Дар рӯзҳои баргузории нишасти сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) бархе бозору марказҳои савдо дар шаҳри Душанбе се рӯз - 8, 9, 10-уми октябр баста мешаванд.

Дар ин бора қарорҳои алоҳидаи шаҳрдорӣ ва Раёсати корҳои дохилӣ (ВКД) дар пойтахт содир шудааст, ки имрӯз, 3-юми октябр “Азия-Плюс” бо нусхаи онҳо шинос шуд.

Тибқи қарори шаҳрдории Душанбе, ки онро Абдураҳмон Абдураҳмонзода яке аз муовинҳои раиси шаҳр имзо кардааст, давоми се рӯз 11 бозору маркази савдои пойтахт баста мешаванд:

- Бозори “Корвон”;

- Бозори “Корвон-плюс”;

- Бозори “Ховарон”

- Бозори "Мошинасарой" (Автобаза)-и “2927”;

- Бозори “Кӯшониён”;

- Бозори “Фаровон”;

- Бозори “Балх”;

1/2

- Маркази савдои “Панҷшер”;

- Маркази савдои “Ганҷина”;

- Маркази савдои “Файёз-2015 (Корвони шаҳр);

- Маркази савдои “Варзоб ТҶ”;

- Маркази савдои “Кавсар”.

Инчунин дар бозори “Саховат” 11-уми октябр ва бозори “Меҳргон” 13-уми октябр рӯзҳои санитарӣ эълон шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар қарори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гуфта мешавад, ки давоми се рӯз танҳо бозорҳои “Корвон”, “Кӯшониён” ва марказҳои савдои “Панҷшер”, “Ганҷина”, “Садбарг”-и шаҳри Душанбе кор нахоҳанд кард.  

“...бо мақсади таъмини амнияти меҳмонон, таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пешгирӣ намудани тамбашавӣ, маҳдуд кардани шаҳрвандон дар хатсайрҳои ташрифотӣ таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ фаъолияти бозорҳо ва марказҳои таҳти роҳбарии шумо қарордошта аз 8 то 10-уми  октябр муваққатан қатъ гардида, ҳамчун рӯзҳои санитарӣ эълон карда шаванд”, -омадааст дар қарори Раёсати ВКД.

Инчунин, раёсат аз роҳбарияти бозору марказҳои савдо талаб кардааст, ки дар ин рӯзҳо қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро таъмин кунанд. 

Ҳоло маълум нест, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва гашту гузори сокинон дар кадом роҳу кӯчаҳои шаҳри Душанбе маҳдуд мегардад. Аз Раёсати ВКД Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфтанд, то ҳол қарори ниҳоӣ дар ин хусус набаромадааст.

Дар ҳамин ҳол, аз номи Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълоне мечархад, ки дар он гуфта мешавад, ки сокинону меҳмонони пойтахт “аз 8 то 10-уми октябр бинобар кор накардани бархе бозорҳо маҳсулоти ниёзи аввали худро пешакӣ захира кунанд”.

Инчунин аз масъулини бозору марказҳои савдо, меҳмонхонаву тарабхонаҳо талаб мешавад, ки ҳолатҳои тозагии бино, риояи либоси ягонаи корӣ, маданият ва одобу ахлоқ ва қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя кунанд. 

Аз Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳри Душанбе гуфтанд, чунин эълоне аз сӯи онҳо нашру паҳн нашудааст.

Бояд гуфт, ки рӯзи 10-уми октябр дар шаҳри Душанбе нишасти сарони давлатҳои ИДМ баргузор мегардад. Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия (9-уми октябр) ва дар доираи он баргузории вохӯрии сарони кишварҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ - Русия” дар назар аст. Корҳои омодагӣ ба ин чорабиниҳо аллакай аз охири моҳи сентябр оғоз шуда буд.

Аз ҷумла, дар 11 мавзеи кӯчаву хиёбонҳои Душанбе гулгаштҳо сохта шуданд. Барои сохтани онҳо зиёда аз 2 млн гулҳои мавсимӣ истифода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки ҷаласаи охири сарони кишварҳои ИДМ рӯзи 8-уми октябри соли 2024 дар Маскав таҳти раёсати Русия доир гардид. Он замон тасмим гирифта шуда буд, ки аз 1-уми январи соли 2025 раёсат дар ИДМ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.