Беш аз 87%-и кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ, ки мехостанд дар мактабҳои Русия таҳсил кунанд, ба муассисаҳо қабул нашудаанд. Дар ин хусус ниҳоди назорат дар соҳаи маорифи ин кишвар (Росборнадзор) хабар дода, зикр кардаанд, ки сабаби асосии рад шудан, бастаи нопурраи ҳуҷҷатҳо барои роҳ додан ба супоридани санҷиш (тест) аз забони русӣ мебошад.
Ба навиштаи Интерфакс, аз моҳи апрел то августи соли 2025 ҳуҷҷатҳо барои қабули 23 ҳазору 616 кӯдак пешниҳод шудаанд. Аммо танҳо 8 ҳазору 223 кӯдак бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо дошта, аз ин теъдод 5 ҳазорпу 940 нафар ба супурдани тест роҳ дода шудаанд.
Аз ин 2 ҳазору 964 кӯдак санҷишро муваффақона супурдаанд, ки ин нишондиҳанда 50% аз теъдоди иштирокчиёни имтиҳон ва ҳамагӣ 12% аз шумори умумии довталабон мебошад.
Дар "Рособрнадзор" зикр кардаанд, ки санҷишҳо бо дарназардошти синфҳо таҳия шудаанд. Дар синфи якум малакаҳои нутқи шифоҳӣ ва сарфу навҳ (грамматика) санҷида шуда, аз синфи дуюм малакаву маҳорати хониш ва навиштан илова мешаванд. Супурдани санҷиш дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ сурат мегирад.
Ба ҷуз имтиҳон, волидайн ба пешниҳоди бастаи пурраи ҳуҷҷатҳо уҳдадоранд:
- тасдиқи хешутаборӣ ва қонунӣ ҳузур доштан дар Русия;
- хулоса (маълумотнома)-и тиббӣ;
- тарҷумаи ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи ҳамаи ҳуҷҷатҳо бо забони русӣ.
Дар ҳолати мавҷуд набудани бастаи пурра, ҳуҷҷатҳо бидуни баррасӣ баргардонида мешаванд.
Ааз 1-уми апрели соли 2025 супурдани санҷиш аз забони русӣ барои хориҷиён, ки мехоҳанд ба мактабҳои Русия шомил шаванд, ҳатмӣ шуд.
Натиҷаи манфӣ ё бастаи нопурраи ҳуҷҷатҳо метавонанд асос барои рад кардани қабул ба мактаб шавад.




