Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт, “дар Душанбе дар ҳоли ҳозир гаронтарин сӯзишворӣ дар ҷаҳон фурӯхта мешавад”.

Ӯ мисол овард, ки ширкати ҳавопаймоии "Туркиш-Эйрлайнз" барои ҳар тонна сӯзишворӣ дар Душанбе 1780 доллар пардохт мекунад. Дар ҳоле ки ширкати "Сомон-Эйр" барои ҳамин миқдори сӯхт дар Истанбул танҳо 930 доллар мепардозад. 

Ин дипломат афзуд, барои арзон шудани нархи билети ҳавопаймо ба Душанбе қимати сӯзишвории он бояд поин оварда шавад. 

“Агар нархи сӯзишвории ҳавонавардӣ (авиатсионӣ) поин равад, нархи билетҳои ҳавопаймо низ поин хоҳад рафт”, - гуфтааст ӯ.

Сафири Туркия дар саҳифаи фейсбукаш навишт, ки ширкати ҳавопаймоии "Туркиш-Эйрлайнз" аз моҳи августи соли ҷорӣ парвозҳо миёни Истанбул ва Душанберо ба 5 адад дар як ҳафта расонд.

Ӯ бе он ки омори дақиқе пешниҳод кунад, гуфтааст, мақомоти Тоҷикистон “нархи хидматрасонии мухталиф”-ро дар фурудгоҳи Душанбе поин бурданд, ки ин қимати билетро “каме арзонтар кардаааст”. Аммо, ба қавли сафир, боз ҳам арзонтар кардани қимати билет “коҳиши нархи сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Душанберо тақозо мекунад”.

Мақомоти Тоҷикистон ба ин гуфтаҳои сафири Туркия дар Душанбе вокунише нишон надодаанд.

Сӯхти ҳавонавардиро дар Тоҷикистон ҳоло танҳо як ширкат - ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” таъмин мекунад, ки ба воридот ва фурӯши ин навъи сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои кишвар машғул аст. Ин ширкат қаблан як сабаби гаронии сӯзишвории ҳавопаймо дар Тоҷикистонро ба воридотӣ будани он рабт дода буд.

Ин аст, ки мақомот дар посух ба шикояти мусофирон дар робита ба гаронии нархи билет ҳам мегӯянд, "қимати маводи сӯхти ҳавопаймо" баланд аст. 

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш, Ҳабибулло Назарзода, раиси Оҷонсии ҳавонавардии кишвар ваъда дода буд, ки нархи билети ширкатҳои ҳавопаймоии дохилӣ ва хориҷӣ дар Тоҷикистон "моҳҳои наздик" арзон мешавад. Вале ӯ дақиқ нагуфт, ки билетҳо кай арзон хоҳанд шуд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.