Дар 8 соҳи соли равон дар Тоҷикистон қариб 19,5 ҳазор ҳодисаи ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 22,7% зиёд аст.
Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон бо такя ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.
Ин ниҳод гуфтааст, “ба ҳиссаи гепатитҳои шадиди вирусӣ 11,1 фоизи бемориҳо рост омада, бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда 45,2 фоизи шумораи умумии бемориҳои сирояткунандаро ташкил додааст”.
Мақомот шарҳ надодаанд, ки сабаби якбора зиёд шудани гирифторӣ ба бемориҳои сироятӣ чист.
Ин дар ҳоелст, ки моҳи июли соли равон Ҷамолиддин Абудуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии охири худ гуфта буд, ки “дар шаш моҳ, дар умум дар ҷумҳурӣ нишондоди сатҳи паҳншавии бемориҳои сироятӣ коҳиш меёбад”.
Ӯ ба таври мисол зир карда буд, ки дар шаш моҳи имсол дар кишвар 1 ҳазору 927 ҳолати гирифторӣ ба бемории гепатити А сабт шудааст, ки нисбат ба соли пеш 561 ҳолат кам шудааст. Соли 2024 дар ин давра 2488 ҳолати гирифторӣ ба гепатити А сабт шуда будааст.
"Инчунин 6 нафар ба бемории гепатити Б гирифтор шудааст, ки нисбат ба соли пеш 16 ҳолат кам аст", - гуфта буд вазир.
Бемориҳои сироятӣ - касалиҳое, ки зери таъсири микробҳо, занбӯруғҳо, вирусҳо, тухми кирмҳои паразитӣ ба вуҷуд меоянд. Онҳо тавассути ҳаво (нафас), ғизо, нӯшокӣ, пешоброҳа, пӯст ва ғайра ба организм дохил мешаванд. Ба ин намуди бемориҳои зуком, рӯдаву меъда, сил вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), гепатитҳо ва ғайра дохил мешаванд.





Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Барои вориду паҳн кардани “салют”-у “хлопушка” чӣ ҷазо пешбинӣ шудааст?
БАТР барои кам кардани талафоти қувваи барқ ба Тоҷикистон 43 млн евро кумак мекунад
Додситон ба муттаҳами куштори пурсарусадои як оила дар Рӯдакӣ ҳукми абад хостааст
Шаҳрдори Маскав ба онҳое, ки аз муҳоҷирон норозиянд, тавсия дод, бо ҷорӯб барои тоза кардани кӯчаҳои шаҳр бароянд
Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста