Ба муносибати ҷашни Истиқлоли давлатӣ, сокинони кишвар се рӯз пайиҳам - 7, 8 ва 9-уми сентябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади истифодаи оқилонаи рӯзҳои корӣ, рӯзи шанбе 6-уми сентябр рӯзи корӣ ва рӯзи душанбе, 8-уми сентябр - рӯзи истироҳат эълон шудаааст.

“Ба рӯзи дигари гузаронидани рӯзи корӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад, агар байни рӯзи иди ғайрикорӣ ва рӯзи истироҳат як рӯзи корӣ рост ояд”, - шарҳ доданд дар Федератсия.

Ба ин тариқ, барои шаҳрвандоне, ки бо ҳафтаи кории панҷрӯза кор мекунанд, рӯзҳои истироҳат аз 7 сентябр, якшанбе то 9 сентябр давом мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки 9 сентябр дар Тоҷикистон расман Рӯзи истиқлол, яке аз идҳои асосии давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Имсол 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.