Бо оғози соли нави хониш аксари сокинони Душанбе аз тамбашавии нақлиёт дар роҳҳо ва камбуди нақлиёти ҷамъиятӣ шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, бо ин мушкил бештар субҳу шом, ҳангоми ба коргоҳ ё дарс рафтану аз он ҷо баргаштан рӯбарӯ мешаванд. Ин ҳолат, вақти зиёдро мегирад ва нороҳаткунанда аст.

Дар робита ба ин, “Азия-Плюс” дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурсише гузаронида, кӯшиш намуд муайян кунад, ки сокинон ҳамарӯза то коргоҳ ё мактабу донишгоҳ чӣ гуна ва дар чӣ қадар вақт мерасанд. 

Аз шарҳи корбарон маълум гардид, ки онҳо, аксаран, барои расидан то коргоҳ то 3 соат вақт сарф мекунанд.   

“3 соат ай Зарафшон то Садбарг ба Худо қасам на хоби хушруро мебинам на як рузе нест, ки ҳичим наган, да ҷойи кор, ҳамика танбашавӣ, ҳама раҳо маҳкам” - навиштааст корбаре бо номи madiinnnn_9.

“Бовар кунед аз Гипразем то Дом печат (чорроҳаи назди бинои собиқи ТВ "Сафина") 2 соат мерам. Чӣ гап аст? Ягон автобус экспрес ё микро автобуси экспрес кунед. Айни ҳами корравиба, хусусан ҳами саҳарӣ қийин то 8 да кор расидан” - навиштааст rahmonov.22222.

“Ай пеши хона то донишгоҳ “пропка” (тамбашавӣ дар назар аст-аз идора) хулоса 2 соат” - мегӯяд q_.mucci.

“Ма ҳамин руз 6.40 баромадам, 8.15 ба расидам” - навиштааст somon_0761.

Ба гуфтаи сокинон, тамбашавии нақлиёт, асосан, дар маркази шаҳр ва роҳҳои атрофи он ба назар мерасад.

“Аз Ваҳдат то 9 км 10 дақиқаба меоӣ, аз 9 км то пеши т”Танк” 1 соат” - мегӯяд корбаре бо номи theabubakr7.

“Аз Ҳисор то БДА 15 дақиқада мерасем аз БДА то “Домпечат” (чорроҳаи назди собиқ ТВ “Сафина”- аз идора) 1 соатба” - навиштааст raupovparviz7.

“Аз Садбарг то Чорроҳаи фурудгоҳ 45 дақиқаба мерасам ҳатто зиёдтар”  - шарҳ гузоштааст english._er.

“Ман аз Қурғанеппа (Бохтар - аз идора) то Душанбе 100 км 40 дақиқаба мерам, аз Саховат то дарса 1 соатба” - мегӯяд asadullo__010.

Бархеҳо навиштаанд, барои роҳе, ки қаблан 20-30 дақиқа вақт мегирифт, ҳоло дар 1-1,5 соат ва ҳатто бештар аз ин тай мекунанд.

“Ба мошин 15 дақиқаба мерасем, дар рӯзи якшанбе ҳамин роҳба. Рузои корӣ 54 дақиқаба” - мегӯяд корбаре бо номи nazarow.

Акс аз шабкаҳои иҷтимоӣ

“Автобус кати роҳи 20 дақиқаинаро 1 соат мерам” - навиштааст корбарон бо нмои sultonow_05.

“Роҳи ман аз корвон то 46 мкр аст, вале ҳамиқа роҳро дар ним соат, баъзан вақт 1 соатба мерасӣ” - мегӯяд корбарое бо номи abdullo_qodirov06.

Сокинон, ҳамчунин, дар мисоли таҷрибаи худ “роҳи ҳал” низ пешниҳод кардаанд. Баъзеҳо мегӯянд, аз хона барвақттар бояд баромад, гурӯҳи дигар пешниҳод дорад, сокинон ба кор бо дучарха раванд.

“Соати 6:30 то 7:00 аз хонаи бароӣ ба ҳузур рафта мерасӣ. Аз 7 гузашт соат дер мерасӣ. Ман 6:45 мебароям дар 20 дақиқа то марказ омада мерасам”  - шарҳ гузоштааст корбаре бо номи zokirjon_saidrahmonzoda.

“Аз хона то ҷои кор ҳамагӣ 10 километр роҳ аст дар хатсайри 16 то ҷои кор 1 соату 15 дақиқа бо велосипед 25/30 дақиқа”  - мегӯяд корбаре бо номи ali_melikov_officiall.

Дар ин миён, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз камчинии нақлиёти ҷамъиятӣ шикоят доранд. Ба гуфтаи онҳо, аксаран, ҳам субҳ ва ҳам шом, муддати зиёд дар истгоҳҳо интизори нақлиёти ҷамъиятӣ мешаванд. Ин дар ҳолест, ки “Душанбенақлиётхадамотрасон” ваъда карда буд, сар аз 1 сентябр шумораи нақлиёти ҷамъяитӣ 20% зиёд мешавад.

“Аз Сирк, Саховат баъди соати 6 маршрутка намеёбӣ, то 2 соат интизор мешавӣ” - навиштааст aidishoiboratshoev.

“Беҳад азоб мекашем. Автобуси 18 камчин” - шикоят кардааст Парвина Сайфиева.

Корбарон дар шарҳҳо шӯхӣ низ кардаанд.

“Бо чархболи шахсиам меравам”, - навиштааст корбаре бо номи jammikk_.

Акс аз Asia-Plus

“Ба наздикӣ он ҷо ҳам тамбашавӣ пайдо мешавад”, - посух додааст pari_niyazova.

Имрӯз тамбашавии нақлиёт дар Душанбе ба яке аз мушкилиҳои асосӣ табдил ёфта, сокинон бештар аз сарфи вақту нороҳатӣ дар роҳ ба кору таҳсил шикоят мекунанд. Аммо ин мушкил ҳанӯз ҳалли худро наёфта вазъ рӯз аз рӯз танҳо бадтар мешавад.

Коршиносон мегӯянд, роҳи ҳал танҳо таҳияи низоми мушаххасе шуда метавонад. Аз ҷумла, зиёд кардани шумораи автобусу троллейбусҳо, роҳандозии роҳҳои алоҳида барои ҳаракати нақлиёти ҷамъяитӣ ва бозбинии хатсайрҳо.

Ҳамчунин, мебояд таваққуфи бетартибона дар кӯчаҳои шаҳр пешгирӣ шуда, барои мошинҳои боркаш роҳҳои даврӣ сохта шавад.

Муттахассисон бар ин назаранд, ки чунин маҷмӯи чораҳо метавонад ба таври назаррас тамбашавиро кам ва ҳаракати нақлиёту пиёдагардонро роҳат намояд.

Мақомот барои кам кардани тамбашавӣ бархе чораҳоро мисли бардоштани гузаргоҳҳо ва ё амалиёти зидии ронандаҳои қонуншикан дар роҳҳо мегузаронанд, вале тавре дида мешавад, то ҳол ин чораҳо натиҷа надодаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.