Вазорати маориф ва илми кишвар дар робита ба нигаронии шаҳрвандону расонаҳо пиромуни фурӯши иҷбории либосҳои мактабӣ ва паст будани сифати онҳо вокуниш кард.

Ин ниҳод бо нашри баёнияе гуфтааст, дар раванди дӯхт, таъмин ва фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти хониш иштирок надорад.

Ба гуфтаи вазорат, масъули ташкили ярмаркаҳои фурӯши либос ва дигар лавозимоти мактабӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар буда, сифати онҳо аз ҷониби “Тоҷикстандарт” санҷида мешавад.

“Ярмаркаҳо берун аз муассисаҳои таълимӣ, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳот бояд баргузор шаванд, ки ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии хонандагон ба лавозимоти хониш мебошад”, - омадааст дар баёния.

Ин ниҳод ҳамчунин дар робита ба либоси ягонаи мактабӣ гуфтаст, ки барои хонандагону омӯзгорон дастурамали либосҳои тавсиявӣ ирсол кардааст, ки танҳо хусусияти тавсиявӣ дорад.

Акси марбут
Акс аз Asia-Plus

Дар вокуниш омадааст, ки ҳар як шахс ҳуқуқ дорад бо хоҳишу имконияти худ ва бе дахолати шахсони дигар мол ё хизматрасонии дилхоҳро интихоб намояд. Мақомот ҳамчун заминаи ҳуқуқӣ моддаи 3-и Қонун “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”-ро истинод овардааст.

Вазорат аз шаҳрвандон хостааст, дар сурати пайдо шудани шикоятҳо вобаста ба фурӯши иҷбории либоси мактаби ва сифати он ба масъулини Вазорати саноат ва технологияҳои нав, “Тоҷикстандарт” ва ҳукуматҳои шаҳру ноҳияҳо муроҷиат кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола сокинони кишвар аз нархи гарон ва сифати пасти либосҳое, ки дар ярмаркаҳо фурӯхта мешавад, шикоят мекунанд. Сонинон иддао доранд, масъулини мактабҳо аз онҳо талаб мекунанд, ки либосҳои мактабии фарзандонашонро танҳо аз нуқтаҳои махсус харидорӣ кунанд ва расид (чек)-ро ба маъмурияти мактаб нишон диҳанд.

Бояд гуфт, Вазорати маориф ва илм қариб ҳамасола чунин изҳорот пахш мекунад, вале он ё ба гӯши масъулин норасида мемонад ва ё вокунишҳои вазорат танҳо замоне нашр мешавад, ки аллакай замони харидории либосу лавозимоти мактабӣ гузаштааст ва шаҳрвандон имкони баргардонидани онро надоранд.

Соле пеш низ, вазорат охирҳои моҳи сентябр, баъди гузаштани як моҳи хониш чунин изҳорот нашр карда буд.

Имсол дар ярмаркаҳшои Душанбе нарху сифати либосу лавозимоти мактабӣ чӣ гуна аст, дар ин мавод хонед: "Сол аз сол душвор мешавад". Нархи либосу лавозимоти мактабӣ чанд аст?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.