Сар аз 21-уми сентябр дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ё худ "лимит" ҷорӣ шудааст. Ҳарчанд мақомот расман инро тасдиқ ё рад намекунанд, вале сокинони кишвар ҳамарӯза шикоят доранд, ки дар як шабонарӯз то 10 соат барқ доранду халос. 

Қатъи интиқоли барқ, на танҳо мушкили маишӣ, ҳамчунин иҷтимоӣ шудааст. Сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар аз мақомоти марбута, махсусан ширкати “Барқи тоҷик” талаб доранд, ки воқеиятро гӯянд ва агар воқеан, "лимит" ҷорӣ шуда бошад, эътироф ва муҳлати онро бозбинӣ кунанд.

Аллакай, аз ҳозир аҳолии деҳот шабонарӯзӣ ҳудуди 8-9 соат барқ доранд. Сокинои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ мегӯянд, барқ рӯзона  аз соати 8:00 то 17:00 ва шабона аз соати 21:00 то соати 5:00 қатъ мешавад.

Тавре зикр шуд, мақомот вуҷуди "лимит"-ро тасдиқ ё рад намекунанд. Танҳо як намояндаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки "интиқоли барқро ба баъзе ноҳияҳо барои гузаронидани корҳои таъмирӣ дар хатҳои интиқол ва зеристгоҳҳо муваққатан маҳдуд кардаанд".

Бо оғози лимит хӯрокро дар деҳот бо оташи алов мепазанд
Акс аз Asia-Plus

Бақавли вай, қатъи интиқоли барқ асосан  шабона сурат гирифта, ҳадди ақалл то охири моҳи сентябр давом мекунад.

 

Шикояти сокинон: "8-9 соат барқ дорему халос"

Бо ин вуҷуд, шикояти аҳолӣ аз бебарқӣ рӯз аз рӯз бештар мешавад. Аз ҷумла, як сокини ноҳияи Шаҳринав ба "Азия-Плюс" навишт, ки "шаби 21 сентябр аз соати 22:00 дар ноҳия лимити барқ оғоз шуд, имрӯз (24 сентябр навиштааст, аз идора) аз соати 8:00 то 16:00 барқ набуд”.

Ҳамчунин, Саидҷон Саидализода, як сокини шаҳри Ҳисор нигаронӣ кард, ки "ду рӯз аст (23-юми сентябр навишта буд, аз идора), ки барқи моро қатъ мекунанд!".

Сокинони шаҳру навоҳии Ваҳдат, Восеъ, Файзобод, Ҷайҳун ва Рӯдакӣ низ аз қатъи барқ дар минтақаашон шикоят мекунанд.

Дар ноҳияи Муъминобод ҳам аз интиқоли барқ аз соати 21:00-и шаб то субҳ шикоятҳо ворид шудааст. Сокинони минтақаи Бохтари Хатлон дар бораи реҷаи шадидтар менависанд.

Саид Назаров, як сокини шаҳри Кӯлоб ҳам нигаронӣ кардааст, ки "дар Кӯлоб ҳам вазъият ҳамин хел аст".

Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон бо дархост ба раҳбарияти шабакаҳои барқи ҷумҳурӣ ва шаҳри Кӯлоб гуфтааст, ки дар деҳаи Офтоблиқо иқомат дорад ва аз 21-уми сентябр реҷаи маҳдуди интиқоли барқ ҷорӣ шуда, дар хате, ки ба хонаи ӯ пайваст мешавад, доими садамаҳо рух медиҳанд.

“Ҳар сол ин хат садамавӣ аст, аллакай се рӯз аст, ки кор намекунад ва ҳеҷ касе барои бартараф намудани мушкил чора намеандешад”, - навиштааст шоир.
Сокинони шеҳрҳо низ маҷбуранд, ки хӯрокро дар кӯча тайёр кунанд
Акс аз Asia-Plus

Дар ҳамин ҳол, бархе аз сокинони гӯшаҳои Душанбе ҳам аз қатъи барқ шикоят мекунанд. Аз ҷумла, Дилшод Одилов, як сокини пойтахт нигаронӣ кардааст, ки "дар кӯчаи А.Дониш рӯзона тамоми рӯз барқ набуд".

Комил Тошматов, сокини дигар Душанбе ҳам навиштааст, ки "барқ дар кӯчаи Анзоби ноҳияи Исмоили Сомонӣ қатъ мешавад".

 

“Мо ба асри санг баргаштем”

Бо чунин ҷумлаҳо бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ нигаронии худро дар робита ба қатъи интиқоли барқ баён кардаанд. 

“Зиндагии бе барқ дар асри 21? Мо ба асри санг баргаштем. Кӯдакон наметавонанд дарс тайёр кунанду одамон дилпурона кор кунанд”, - навиштааст як аз корбарон.

Дилшод Саидбоев, як сокини дигар навиштааст: "Реҷаи имсол нисбат ба пешина шадидтар шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо ҳамагӣ ба муддати 6 соат барқ медиҳанд. Пас мактабу бемористон ва мактабҳои олӣ чӣ гуна кор кунанд?".

Акс аз Asia-Plus

Дар баробари ин, бархеҳо аҳолиро ба сарфакорӣ ва сабру таҳаммул бар муқобили "лимит"-и барқ даъват карданд. Аз ҷумла, Илҳомҷон Қурбонов, ном корбар "тавсия" додааст, ки "агар сарфакорона истифода барем, ҳукумати ҳаҷми интиқолро зиёд мекунад".

Бисёриҳо вазъияти кунуниро бо қатъи сартосарӣ (блэкаут)-и солҳои 2007-2008 муқоиса кардаанд.

“Барқро дар як шабонарӯз 1 соат медоданд, лекин мардум сабр мекарданд. Имрӯз низ мо ба ҳамон роҳ равонаем”, - навиштааст Роҳбар Зайниддинова, корбари дигар.

Корбарон аз он нигаронанд, ки "лимит"-и интиқоли барқи имсола нисбат ба солҳои пеш барвақттар оғоз шуд. Онҳо дар ташвишанд, ки дар сурати сард омадани зимистон, вазъият боз ҳам душвортар мешавад.

 

Мақомот мардумро сарфаи барқ меомӯзанд

Дар посух ба интиқод ва нигаронии аҳолӣ дар мавриди "лимит"-и барқ, мақомоти Тоҷикистон сокинонро ба сарфаи нерӯи барқ даъват мекунанд. 

Аз ҷумла, кормандони Оҷонсии назорати давлатии энергетикии Тоҷикистон "барои баланд бардоштани сатҳи огаҳии аҳолӣ аз истифодаи дуруст ва сарфакоронаи нерӯи барқ" дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Гулистон, Бобҷон Ғафуров, Ашт ва Мастоҳ байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ
Акс аз Агентии назорати барқи назди президенти ҶТ

"Дар доираи вохӯриву суҳбатҳо муҳим будани истифодаи сарфакорона барқ баррасӣ шуда, оид ба харҷи оқилонаи он тавсияҳои мушаххас дода мешавад", - гуфта шудааст дар хабарномаи ин ниҳод.

 

Минбаъд - бадтар ё хубтар?

Дар Тоҷикистон ҳамасола аз моҳи октябр то апрел маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ду соли охир он дар нимаи дуввуми моҳи сентябр оғоз мешавад. Солҳои пеш “Барқи тоҷик” вуҷуди “лимит”-и барқро дар рӯзҳои аввал эътироф намекард, аммо баъди оғози фасли зимистон, шикояти сокинон ва интиқоди раиси ҷумҳур дар чанд соли охир ба сокинон расман хабар медиҳад. Вале имсол то ҳол эътироф накардааст.

Дар ҳоле, ки соли гузашта аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шуда буд. Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон карда буд. Сарфи назар аз ин Тоҷикистон ҳамасола ба Афғонистон ва Ӯзбекистон барқ мефурӯшад.

Қаблан масъулини Вазорати энергетикаи кишвар ва “Барқи тоҷик” гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам гуфт, ки соли 2027 мушкили барқ пурра бартараф мешавад.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл барои истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва напардохтани маблағи истифодаи он ҷавобгарии ҷиноятӣ аз 27 ҳазор то 90 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 3 то 10 соли зиндон ҷорӣ шуд.  

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.