Имсол 68 донишҷӯйи тоҷик тариқи барномаи “Бурсияҳои Туркия – 2025” ба донишгоҳҳои Туркия қабул гардидаанд.
Дар ин бора, Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукаш хабар дода, гуфтааст, донишҷӯёни қабулшуда то 19-уми сентябри соли ҷорӣ имкони анҷоми расмиёти заруриро доранд.
Ӯ бо муроҷиат ба донишҷӯёни тоҷик эълон кардааст, ки раводиди таълимӣ баъди тасдиқи ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз сӯи сафорат ройгон дода мешавад.
Сафир тавсия додааст, ки барои тасдиқи ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи консулии сафорати Туркия дар Тоҷикистон ва барои гирифтани раводид ба Маркази дархости раводиди “ABC” муроҷиат кунанд.
Инчунин, донишҷӯёни тоҷик метавонанд саволҳои худро тариқи почтаи электронии [email protected] ирсол кунанд.
Аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ҳамаи ин нафарон ройгон ба муассисаҳои олии Туркия қабул шуда, таҳсил мекунанд.
Ба гуфтаи сафири Туркия, имсол барои таҳсил дар ин кишвар тариқи “Бурсияҳои Туркия-2025” аз 171 кишвари ҷаҳон 123 ҳазор довталаб ҳуҷҷат супорида, ба номзадҳои пирӯз баъди супоридани имтиҳон номаи қабул ба донишгоҳ фиристода шудааст.
Бояд гуфт, Вазорати маорифи кишвар соле пеш гуфта буд, беш аз 900 донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои олии кишвари Туркия таҳсил мекунанд.
Дар бораи гирифтани раводид барои таҳсил ба Туркия дар ин пайванд мутолиа кунед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста