Дар пойтахти Тоҷикистон маҳфили Латофат Кенҷаева, Шоири халқии Тоҷикистон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик таҳти номи “Ҳарири ноз” баргузор шуд.

Дар ин чорабинӣ, ки дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид, шоирону нависандагон, овозхонону ҳунарпешагон, рӯзноманигорон, дӯстдорони адабиёт ва хонандагони хурдсоли ашъори шоир ҷамъ оманд.

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфилро оғоз карда, таъкид кард, ки Латофат Кенҷаева на танҳо шоир, балки адиби хуби замони мо аст.

“Адабиёт аслан кори душвор аст, вале адабиёти кӯдакона басо душвортар аст. Латофат Кенҷаева ин кори душворро бо сари баланд иҷро мекунанд”, - гуфт Низом Қосим.

 

Низом Қосим

Латофат Кенҷаева дар маҳфил ҳасби ҳоли худро нақл карда, роҳи шоир шудани худро баён дошт ва ашъори худро қироат кард.

Номаҳои табрикотии мансабдорони баландпоя, аз ҷумла Сулаймон Зиёзода, муовини сарвазири Тоҷикистон, Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Низом Қосим, раиси Иттифофоқи нависандагони Тоҷикистон ба Латофат Кенҷаева расонида шуд.

 


Бузургмеҳр Баҳодур, шоир ва рӯзноманигор, ки яке аз шогирдони Латофат Кенҷаева низ мебошад, гардонандаи маҳфил буд. Ӯ нақши Кенҷаеваро дар тарбияти як насл шоирону нависандагони адабиёти кӯдакона таъкид карда, гуфт, ки мавсуф аз 7-солагӣ то 75-солагӣ дар хидмати адабиёт аст.

“Латофат Кенҷаева аз 7-солагӣ ба даст қалам доштанд. Дар ин син рӯзе ба китобхона мераванд, ки дари он баста аст. Ба рӯзнома шикоят менависанд, ки дари китобхона баста асту натавонистанд китоб дастрас кунанд. Дар пайи шикояти кӯдаки 7-сола китобдорро аз вазифа мегиранд. Ин маънои онро дорад, ки Латофат аз 7-солагӣ бо китобу қалам қарин буд ва то кунун аз он ҷудо нашудаанд”, - гуфт Бузургмеҳр Баҳодур.

Аҳмадҷон Раҳматзода, Шоири халқии Тоҷикистон, ҳам аз нақши соҳибҷашн дар адабиёти кӯдаконаи замони истиқлол ҳарф зад, таъкид кард, ки Латофат Кенҷаева на танҳо миёни мардуми тоҷик, балки миёни мардуми русзабону ӯзбекзабон низ маҳбубият дорад.

 

Нарзуллоҳи Назар

Нарзуллоҳи Назар, дипломат ва тарҷумони тоҷик чанд шеъри Латофат Кенҷаеваро, ки ба забони арабӣ тарҷума кардааст, дар маҳфил хонд ва навид дод, ки ашъори Латофат Кенҷаева ва Мирсаид Миршакар ба зудӣ бо забони арабӣ дар яке аз кишварҳои арабӣ дар шакли маҷмӯа ба чоп хоҳад расид.

Мастона Эргашева, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон суруди рақсӣ ва Хуршед Иброҳимов, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шашмақом сароид.

Даҳҳо кӯдак дар ин маҳфил ашъори кӯдаконаи Латофат Кенҷаеваро қироат карданд.

 


Дар бораи Латофат Кенҷаева

Латофат Кенҷаева чанде пеш дар арафаи 75-солагиаш унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистонро гирифт. Ӯ эҷодкори чандҷанба - шоир, нависанда ва рӯзноманигор мебошад. Тахаллуси шоириаш Сабрин аст.

Ӯ шуъбаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо дипломи аъло тамом карда (1972), пасон дар Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, шуъбаи адабӣ-драмавӣ кор кардааст.

Аз соли 1981 то соли 2014 ба ҳайси сардабири маҷаллаи ҷавонону наврасон - “Истиқбол” (собиқ “Машъал”) кор кардааст. Соли 1996 назди маҷалла Ташкилоти кӯдакони соҳибистеъдоди ҷумҳуриро бо номи “Истиқбол” таъсис дод, ки он соли 2008 номи Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалиро гирифт ва ҳоло раиси он мебошад.

Эҷоди Латофат тамоми паҳлуҳои таълиму тарбияи насли наврасро фаро гирифта, барои атфол шеър, бозӣ, ҳикоя, афсона, муаммо, шумурак ва достонҳо навиштааст.

Муаллифи маҷмуаи “Таронаҳо”, “Марҷони ранга”, “Шарораи хотираҳо”, “Сандуқчаи марворид”, “Рози шабнам”, “Мусича ва Дурдона”, “Оҳи гусаста”, “Нома ба бародар”, “Гурбаи Сомон ва ҷӯҷаи Ораш”, “Наҷотбахши дунё кист?” ва даҳҳо китоби дигар аст.

Намунаҳои осораш ба забонҳои дигари олам тарҷума шудаанд ва ӯ худ низ ба тарҷумаву чопи асарҳои адибони ҷаҳон машғул аст.

 

1/8

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.