Дар Маскав гирандагони Ҷоизаи дуюми байнулмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой эълон шуданд. Бо қарори ҳакамон ин ҷоиза дар соли 2025 ба сарони кишварҳои Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон - Садир Жапаров ва Ӯзбекистон - Шавкат Мирзиёев сазовор дониста шуданд.
Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, маросими мазкур дар рӯзи зодрӯзи адиб ва файласуфи рус Лев Толстой баргузор шудааст.
Раиси ҳакамони ҷоиза, Валерий Гергиев изҳор доштааст, ки қарор якдилона қабул шуда, ба ҷоиза сарони давлатҳое, ки дар таъмини суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ саҳми назаррас гузоштаанд, сазовор дониста шуданд.
Ба масъалаи имзои Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст. Ин иқдом ба расмиёти ҳуқуқии ҳудудҳои умумӣ комилан хотима бахшида, дар таъмини амнияти баробар, ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни халқҳо саҳми арзанда гузошт.
Ба ҳайати ҳакамон ходимони сиёсӣ ва ҷамъиятӣ аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Аргентина, Беларус, Ҳиндустон, Чин, Русия, Фаронса,Ҷусҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Ҷопон шомил буданд.
Пйер де Голл, набераи асосгузории Ҷумҳурии Фаронса генерал Шарл де Голл зикр кардааст, ки имсол ҷоиза ба сарони давлатҳое, ки ба хотири сулҳу субот кор карда, модели нави ҳалли мушкилотро тариқи роҳу усулҳои башардӯстона, на тариқи низоъҳо нишон медиҳанд, тақдим шуд.
Фонди Ҷоизаи байнулмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой 22 июни соли 2022 аз ҷониби Ҷамъияти таърихии Русия, Фонди сулҳи Русия ва Ҷамъияти ҳарбиву таърихии Русия таъсис дода шуд.
Қобили зикр аст, ки ҷоизаи мазкур барои хидматҳои арзанда баҳри пешгирии таҳдиди ҷанги ҷаҳонӣ, саҳм дар таъмини амният бар асоси ҳуқуқи байнулмилалӣ, инчунин дастовардҳо дар маъракаҳои бесилоҳгардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дода мешавад. Соли 2024 ин ҷоиза ба Иттифоқи Африқо тақдим шуда буд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста