Фарҳод Назаров, омӯзгоре, ки барои “як шаппотӣ” задани хонандаи синфи 11-и як мактаби шаҳри Левакант алайҳаш парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, бори нахуст қазияро ба “Азия-Плюс” нақл кард.

Омӯзгор пас аз як моҳ, имрӯз, 6-уми октябр ба мо гуфт, ки рӯзи 6-уми сентябр Меҳмед Бозоров “раванди дарсро вайрон карда, ба гапҳои ман гӯш надод.

“Такаббурӣ мекард. Гапгардонӣ мекард. Ба мизи пеш бишин гуфтам, нанишаст. Қалам (ручка) надошт. Иҷозат гирифт, ки барои харидани қалам ба берун барояд, гуфтам, ки дарро напӯш, ҳаво гарм аст, синф буғ мешавад, вале дониста дарро басту рафт. Ман психолог-педагог ҳастам, медонам, ки чӣ кор бояд кунаму чӣ кор на, вале аз ҳад гузаронд. Барои ҳамин ба муаллимхона дароварда, задам”, - гуфт Фарҳод Назаров

Омӯзгор афзуд, “вақте ба муаллимхона даровардам, касе набуд, якто задам, баъдтар як муаллим омада, ӯро берун баровард. Дар берун чӣ гап шуд, хабар надорам. Вале ба фикрам, зарбаи задаам сахт набуд, ки сараш осеби ҷиддӣ бардорад”.

Фарҳод Назаров аз соли 2018 дар мактаби №4-и деҳаи Боҳтуробод аз фанни забони англисӣ дарс медодааст. Ӯ соли 2019 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро хатм кардааст, вале ба гуфтаи худаш, аз замони донишҷӯӣ ба омӯзгорӣ пардохтааст.

Ба қавли Назаров, Меҳмед Бозоров сардори синф аст, вале фанни забони англисиро хуб намедонистааст.

“Ҳоло баҳогузории 10-хола ҷорӣ шудааст, вале Меҳмед ба баҳои 5-и ин низоми нав мехонад”.

Назари худи хонанда ба ин шарҳи муаллим ба “Азия-Плюс” дастрас нест.

 

Меҳмед Бозоров

Омӯзгорро ба додситонӣ даъват кардаанд

Пас аз ин ҳодиса омӯзгорро ба Додситонии шаҳри Левакант даъват карда, ҷузъиёти парвандаи ҷиноятиро, ки бар асоси шикояти падару модари хонанда боз шудааст, фаҳмонидаанд.

“Гуфтанд, ки барои ин парванда то 75 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то 2 сол зиндон пешбинӣ шудааст. Бале, ман иқрор ҳастам, ки хонандаро задам, вале бесабаб набуд. Чунин тавоноӣ ҳам надорам, ки ҷаримаро пардохт кунам. Чӣ ҷои пинҳон кардан, баъзан вақт барои он ки ба маршрут пул сарф накунам, пиёда роҳ меравам”, - гуфт омӯзгор.

Ба иттилои тасдиқшуда, нисбати Фарҳод Назаров бо моддаи 174-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

 

Омӯзгор беморбинӣ нарафта, хонанда ҳам ба мактаб наомадааст

Меҳмед Бозоров қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки омӯзгор “дар пушти гарданаш зарбаи сангин” зад ва “мағзи сараш осеб дида, 15 рӯз дар беморхона бистарӣ буд”. Ӯ ва пайвандонаш шикоят доштанд, ки Фарҳод Назаров дар ин муддат ба хабаргирии хонанда наомадааст.

Фарҳод Назаров гуфт, “дуруст аст, ки худам ба хабаргирии Меҳмед Бозоров ба бемористон нарафтам, вале падару модар ва бародарам борҳо ба назди онҳо рафтанд, маблағи табобаташро ҳам пурра пардохт карданд”.

“Модари Меҳмед ба мактаб омад, гила кард, ки ба дидани фарзандаш нарафтаам. Хеле насиҳат ҳам кард. Ман ҳеҷ чиз нагуфтам, вале намехоҳам хонаашон равам, Меҳмед ҳам то ҳол ба мактаб наомадааст”, - гуфт Назаров.

Дар ҳамин ҳол, қаблан бахши маорифи Левакант навишта буд, ки “айни ҳол хонанда пурра саломат буда, дар дарсҳо иштирок дорад”.

Мо натавонистем бо худи Меҳмед Бозоров ва падару модари ӯ перомуни ин қазия гуфтугӯ кунем. Дар сурати гуфтугӯ кардани онҳо “Азия-Плюс” омода аст, ки назари онҳоро ҳам ба чоп расонад.

Бояд гуфт, ки қазияи мазкур миёни ҷомеа вокунишҳои гуногунро ба миён овардааст. Аксари фаъолони ҷомеа аз мавқеъ ва шаъну шарафи муаллим пуштибонӣ доранд. Дар ин миён қонун чӣ мегӯяд? Дар ин матлаби “Азия-Плюс” бештар маълумот пайдо кунед.

Ҷузъиёти дигари ин қазияро дар хабари зерини “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Ҷангу даъвои омӯзгору хонанда дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Танҳо дар соли гузашта се қазияи даъво дар мактабҳо – яке дар шаҳри Бохтар ва ду ҳолати дигар дар ноҳияи Ховалинг расонаӣ гашта буд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта пас аз зиёд расонаӣ шудани хабарҳо дар бораи озордиҳӣ миёни хонандагон барои маъмурияти мактабҳо, роҳбарони синфҳо ва омӯзгорон дастурамали методӣ перомуни пешгирӣ аз озордиҳӣ ё киберозордиҳӣ таҳия шуд. Он дастурамал аз чӣ иборат аст, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар латукӯб дар мактабҳои кишвар кӣ гунаҳкор аст: омӯзгор, хонанда ё волидон? Дар ин матлаб ба ин савол посух ҷӯед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.