То нимаи моҳи сентябри соли равон, ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ (микроавтобусҳо) дар Душанбе бояд дар мошинҳояшон дастгоҳ барои пардохти ғайринақдӣ (POS-терминал ё валидатор) насб кунанд. Дастгоҳ дар асоси шатномаи қарзии 6-моҳа ба арзиши 2800 сомонӣ дода мешавад.

Васлу насбро ширкати “Citycard” ба зимма дорад. Инчунин аз 11-уми сентябр ронандаҳо ҳар рӯз барои хидматрасонӣ ба ин ширкат бояд 30 сомонӣ пардохт кунанд.

Чанд ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ ба “Азия-Плюс” шикоят карданд, ки ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ ва масъулин, онҳоро барои харидорӣ ва насби  POS-терминалҳо маҷбур мекунанд. Ба гуфтаи ронандаҳо, дар акси ҳол, онҳо бояд тарки ҷамъият кунанд.

Роҳбари яке аз ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ ин ҳолатро тасдиқ карда, гуфт, ки бидуни насби “валидатор” кирокашӣ манъ аст. Мақомоти дахлдор низ дар шарҳи ин ҳолат гуфтанд, ки дар асоси қарори шаҳрдори Душанбе, бояд то нимаи моҳи сентябр дар ҳамаи микроавтобусҳои пойтахт POS-терминал насб гардида, пардохти ғайринақдӣ роҳандозӣ гардад.

 

Гузаштан аз пардохти нақдӣ ба ғайринақдӣ

Фирӯз Ғафурзода, роҳбари “Душанбенақлиётхадамотрасон” дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, то оғози соли таҳсил, микроавтобусҳои шаҳрӣ бояд пурра ба низоми пардохти ғайринақдӣ гузаранд.

“Ба ин хотир тасмим гирифта шуд, ки дар микроавтобусҳо низ ба мисли автобусу троллейбус POS-терминал насб карда шаванд. Насбу васли ин дастгоҳ дар микроавтобусҳо ба уҳдаи ширкати “Cityсard”, ки ин лоиҳаро омода мекунад, вогузор шудааст”,-иброз дошт Ғафурзода.

Номбурда афзуд, “дастгоҳ ба нафароне, ки роҳкироро нақдӣ пардохт мекунанд, расид медиҳад, аммо тибқи супориш, дар ҳамаи нақлиёти ҷамъиятӣ роҳкиро бояд ғайринақдӣ пардохт шавад”.

Фирӯз Ғафурзода
Акс аз фейсбуки МДК "Душанбенақлиётхадамотрасон"

 “Дар ин низом нархи роҳкиро вобаста ба таърифаи кортҳо метавонад тағйир ёбад, ки ба мусофирон низ қуллай хоҳад буд”, - гуфт ӯ.

 

“Мо мардумро маҷбур карда наметавонем”

Шамсиддин Насруллоев (ному насаб иваз шудааст), ки солҳост дар хатсайри рақами 25 ба кирокашӣ машғул аст, дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “бештари ронандагон аз иқдом розӣ нестанд”.

“Ба хотире, ки фаъолиятро идома диҳам, қарз карда, бо 2800 сомонӣ валидатор харидам. Аз насби он як ҳафта гузашт, аммо кам мусофирон аз он истифода мекунанд, аксар нақдӣ пардохт мекунанд. Ман ҳам наметавонам мусофиронро ба пардохти ғайринақдӣ маҷбур кунам”,-мегӯяд ӯ.

Ҳамакнун, ӯ аз он дар ташвиш аст, ки агар тибқи гуфтаи масъулин, аз 11-уми сентябр пардохти ғайринақдӣ ҷорӣ шавад, зарар мекунад, чун роҳкиро вобаста ба таърифаи корт тағйир меёбанд. Аз ҷумла барои ноболиғон, донишҷӯён ё худ “корти номсола ё солона” нархи роҳкиро камтар аст.

Дастгоҳ барои пардохти ғайринақдӣ (POS-терминал ё валидатор) дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе
Акс аз Asia-Plus

Бояд зикр кард, ки роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт 2 сомониву 50 дирам муқаррар шудааст. Ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ аз мусофирон тариқи нақдӣ ин миқдор пул барои роҳкиро мегиранд. Аммо барои пардохт тариқи ғайринақдӣ тахфиф пешниҳод шудааст, ки аксар сокинон бинобар сабаби ноогоҳӣ ва ё надоштани корт аз он истифода намекарданд. Ҳамакнун, дар сурати ҳатмӣ шудани пардохти ғайринақдӣ, мусофирон низ аз он истифода хоҳанд кард ва вобаста ба таърифаи корт, метавонанд то 1 сомонӣ камтар пардохт кунанд. Ин боиси ташвиши ронандагон шудааст.

Ронандаи дигар, ки дар ҳамин хатсайр ба мусофиркашонӣ машғул аст, аз пардохти 30 сомонӣ дар рӯз ба ширкати “Cityсard” изҳори  нигаронӣ кард.

“Ҳар моҳ бе иловаи сӯзишворӣ тақрибан то 4 ҳазор сомонӣ пул сарф мекунем. Ҳар моҳ ба ҷамъияти мусофиркашонӣ 2 ҳазор сомонӣ мусупорем. Акнун маҷбур доранд, ки ҳар рӯз 30-сомонӣ барои хизматрасонии валидатор пардохт кунем”,-нигаронӣ кард ин ронанда.

 

Ихроҷи норозиён

Исфандиёр Каримов, директори ҶДММ “Беҳрӯз-15” дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки дар ҳамаи нақлиёти мусофиркаш бояд POS-терминал насб шавад, “дар акси ҳол фаъолият карда наметавонанд”.

“Дар хатсайри рақами 25 ҳамагӣ 47 нақлиёт ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул ҳастанд. То имрӯз 37 ронанда дар нақлиёти худ валидатор насб карданд. Дар ин миён 7 ронанда насби валидаторро қабул накарданд, ба онҳо фурсат дода шуд, ки то 25-уми август мошинҳояшонро аз ҷамъияти мо берун кунанд”,-иброз дошт Исфандиёр Каримов.

 

“Cityсard”: 30 сомонӣ барои харҷи амалиётӣ ва сармоягузорӣ аст

Дар ширкати “Cityсard” ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки барои хидматрасонии “валидатор” ҳар рӯз 30 сомонӣ меситонанд.

“30 сомонӣ барои хароҷоти амалиётӣ ва сармоягузории дахлдор дар ин самт супорида мешавад. Дар ҳалате, ки воситаи нақлиёт ба хатсайр сафарбар нагардад, ҳаққи хидматрасонӣ пардохт намешавад”,-гуфтанд аз “Cityсard”.

Аз ин ширкат танҳо гуфтанд, “арзиши валидатор шартномавӣ мебошад”.

Намояндаи ин ширкат гуфт, ки ҷиҳати иҷрои қарори шаҳрдории Душанбе аз 31-уми июли соли 2017, аз моҳи июли соли 2025 насби “валидатор” дар микроавтобусҳое, ки дар шабакаи хатсайрҳои пойтахт фаъолият менамоянд, оғоз гардидааст.

Акс аз Asia-Plus

“То имрӯз наздики 900 поя (валидатор) дар микроавтобусҳо насб шудааст ва то нимаи аввали моҳи сентябри соли 2025 дар ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои нақлиётӣ марҳила ба марҳила дар микроавтобусҳо поя ва валидатор насб мешавад”, - гуфтанд аз ин ширкат.

Бояд гуфт, қаблан дар автобусу трелейбусҳои пойтахт роҳкиро ҳам нақдӣ ва ҳам ғайринақдӣ (бо корти махсус) пардохт мешуд. Дертар шаҳрдорӣ қарор кард, ки дар сурати пардохти нақдӣ, ронанда бояд ба мусофир расид пешниҳод кунад. Аммо на ҳамеша ин талаб риоя мешуд ва сокинон бидуни расид нақдӣ пардохт мекарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.