ба нақлиёти мусофиркаши барқӣ гузарад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста