Дирӯз Борис Кимёгаров, коргардоне, ки бо филмҳои худ ҳувияти миллии тоҷиконро ба олам шиносонд ва дар таърихи синамои тоҷик нақши беназир гузошт, 105-сола шуд. Ӯ коргардони филмҳои таърихиву ҳаммосавӣ аст, ки чанд насл бо тамошои он бузург шуд.

Шоҳкориҳои мавсуф бардоштани филмҳои “Рустаму Сӯҳроб”, “Достони Рустам”, “Достони Сиёвуш”, “Ливои оҳангар”, “Қисмати шоир” ва “Дохунда” аст, ки ганҷе дар ганҷинаи синамои тоҷик дониста мешавад.

Пас аз ин, Кимёгаров аз зиндагиномаи Фирдавсӣ ва навишти “Шоҳнома” мехост филм ба навор гирад, ба қавли ёронаш, нисфи филмномаро ҳам таҳия карда буд, вале умр вафо накард.

Бо гузашти қариб 50 сол ҳеҷ коргардони дигар ҷуръат накард, ки рӯзгори Фирдавсиро рӯйи пардаи синамо орад. Инчунин, “Тоҷикфилм” натавонист аз қаҳрамонҳои “Шоҳнома” филми дигаре ба навор гирад.

Кимёгаров бо ин шоҳкориҳояш асосгузори жанри таърихӣ-эпикӣ дар кинои тоҷик эътироф шуд ва корномаашро касе дигар такрор накард ё идома надод.

Мо ба муносибати мавлудаш зиндагӣ ва корномаи Борис Кимёгаровро ба тасвир кашидем.

 


Омӯзгоре, ки коргардони маъруф шуд

Бенсион Ариевич Кимёгаров, ки бо номи Борис маъруф аст, 30-юми сентябри соли 1920 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи яҳудиёни бухороӣ таваллуд шуд. Дар ҷавонӣ рӯйи саҳнаи Театри ҷавонони Қӯқанд бозӣ мекард ва ҳамзамон ба коргардон дар гузоштани намоишномҳо кӯмак мерасонд. Ҳамин ҷо буд, ки ба ҳунар ишқ баст.

Дар 16-солагӣ ба пойтахти Тоҷикистон омад ва ба Институти педагогии Сталинобод (имрӯза Донишгоҳи омӯзгорӣ ба номи С. Айнӣ) дохил шуд. Пас аз хатм, ба касби омӯзгорӣ пардохт: аввал ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс медод, баъд ба хонандагони синфҳои болоӣ. Бисёре аз шогирдони ӯ баъдтар ҳунарпешаҳо, олимон, муаллимон ва табибони машҳур шуданд.

Вале рӯҳи эҷодӣ бар муаллими ҷавон ғолиб омад. Се сол баъд ба Институти умумииттифоқии кинематографияи Маскав (ВГИК) дохил шуд. Дар он замон Кимёгаров забони русиро намедонист. Сергей Михайлович Эйзенштейн, роҳбари курс, ӯро танҳо бо шарте қабул кард, ки забонро зуд ёд гирад.

Дар Маскав на танҳо таҳсил мекард, балки дар Институти давлатии санъати театрӣ ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС) ҳам ҳамчун муаллим кор мекард. Солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон институт ба Алмаато кӯчонида шуд ва Кимёгаров дар он ҷо ҳам ҳамчун котиби комсомол кор кард.

 


Соли 1944 коргардони ҷавон Борис Кимёгаров ба коргоҳи филмбардории “Тоҷикфилм” ба Душанбе омад. Умедвор буд, ки аввалин филми бадеии худро месозад, аммо корро аз филмҳои мустанад оғоз кард. Он замон кинои тоҷик давраи душворро мегузаронд - аз соли 1940 сохтани филмҳои бадеӣ қатъ шуда буд.

Соли 1946 якҷоя бо Людмила Степанова, коргардони коргоҳи филмбардории умумиттифоқии Маскав филми мустанади “Тоҷикистон”-ро сохт. Ҳамон сол ин филм дар Фестивали байналмилалии кинои Венетсия медали биринҷӣ ва ифтихорнома гирифт. Баъдтар филмҳои “Дар кӯҳҳои Помир”, “Садриддини Айнӣ” ва “Тоҷикистони Шӯравӣ”-ро ба навор гирифт, ки дар онҳо зебоии Ватани худро месутуд ва чеҳракушоии шахсиятҳои барӯманди тоҷикро мекард.

 

Аз Рӯдакӣ то Дохунда - филмҳои мондагори Кимёгаров

Соли 1956 Кимёгаров аввалин филми бадеии худ “Дохунда”-ро аз рӯи асари ҳамноми Садриддини Айнӣ рӯйи пардаи синамо овард.

“Бардоштани филми “Дохунда” бароям рамзӣ буд: аввалин романи адабиёти тоҷики шӯравӣ ба таваллуди аввалин филми бадеии тоҷикии баъди ҷанг рост омад”, - дар хотироташ навиштааст коргардон.

Ин филм саҳифаи нави таърихи синамои тоҷикро боз кард ва ба ин васила як гурӯҳи ҳунармандони ноошно, ба мисли Дилбар Қосимова ба синамо омаданд ва шӯҳрат ёфтанд.

 

Лаҳзаи сабти филми "Ливои оҳангар"

Пас аз ин, соли 1959 Борис Кимёгаров дар “Тоҷикфилм” филми таърихӣ-ҳунарии “Қисмати шоир”-ро ба навор гирифт, ки дар бораи зиндагии асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳикоят мекард.

Барои ин кор коргардон дар Фестивали байналмилалии кинои Қоҳира (кишварҳои Осиё ва Африқо) ҷоизаи “Уқоби тиллоӣ”-ро гирифт. Ҳунарпешаҳои асосӣ - Марат Орифов ва Дилбар Қосимова низ соҳиби диплому ҷоизаҳои ҷашнвора шуданд. Ин эътирофи байналмилалии синамои тоҷики шӯравӣ буд.

Дар ин бора профессор Саъдулло Раҳимов, фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди маъруфи синамо бо ифтихор мегӯяд, ки “филми “Қисмати шоир” корти визити маънавии мост!”.

 

Силсилафилмҳои “Шоҳнома” - ҳамосаи миллӣ​​​​​​​

Сарфи назар аз ҳамаи муваффақиятҳо, Борис Кимёгаров аз филмҳои то он вақт бардоштааш розӣ набуд. Ӯ аз охири соҳои 50-юм бо “Шоҳнома”-и Абдулқосими Фирдавсӣ қарин шуд, мутолиаи ин асар ҷараёни зиндагии ӯро дигаргун сохт ва бо он пайванди ногусастанӣ барқарор намуд. Лилия Кимёгарова, духтари коргардон ёдовар мешавад, ки “падарам он вақтҳо дар рӯҳияи “Шоҳнома” нафас мекашид”.

 

Лилия Кимёгарова

Коргардон аз тасвири “Шоҳнома” дар пардаи синамо меандешид, вале шубҳа дошт, ки рӯҳи асар ва афсунгариҳои онро чӣ гуна ба намоиш кашад. Тақдир варо бо филмноманависи маъруфи рус Григорий Колтунов ошно кард. Колтунов дар аввал розӣ нашуд, то бо коргардони музофотӣ ҳамкорӣ кунад, вале пойфишориҳои Кимёгаров варо водор кард, ки сари мизи филмноманависӣ нишинад.

Дар натиҷа, соли 1961 филми “Ливои оҳангар” ба навор бардошта шуд, ки аз муборизаи Кова алайҳи шоҳи золим - Заҳҳок ҳикоят мекард. Баъдан коргардон ба қаҳрамони шӯҳратёри “Шоҳнома” – Рустами Дастон тамаркуз кард ва давоми 15 соли оянда филми сегонаи Рустам - “Достони Рустам” (1970) ва “Рустам ва Сӯҳроб” (1971) ва “Достони Сиёвуш” (1976) рӯйи пардаи синамо омаданд.

Баъди намоиши ин филмҳо, мардум дар кӯчаҳо дар бораи қаҳрамонони “Шоҳнома” сӯҳбат мекарданд ва фарзандони худро Рустаму Сӯҳробу Сиёвушу Гурдофарид ном мениҳоданд. Ин ҳамон ҳадафи Кимёгаров буд: тоҷикон ниёгонашонро бишносанд ва ба гузаштаи бузургашон ифтихор кунанд.

 

Ҷараёни сабти саҳнаи кушта шудани писар аз дасти падар дар филми "Рустаму Сӯҳроб"

Пас аз ин, Борис Кимёгаров дар бораи худи Ҳаким Фирдавсӣ мехост филми таърихӣ – ҳунарӣ ба навор бардорад. Ба гуфтаи Заур Дахте, наворбардор ва яке аз шогирдони Кимёгаров, дар филми Фирдавсӣ бояд бойгонии филмҳои “Достони Рустам”, “Рустаму Сӯҳроб”, “Достони Сиёвуш” ва “Коваи оҳангар” истифода мешуд.

“Кимёгаров мегуфт, ки ними филм аллакай тайёр аст. Филмномаро тарзе навишта буд, ки худаш мефаҳмид. Ҳарфҳое миёни сатрҳо нонавишта буд”, - гуфта буд Заур Дахте.

Аммо моҳи апрели соли 1979 бойгонии “Тоҷикфилм” оташ гирифт ва ҳама наворҳои захиракардаи Кимёгаров ҳам дар ин сӯхтор ба коми нестӣ рафт. Лилия Кимёгарова, духтари коргардон мегӯяд, падараш сӯхтани бойгонии “Тоҷикфилм”-ро бо чашми сар дид, дид, ки чӣ гуна маҳсули заҳмати қариб 20-солааш дуд мекунад ва дарун – дарун дуд кард, сӯхт ва аз по афтод...

Баъд аз фавташ Давлат Худойназаров ва Тоҳир Собиров, ду коргардони номвари тоҷик хостанд  дар бораи Фирдавсӣ филм бардоранд, аммо баъди мутолиаи филмномаи Кимёгаров “ҷуръат накарданд”.

 

Борис Кимёгаров бо Давлат Худойназаров (аз чап)

Гуфтовард: Кимёгарови падар, шахсият ва тоҷик​​​​​​​

Лилия Кимёгарова, духтари коргардон: Падарам бисёр одами нозук буд, танқидро ба сахтӣ қабул мекард, барои ҳар як лаҳзаи эҷодкардаи худ дар филм шодӣ мекард. Вақте сенарияи коргардонии худро менавишт, тамоми хонаи мо дар ҳамон рӯҳия зиндагӣ мекард. Вақте аз рӯи “Шоҳнома” филм мебардошт, тамоми хонаи мо пур аз акси ҳунарпешаҳо, лаҳзаҳои филм буд.

Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон: Шахсияти Борис Кимёгаров ҳамсанг ё ҳамвазни шахсиятҳои хеле маъруфу тавонои Тоҷикистон буд. Мисли Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода, ки он замон Тоҷикистонро сохтанд. Борис Кимёгаров синомаи тоҷикро роҳбарӣ карданд. Он кас ҳувияти моро ба мо тақдим карданд, ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд, ки тоҷикон чӣ гуна миллат ҳастанд.

Саъдулло Раҳимов, мунаққиди синамо: Давлат Худойназаров чанде пеш дар як сӯҳбати хусусӣ ба ёд овард, ки вақте аз Борис Кимёгаров аслу насабашро мепурсиданд, бо ифтихор худро тоҷик меномид.

 

Борис Кимёгаров якҷо бо ҳамсараш дар мақбараи Фирдавсӣ. Эрон, шаҳри Тӯс

Кимёгаров дигар ба ҳуш наёмад...​​​​​​​

Баъди чанд рӯзи оташсӯзӣ дар бойгонии “Тоҷикфилм”, Борис Кимёгаров барои ҷарроҳии кӯррӯда дар яке аз бемористони Душанбе бистарӣ шуд. Духтурон ба коргардон доруи беҳушкунанда гузарониданд ва баъди ҷарроҳӣ дигар ба ҳуш наёмад.

Ба гуфтаи Заур Дахте, ин ҷарроҳии вазнине набуд, ки боиси марги Кимёгаров шавад, иллат дар қалби коргардон буд: пас аз ҳаводиси охир дили коргардон суст метапид ва баъди гузаронидани доруи беҳушкунанда он аз кор монд.

Рӯзи 19-уми апрели соли 1979 Борис Кимёгаров дар 58-солагӣ ҷон бохт ва варо дар канори ҳамсараш дар Душанбе ба хок супориданд. Аз коргардон 13 филми бадеӣ ва 14 филми мустанад ба мерос монд. Ва дигар касе ҳам корномаи ӯро такрор накард ё идома надод...

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.