Дар Душанбе шуруъ аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ шумори нақлиёти ҷамъиятӣ- автобус, трелейбус ва микроавтобусҳо (маршруткаҳо) 20% зиёд карда мешаванд, хабар доданд аз корхонаи “Душанбенақлиётхадамотрасон” ба “Азия-Плюс”.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ин тасмим ҳамасола дар арафаи соли нави хониш гирифта мешавад, чунки теъдоди мусофирон бо омадани хонандагону донишҷӯён ба таври назаррас зиёд мешавад.
Ба иттилои манбаъ, бо оғози соли нави хониш дар роҳҳои пойтахт нақлиёти ҷамъиятӣ ба чунин меъёр зиёд мешаванд:
- 380 автобус, ба ҷои 308 адади ҳозира;
- 65 троллейбус ба ҷои 41 адади ҳозира;
- 1100 микроавтобусҳо (маршруткаҳо) ба ҷои 950 адади ҳозира.

Аз ин ниҳод гуфтанд, микроавтобусҳои нав дар хатсайрҳое, ки теъдоди мусофирон бештар аст, бароварда мешавад.
Ҳамчунин, ба хотири таъмири роҳҳои марказӣ айни ҳол равуои тролейбуси хатсайри рақами 1 боздошта шудааст.
Манбаъ гуфт, ки шумори таксиҳо тибқи квотаи ҷудошуда, ки 12 ҳазорро ташкил медиҳад, то ҳол пурра нашудааст.
“Ҳоло 10 ҳазору 500 адад таксӣ дар ҳудуди пойтахт ба кирокашӣ машғул мебошанд. Шумори таксиҳо дар моҳи сентябр то 500 адади дигар зиёд карда мешавад”-гуфтанд аз “Душанбенақлиётхадамотрасон”.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳоло дар хатсайрҳои пойтахт 60 автобуси барқӣ ва 6 микроавтобуси барқӣ фаъолият мекунанд. Нақша доранд, ки то охири сол шумори автобусҳои барқӣ ба 90 адад расонида шавад.
Бояд гуфт, ки сокинони Душанбе солҳост аз норасоии нақлиёти ҷамъиятӣ дар баъзе хатсайрҳо нигаронӣ мекунанд. Ҳамасола бо оғози соли нави хониш ва фаро расидани фасли сармо вазъи мавҷуда боз ҳам мушкилтар мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста