Сар аз 15-уми сентябри соли равон қабули аризаҳо барои таҳсил бо бурсияҳо (квота)-и ҳукумати Русия барои довталабон аз Тоҷикистон оғоз гардид, иттилоъ медиҳад, намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон.
Барои дарёфти бурсияа довталаб бояд дар сомонаи education-in-russia.com номнавис шавад, донишгоҳ ва барномаи таҳсилро интихоб намояд, дархостро дар шакли маҷозӣ пур карда (акс, нусхаи шиноснома, ҳуҷҷати таҳсилотӣ ё маълумотнома дар бораи давраи таҳсилро замима намояд), аз санҷишҳои интихобии фосилавӣ гузарад ва роҳхат ба донишгоҳро гирад.
Номнависӣ бояд то 15 декабри соли 2025 анҷом дода шавад.
Навори дастурии муфассал дар тамоми марҳилаҳои номнавис ва пешниҳоди аризаро дар ин ҷо метавонед, дастрас кунед.
Машваратҳои ҳузурӣ барои хоҳишмандоне, ки мехоҳанд бо бурсия дохил шаванд, ҳар рӯзи ҷумъа соати 16:00 дар Хонаи русӣ дар Душанбе (Россотрудничество), дар суроғаи гузари 1-уми кӯчаи Лоҳутӣ, хонаи 4 баргузор мегардад.
Саволҳоро метавонед ба почтаи электронӣ ирсол намоед: [email protected]
Рақамҳо барои тамос:
- Душанбе: (+992 37) 221-89-47
-Хуҷанд: (+992 34) 226-02-22
Хотиррасон мекунем, ки Русия барои донишҷӯёни тоҷик 1000 бурсия ҷудо кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста