Тамара Абдушукурова, ҳунарпешаи шинохта, коргардони муваффақи театр, профессори донишгоҳ ва устоди садҳо ҳунарманд, агар умр медошт, имрӯз 85-сола мешуд. Ӯ моҳи пеш дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Тамоми ҳаёти худро мавсуф ба рушди санъат ва фарҳанги Тоҷикистон бахшида, ҳамчун Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистони Шӯравӣ ва вазири пешини фарҳанги кишвар дар ёдҳо боқӣ монд. Мо ба муносибати мавлудаш ба зиндагӣ ва корномаи Тамара Абдушукурова нигоҳе афкандем.
Сарнавишти духтари мансабдор
Тамара Абдушукурова 24-уми августи соли 1940 дар деҳаи Шӯлмаки ноҳияи Ғарм ба дунё омад. Волидонаш зодагони Самарқанданд, азбаски соли 1938 падараш котиби якуми ноҳияи Шӯлмаки вилояти Ғарми Тоҷикистони Шӯравӣ таъйин шуд, ӯ дар ин диёр зода шуд ва ба камол расид.
Абдушукурова аз овони кӯдакӣ ба ҳунар дилбастагии хосса дошт. Ӯ хуб месуруд ва ба адабиёт майли зиёд дошт. Номи Тамараро бародари бузургаш - Рашид барояш интихоб карда буд.
Худи ӯ баъдҳо гуфт, аз ин ном ифтихор дорад, зеро Тамара номи маликаи машҳури гурҷӣ буд, ки хеле одил буда, ҳамеша мардумашро ҳимоя мекард. Ҳамчунин, ин ном ба як овозхони маъруфи арманӣ тааллуқ дошт, ки бо як марди ӯзбек издивоҷ карда, дар Тошканд зиндагӣ мекард ва дар саросари ҷаҳон сурудҳои халқҳои гуногун мехонду мерақсид.
Падари Тамара, ки мансабдори минтақа буд, дар ҳаёти ӯ нақши муҳим бозид, ҳарчанд ҳамеша бо интихобҳои ӯ розӣ набуд. Дар оила Тамара 4 бародар ва 3 хоҳар дошт. Модараш хонашин буд.

Тарс аз падар, дастгирии бародар...
Дар 16-солагӣ Тамара дар фестивали театри тобистонаи Душанбе иштирок кард. Он ҷо Меҳрубон Назаров, он вақт муовини вазири фарҳанг истеъдоди ӯро пай бурда, пешниҳод кард, ки дар Донишгоҳи давлатии санъати театрии Маскав (ГИТИС) таҳсил кунад.
Тамара мегӯяд, ки дар аввал аз вокуниши падараш нигарон буд, зеро дар он замон ҷомеа ба зани ҳунарманд назари манфӣ дошт. Аммо бародараш Рашид боз такягоҳаш шуд, падарашро мутмаин сохт, ки Тамара “на бозигар, балки сарвари бозигарон мешавад”. Ин пешбинии бародар низ ба ҳақиқат пайваст, зеро ӯ ба мақомҳои роҳбарӣ дар соҳаи фарҳанг низ расид.
Дар ГИТИС Тамара дар 16-солагӣ истисноан ба курси дуюм қабул шуд. Устодонаш Олга Ивановна Пижова ва Борис Владимирович Бибиков ӯро барои фурӯтанӣ, интизом ва ҷаззобияти хоси тоҷикиаш таҳсин мекарданд.
“Фурӯтаниро аз даст надиҳед, аз паи мӯди Москва наравед ва симои зебои мардуми худро ҳифз кунед”, - яке аз пандҳои Пижова ба Тамара ва ҳамкурсони дигараш буд.

Ӯ нақши занони шуҷоъро меофарид
Тамара Абдушукурова дар таърихи театри тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ ҳам ҳунарпешаи саҳнавии мустақил ва ҳам мураббии барҷастаи ҳунарпешагони насли нав буд.
Соли 1960 баъди хатми донишгоҳ, Тамара Абдушукурова ба Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Хуҷанд роҳхат гирифт ва пас аз як сол ба Театри драмаи академии ба номи Лоҳутӣ (1961-1972) ба Душанбе даъват шуд.
Ба гуфтаи театршиноси тоҷик Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, хусусияти аслии Абдушукурова дар он буд, ки ӯ дар ҳар нақш пурра дода мешуд ва дар саҳна ба таври воқеӣ зиндагӣ мекард.
“Эҳтиросоти шадид ва дақиқияти ҳолатҳои психологӣ ба ҳунарпеша имкон доданд, ки дар раванди ворид шудан ба ҷаҳони маънавии қаҳрамон муваффақ шавад. Сарфи назар аз тафовутҳои синнусолӣ бо қаҳрамонҳо ва вазъи иҷтимоияшон, ба ҳунарпеша даст медод, ки ҳамеша дар саҳна симои занҳои бомаърифатро биофарад. Маҳз ба ҳамин хотир ба ӯ бештар нақши занони шуҷоъ ва матинро пешниҳод мекарданд”, - таъкид мекунад Табарӣ.
Дар миёни нақшҳои барҷастаи Абдушукурова, ба қавли Табарӣ, образи Пелагея Егоровна аз драмаи "Камбағалӣ айб нест"-и А. Островский ва Полина аз намоиши "Модарандар"-и Оноре де Балзак қобили зикр аст. Инчунин ӯ нақши Антигонаро аз драмаи ҳамноми Ж. Ануй ва Мавҷударо аз "Иродаи зан"-и А. Сидқӣ бо маҳорати баланд иҷро намуд.
Дар раванди фаъолияти театрӣ Абдушукурова бо коргардонҳои барҷастаи тоҷик, аз қабили Е.И. Мителман, Ҳ. Раҳматуллоев ва Х. Майбалиев ҳамкорӣ кард. Ин ҳамкориҳо ба ӯ имкон дод, ки маҳораташро сайқал дода, табиати хислати қаҳрамонҳои офаридаашро кашф намояд.

Аз устодӣ то вазирӣ
Тамара Абдушукурова натанҳо дар саҳнаи театр шуҳрат ёфт, балки дар арсаи маориф ва фарҳанг низ нақши муҳим бозид. Дар байни солҳои 1972-1986 ӯ дар Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба ҳайси дотсент, мудири кафедра ва муовини ректор фаъолият намуд. Дар ин давра, ӯ донишу таҷрибаи худро ба насли нави ҳунармандон интиқол дод ва дар тарбияи шогирдони зиёде саҳм гузошт.
Ташаббускорӣ ва малакаи роҳбарии ӯ боис шуд, ки дар соли 1986 ба мақоми муовини аввали вазири маданияти Тоҷикистон (ҳоло фарҳанг) таъин гардад. Ин мақом ба ӯ имкон дод, ки дар сатҳи давлатӣ ба рушди фарҳанги миллӣ саҳм гузорад.
Пас аз се соли фаъолият дар вазорат, солҳои 1989-1990 Тамара Абдушукурова ба курсии ректори Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон баргашт ва дар роҳи такмили низоми таълими ҳунармандон қадамҳои устувор гузошт.

Ниҳоят, қуллаи фаъолияти давлатии ӯ мақоми вазири маданияти Тоҷикистон буд, ки дар солҳои 1990-1992 онро бар дӯш дошт. Дар ин давраи пуртазоди Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, тавонист фарҳанги кишварро то қадри имкон ҳифз кунад ва рушд диҳад.
Дар давраи вазифадории ӯ чандин чорабиниҳои муҳимми фарҳангӣ, аз ҷумла Фестивали театрии “Наврӯз” барои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Соли 1991 ӯ раиси кумитаи тадорукоти озмуни байналмилалии балет ба номи Малика Собирова буд.
Гуфтовард аз зиндагӣ то ҳунарварӣ
- Ба андешаи ман, ҳунар танҳо аз истеъдод иборат нест, балки заҳмати зиёдро ҳам талаб мекунад. Агар бо ҳунари худ кор накунед ва заҳмат накашед, ба муваффақият расиданатон басо душвор аст.
- Ҳунар марз надорад. Он метавонад одамони миллатҳои гуногун ва дину эътиқоди мухталиф доштаро ба ҳам орад.
- Вақте мебинам, ки шогирдонам устодони касби худ шудаанд, хеле хурсанд мешавам. Ин барои ман бузургтарин мукофот аст.
- Касби худро дӯст медорам ва ҳоло ҳам мегӯям, ки агар имкони интихоби дубора мебуд, дигар касбро намепазируфтам.
- Ҳеҷ гоҳ аз паи шӯҳрат ва эътироф надавидам, бароям хидмат ба ҳунар ва хидмат ба халқ муҳимтар буд.

Ҳунарпешае, ки дар зиндагӣ нақш набозид
Дар Хуҷанд Тамара Абдушукурова бо шавҳари ояндааш Акрам Қурбонов, ки муҳандиси шинохта ва вазири собиқи саноати хӯрокворӣ буд, шинос шуда, издивоҷ кард.
Онҳо беш аз 60 сол бо ҳам зиндагӣ карданд ва соҳиби се фарзанд шуданд: Собир - иқтисоддон; Анвар - муҳандиси барқ ва Лола - табиб.
Худи Тамара Абдушукурова мегуфт, онҳо ҳеҷ гоҳ корҳои хонаро ба "мардона" ва "занона" тақсим накардаанд. Вақти мансабдорӣ ҳам, ба қавли Абдушукурова, такягоҳи ҳамдигар буданд.
Абдушукурова дар бораи ҳаёти худ мегуфт: “Шояд баъзеҳо дар зиндагии воқеӣ низ нақш мебозанд, аммо ман ин корро намекунам”. Ғайр аз ин, Тамара Абдушукурова худро шахси хеле ростгӯ, вале нисбат ба беадолатӣ сахтгир тавсиф мекард.

Тамара Абдушукурова 7-уми июли соли 2025 дар 84-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид. Марги ӯ барои ҷомеаи фарҳангии Тоҷикистон талафоти бузург буд.
Баъди маргаш гуфтанд, ки Тамара Абдушукурова барои ҷомеаи мадании кишвар дар ду ҷанба мероси гаронбаҳо боқӣ монд: мероси ҳунарӣ ва мероси омӯзгорӣ. Аз як сӯ, агар таърихи театри тоҷик ҳунари офарандагии ӯро дар саҳифаҳои тиллоияш бинависад, аз сӯйи дигар садҳо дастпарваронаш роҳи варо идома хоҳанд дод.




"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунад?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста