Вазорати маориф ва илми кишвар расман тасдиқ кард, ки имсол “Дарси сулҳ”, ки ҳамасола рӯзи 1-уми сентябр доир мегардид, 30-юми август баргузор мешавад. Дар ин рӯз хонандагони то синфи 8 ба мактаб намераванд ва соли хониш мувофиқи барномаи мактабӣ аз рӯзи душанбе – 1-уми сентябр оғоз мегардад.
Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, рӯзи 30-юми август Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар бинои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо кормандони соҳаи маориф мулоқот мекунад.
Дар ин рӯз хонандагони синфҳои 8, 9, 10, 11 ва донишҷӯёни макотиби олӣ бояд ба мактабу донишгоҳҳо ҳозир шуда, суханронии роҳбари давлатро тариқи шабакаҳои телевизионӣ мустақим тамошо кунанд.
Таҳсил бошад, чун ҳарвақта рӯзи душанбе – 1-уми сентябр мувофиқи барномаи мактабӣ оғоз мегардад.
Сабаби ду рӯз пеш аз сентябр доир шудани “Дарси сулҳ” шарҳ дода намешавад.
Аммо тибқи иттилоъи мавҷуда, рӯзҳои 31-уми август ва 1-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон ба вохӯрии роҳбарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки дар Чин баргузор мешавад, даъват шудааст.
Дар бораи рӯзи 30-юми август баргузор шудани “Дарси сулҳ” қаблан низ иттилоъ дода мешуд. “Азия-Плюс” аз манобеи худ тасдиқи ин хабарро дарёфта буд, аммо он замон вазорат расман тасдиқ накарда буд.
Бояд гуфт, дар Тоҷикистон ҳамасола соли хониш рӯзи 1-уми сентябр оғоз мешуд ва чанд соли охир раисҷумҳур дар ин рӯз пиромуни бурду бохти соҳаи маориф иттилоъ дода, пеши масъулин вазифаҳо мегузорад.

Ҳатто соли гузашта бо вуҷуди он ки 1-уми сентябр ба рӯзи якшанбе, ки истироҳатӣ аст, рост омад, соли хониш дар вақташ оғоз гардид.
Ёдрас мешавем, ки соли 2024 “Дарси сулҳ” бо иштироки раисҷумҳур дар мактаби 19-и ноҳияи Синои пойтахт баъди ифтитоҳаш доир шуда буд. Роҳбари давлат дар паёми хеш аз камбудиҳои соҳаи маориф интиқод карда, ба масъулин, аз ҷумла вазири маориф ва илм барои бартараф кардани он ду сол муҳлат дода буд.
Норасоии омӯзгорон, таъмирталаб будани мактабҳо, рақамикунонии соҳаи маориф, норасоии китобҳои дарсӣ, таъмин набудани мактабҳо бо синфхонаҳои фаннӣ, ҷамъоварии маблағ аз хонандагон, ҷалби хонандагон ба истиқболи мансабдорони давлатӣ аз муҳимтарин масоиле буданд, ки раисҷумҳур зимни суханрониаш ишора карда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста