Имрӯз, 23-юми сентябр, мавлуди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Асланшоҳ Раҳматуллоев аст - аввалин зодрӯзи ҳунарманд, ки бидуни ӯ мегузарад. Рӯзи 27-уми апрели соли равон ӯ дар 71-солагӣ даргузашт, чунон ки худаш орзу дошта буд - бе беморӣ ва бистарӣ шудан, баобрӯ ҷон ба ҷонофарин супорид.

Асланшоҳ Раҳматуллоев на танҳо ҳунарпешаи нақшҳои фоҷеавӣ, балки яке аз ҳаҷвнигорони шинохтаи тоҷик буд. Таъбири “Аз гуноҳат гузаштам, ин сӯ гузар!”-и ӯ то имрӯз дар забони мардум зинда аст ва номи Асланшоҳро ба ёд меоварад.

 

Сарчашмаи ҳунар

Асланшоҳ Раҳматуллоев дар деҳаи Пушиёни ноҳияи Восеъ ба дунё омад. Номи ӯро бародараш Асламшоҳ гузошта буд: “модоме ки ман Асламшоҳ ҳастам, бояд номи додарам Асланшоҳ бошад”.

Муҳити хонаводагӣ барои шакл гирифтани шахсияти ҳунарӣ роҳ мекушод. Падараш Аскаршоҳ омӯзгор буд, аммо ба санъат майлу рағбати беандоза дошт – дутор навохта, суруд замзама мекард. Дар хонаи амакаш чеҳраҳои маъруфи кишвар - Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Акашариф Ҷӯраев, Барно Исҳоқова, Абдулло Назриев меҳмон мешуданд.

Ӯ ҳамагӣ 3 сол дошт, ки ба деҳаашон филм омад ва оилааш ӯро ба тамошои он бурданд. Ҳунарманд баъди 50 сол гуфт, он филм хира-хира дар ёдаш мондааст: “чӣ гуна дар рӯи як пардаи сафед ин ҳама одам даву тоз мекунанд, шамшерзанӣ мекунанд? Онҷо чӣ дунёе бошад?”.

Ӯ ба волидонаш бо андешаи кӯдаконаи худ гуфт, “калон шавам, даруни ҳамин парда медароям”. Ин ҳарфро ба гӯшаи фаромӯшӣ биспорид, вале вақте ба мактаб дохил шуд, бо иҷрои як рақси шӯх аъзои дастаи ҳаваскорон интихоб гардид. Дар мактаб ҳам ӯ зуд ҳамчун ҳунарманд шинохта шуд ва ба гуфтаи худаш, дар синфи нуҳум намоишҳои театрӣ мегузошт.

Асланшоҳ Раҳматуллоев
Акс аз сомонаи kino-teatr.ru

 

Дар пайи роҳрави Бондарчук

Лаҳзаи муҳим дар зиндагии Асланшоҳ дидори ӯ бо ҳунарпешаи машҳури шӯравӣ Сергей Бондарчук дар фестивали синамогарони ҷаҳон дар Маскав буд: “Вақте Сергей Бондарчук ба саҳна баромад, сару либос ва ҳаракатҳову суханрониҳояш диққатамро ҷалб кард. Гуфтам: “Агар актёр бошӣ, мисли ҳамин бошӣ”. Ният кардам, ки ман ҳам дар ҳамон ҷое мехонам, ки ҳамин ҳунарманд таҳсил карда бошад”.

Тақдир гӯё худаш Асланшоҳро ба роҳи ҳунар ҳидоят мекард. Ҳангоми имтиҳон дар Институти умумииттифоқии кинематография дар Маскав, Бондарчук дар миёни имтиҳонгирандагон буд.

“Дарро кушода дар рӯ ба рӯям Бондарчукро дидам. Воқеан ҳайрон будам. Тамоми лаёқатамро истифода кардам, ки қабул шавам. Ҳамин тавр, шогирди ин ҳунарманд шудам, ӯ бароямон зиёд чизҳоро омӯзонид. Тақдир ҳамин гуна худаш маро ба ин дунё оварду ворид кард”, - баъди солҳо гуфт Асланшоҳ Раҳматуллоев.

Ӯ вақте имтиҳони ҳунар месупорид, орзу дошт, ҳунарманди нақшҳои фоҷеавӣ шавад, дар раванди корномааш ҳам чанд нақши фоҷеавӣ бозид, вале ҳамчун ҳунарманди комедӣ шинохта шуд.

Асланшоҳ Раҳматуллоев
Акс аз бойгонии ҳунарманд

 

Вақте нақшҳои марказиро ба ӯ намедоданд...​​​​​​​

Баъди хатми донишгоҳ дар соли 1975 Асланшоҳ Раҳматуллоев ба Театри Лоҳутӣ омад. Аммо дар чанд соли аввали фаъолият ба ӯ нақшҳои асосиро намедоданд. Роҳи ӯро дар нақшбозии марказӣ зиндаёд Маҳмудҷон Воҳидов боз кард. Ӯ нақшофариҳои Асланшоҳро дар филмҳо дида буд ва ба коргардонҳо муроҷиат кард: “Ҳамин ҷавонро як бор ба саҳна бароред, баъд шоҳиди лаёқаташ мешавед”.

Тӯрахон Аҳмадхонов ба Раҳматуллоев бори нахуст нақши асосиро дод ва он ҳам басо маъруф шуд - дар давоми фаъолияти 50-солаи Театри Лоҳутӣ аввалин маротиба намоишномаи кӯдаконаи мазкур бо нақшофарии марказии Асланшоҳ Раҳматуллоев дар миқёси Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойи якумро гирифт.

Гарчанд ӯ гуфта буд, ҳунарпешаи фоҷиавӣ мешавад ва дар бачагӣ ҳам асосан нақшҳои фоҷиавӣ бозида буд, аммо мардум бештар ӯро ҳамчун ҳунарманди ҳаҷв шинохтанд. Дар намоишномаи “Қиссаи аҷибу ғариб” ба ӯ нақши шоҳи мушонро доданд.

“Аз гуноҳат гузаштам, ин сӯ гузар! Ин ҷумла дар ҳамон намоишнома буд. Аммо кӯшиш кардам бо садову тарзи гӯйиш ҷолибтараш созам. Як бор бозидам, ки ҳамагӣ қабул кард. Ёдам намеравад, ки вақте аз паси парда як-як ҳунармандони машҳури ҳаҷв мебаромаданд, ман рӯи тахтам бо ҷуссаи хурду саллаи калон нишастаму шӯхӣ карда гуфтам, ки шумо ҳамин қадар ҳаҷв бозидед, акнун шоҳи ҳамаи шумо ман мешавам”, - қисса мекард Асланшоҳ Раҳматуллоев.

Дар Театри Лоҳутӣ дар намоишҳои маъруфе чун “Гамлет”, “Корвони бахт”, “Ҳодисаҳои ғайриоддӣ”, “Гилеми кабуд”, “Шоҳ Лир”, “Роҳзанон”, “Мардон намегирянд”, “Вақте шаҳр хобидааст”, “Ғуруби Аҷам” ҳам ҳунарнамоӣ кард.

Асланшоҳ Раҳматуллоев
Акс аз "Азия-Плюс"

 

30 соли ҷило дар “Оина”​​​​​​​

Соли 1994 Асланшоҳ ба даъвати Убайдулло Раҷабов, поягузори ҳаҷви тоҷик ба Театри миниатюрии “Оина” омад. Воқеан ҳам, ӯ яке аз аввалин ҳунармандони театри мазкур буд ва 30 соли расо дар “Оина” содиқ монд.

Дар оғоз ҳамчун ҳунарманд дар “театри Убайдулло Раҷабов” ба кор сар кард, даҳҳо намоишҳои ҳаҷвӣ рӯйи саҳна оварданд ва ҳатто “Қиссаи аҷибу ғариб” ва таъбири “Аз гуноҳат гузаштам, ин сӯ гузар!”-ро ба тамоми Тоҷикистон бурд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Театри “Оина” фаъолияташро қатъ накард, ҳатто фаъолияти пурсамари он боис шуд, ки ҳунармандони он дар саросари кишвар ва берун аз он маъруф шаванд. Ӯ соли 1998 дар 44-солагӣ унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро гирифт: “он замон номдор будам ва беунвон будани ман айб буд”.

Дар Театри “Оина” ӯ маъруфият ва маҳбубияти зиёд ба даст овард ва пас аз 7 сол дар дар 51-солагӣ соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд.

“Ба гуфтори “дарахт дар як ҷо месабзад” розиям. То қадри имкон кор кардем ва аз худамон чизе мондем”, - бо ифтихор мегуфт ҳунарманд.

Ӯ дар тӯли 30 соли фаъолият дар Театри “Оина” даҳҳо шогирд тарбият кард ва аз ҳунармандӣ ба коргардонӣ пардохт, солҳои охир саркоргардони ин театр ҳам буд.

Дар баробари ин ҳама шӯҳрат, аз корномаи худ ва театри мазкур чандон розӣ набуд ва дар моварои 70-солагиаш нигаронӣ дошт, ки “Оина” бо гузашти 30 сол биное надорад, то орзуҳояш ҷомеаи амал пӯшад: “30 сол интизори он будам, ки театр месозем. Убайдулло Раҷаб ҳам маро барои ҳамин даъват карда буданд. Ман дар хаёлҳоям медидам, ки рӯзе дар кишвар аввалин театри миниатура бунёд мешавад ва аз мо ҳамчун асосгузорони он ёд меоваранд. Аммо намедонам чаро то ҳол ин орзую хаёл ба воқеият табдил нашуд”.

Асланшоҳ Раҳматуллоев
Акс аз бойгонии ҳунарманд

 

“...агар филм намекардем, гуноҳ мешуд”​​​​​​​

Асланшоҳ Раҳматуллоев дар синамо талаби худро доштва мегуфт, “бароям филмнома ва коргардони хуб лозим, то як чизи арзандаро ба оянда боқӣ гузорам”.

Яке аз корҳои муҳими Асланшоҳ Раҳматуллоев дар синамо ба навор гирифтани силсилафилми “Марги бегуноҳ” аст. Ӯ дар филми мазкур ҳам коргардон буду ҳам бозигари яке аз нақшҳои марказӣ. Ин филм аз 6 қисм иборат буда, дар бораи ҳаводиси фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ қисса мекунад.

Ба қавли Раҳматуллоев, ба навор нагирифтани “Марги бегуноҳ” “гуноҳ” буд: “ҳамаи ҳодисаҳое, ки дар филм нишон дода шудааст, ман бо чашми худам дидам. Он замони нооромӣ ҷабрдидагони зиёд назди ман омада, дарди дил кардаанд. Шабу рӯз бедор будем, корамон қиссаи дардманду даҳшатовари ҳамватанонро гӯш кардан буд. Ман шоҳиди бисёр ҳодисаҳо будам ва он ҷаҳони ҷангиро бисёр хуб медонам. Агар “Марги бегуноҳ”-ро филм намекардем, гуноҳ мешуд”.

Филми “Оворагардон” низ яке аз корҳои мондагори қаҳрамони мо ба ҳисоб меравад. Ғояи филм аз хабари рӯзномае пайдо шуд, ки гуфта мешуд, дар Русия ду оворагард дар бемористон сарватмандеро фиреб кардаанд.

“Мо ҳамонро асос карда, бо тахайюли худамон калон кардем. Ҳама ҷумлабандиҳае, ки дар филм мебинед, бадоҳатан ҳастанд”, - мегуфт ӯ.

Асланшоҳ ҳатто ҳикоятҳои ҷолибе дошт аз пушти саҳнаи ин филм: “аҷобати кор дар он аст, ки он замон мурғ ёфтан кори осон набуд. Коргардон ду мурғ пайдо карда, овард ва таъкид кард, ки яктояшро вақти наворбардорӣ хӯрему дигарашро аҳли гурӯҳ дар хӯроки нисфирӯзӣ хӯранд. Аммо мо дар вақти сабт ҳар ду мурғро хӯрдем”.

Ҳунармандони филми "Марги бегуноҳ"
Акс аз бойгонии Асланшоҳ Раҳматуллоев

 

Ҳунарнамоӣ дар филмҳои хориҷӣ ва дилсӯзӣ ба синамои миллӣ​​​​​​​

Солҳои охир Асланшоҳ Раҳматуллоев дар филмҳои хориҷӣ нақш мебозид, аз ҷумла бо киностудияи маъруфи “Мосфилм” ҳамкорӣ дошт ва дар синамои миллӣ камтар дида мешуд.

Ӯ дар ду даҳаи охир танҳо дар 2 филми киностудияи “Тоҷикфилм”, ки бо коргардонии Румӣ Шоазимов таҳия шуд, нақш офарид. Чунончи дар боло зикр шуд, мавсуф филмҳоро “гулчин” мекард ва бо коргардонҳои беҳунар ҳамкорӣ надошту дар филмҳои каммазмуну бемуҳтаво ширкат намекард.

Дили Асланшоҳ Раҳматуллоев ба синамои тоҷик месӯхт, вале ҳамзамон бовар дошт, ки филмофарии миллӣ дар солҳои наздик беҳтару хубтар мешавад.

Дар омади гап, ӯ аз камтарин ҳунармандони тоҷик буд, ки дар намоҳангҳои каммазмуну бемуҳтавои овозхонони кишвар ширкат намекард. Соли 2024 Асланшоҳ Раҳматуллоев дар намоҳанги сарояндаи ҷавон Умедҷони Бурҳон дида шуд. Баъдан дар мусоҳибае гуфт, ки “аввал дудила будам, аммо розӣ шудам, зеро мехостам бинам, ки ин насли нав чӣ гуна кор мекунад. Воқеан, бачаҳо хуб кор карданд ва аз ҳамкорӣ бо онҳо розиам”.

Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Холмуроди Сиддиқ
Намогирифт аз намоҳанги Умедҷони Бурҳон

 

Се гуфтовард​​​​​​​

Дар бораи зиндагӣ: “Зиндагиро ба тарозу ташбеҳ медиҳам. Яъне, пасту баланд мешавад. Бовар кунед, агар якранг ва бо як вазн бошад, ҳеҷ шириниаш ба назар наменамояд”.

Дар бораи корнома: “Қаҳрамонҳои офаридаи ман ҳамаашон тарбиявӣ ҳастанд, то ки мардум ибрат бигирад ва дар роҳи рост бошанд. Ман нақши бемақсад набозидаам”.

Дар бораи худнамоӣ: “Худнамоиро қабул надорам. Мехоҳам танҳо ҳунарамро баҳогузорӣ кунанд”.

 

Асланшоҳ Раҳматуллоев дар таҷлили ҷашни 50-умин силгарди фаъолияти эҷодиаш
Акс аз "Азия-Плюс"

Марги​​​​​​​ баобрӯ мехост...

Рӯзи 21-уми октябри соли гузашта 50-умин солгарди фаъолияти эҷодии Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Театри Лоҳутӣ таҷлил гардид. Ӯ бо чашмони пур аз ашки шодӣ изҳор дошт:

“Имрӯз вақте муҳаббати беандозаи мардумро мебинам, мечашам ва аз он лаззат мебарам, бо боварии комил метавонам бигӯям - ман беҳуда ба дунё наомадаам ва умрамро бар бод надодаам”.

Чанд моҳ пас, 27-уми апрели соли 2025 Асланшоҳ Раҳматуллоев дар Душанбе аз олами фонӣ чашм баст. Ӯ давлати пирӣ ва маргӣ баобрӯ орзу дошт, 71 сол умр дид ва ба қавли пайвандонаш, ҳеҷ беморӣ надошту бидуни дарду ранҷ ҷон ба Ҳақ супорид. Варо рӯзи дигар дар оромгоҳи Лучоб канори чеҳраҳои шинохтаи илму адаби тоҷик ба хок супориданд.

Ёду номи ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохта гиромӣ бод!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.