Тақдими китоби “Шоҳнома”, ҳамосаи безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ аз шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон (ВМКБ) оғоз шуда, ҳоло тақсими он дар навоҳии минтақаи Рашт идома дорад. Ба ҳар оила як ҷуфт китоб, ки ду ҷилди 1200-саҳифаиро дарбар мегирад, тақдим мешавад.
Ба иттилои Манучеҳр Шарифзода, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки масъули тақсими китоб дар минтақаи Рашт аст, аллакай дар навоҳии Лахшу Тоҷикобод китоб тақсим шуда, ҳоло тақсимот дар ноҳияи Рашт идома дорад. Интизор меравад, ки баъдан дар навоҳии Нуробод, Сангвор, Роғун ва Файзобод китоби “Шоҳнома” ба мардум тақдим гардад.
Ӯ гуфт, “дар водии Рашт беш аз 20 ҳазор ҷуфт китоб ба аҳолӣ тақдим мегардад”.
Маълум нест, ки теъдоди китоби то имрӯз нашршуда дар умум чӣ қадар аст. Ба эҳтимоли қавӣ, тақдими китоб ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон бо навбат идома меёбад.
Қаблан, аз Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, бо нашри теъдоди кофии “Шоҳнома” дастури алоҳида ба тавсиб мерасад ва он “то соли 2026 ба аҳолии Тоҷикистон тақдим мегардад”.

Китоби “Шоҳнома” аз ҳисоби Фонди захиравии президенти Тоҷикистон нашр мешавад. Онро нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи президент ба табъ мерасонад.
Дар пешгуфтори китоб ишора шудааст, ки ин китоб туҳфа аз номи Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст.
Туҳфаи Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони кишвар
Бояд гуфт, дастур дар бораи нашр ва тақдими ройгони китоби “Шоҳнома” ба аҳолии кишвар моҳи декабри соли 2023 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ироа гардида буд.
Моҳи июни соли ҷорӣ аз Вазорати фарҳанг гуфта буданд, таҳияи китоб пурра ба анҷом расида, он дар ду ҷилд дар марҳилаи нашр аст.
Гуфта мешуд, ки ба далели ҳаҷман бузург будани асар ва зиёд будани теъдоди нашр, чопи он вақти зиёд талаб мекунад ва бо нашри теъдоди муайян тақсими он шурӯъ мешавад.
Қаблан, Шамсиддин Муҳаммадиев, муовини директори Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳо гуфта буд, барои чопу тавзеҳи китоб дар академия гурӯҳи махсуси корӣ дар ҳайати мутахассисону олимони шоҳномапажӯҳ таъсис ёфт ва ин гурӯҳ “дар муҳлати пешниҳодшуда... ду ҷилди бузурги 1200-саҳифаиро ба нашриёт барои нашр супорид”.
Гуфта мешавад, ки матни асар мувофиқи имлои нави забони тоҷикӣ таҳия гардидааст.
Қаблан, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар 7-уми марти соли ҷорӣ зимни вохӯрии худ бо бонувон аввалин нусхаҳои нашри пурраи “Шоҳнома”-ро ба онҳо тақдим карда буд.
Бояд гуфт, ки асари безаволи “Шоҳнома”-ро шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар муддати беш 30 сол навиштааст. Ин асар бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон дониста мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров низ бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи халқи тоҷик аз ҳисоби Фонди захираи Президенти Тоҷикистон чоп гардида, ба ҳар оила дастрас гардида буд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста