Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон–ватани азизи ман” дар соли 2025 ҷамъбаст ва 4 нафар соҳиби шоҳҷоиза шуданд. Ҳар кадоми онҳо 100 ҳазор сомонӣ мукофот гирифтанд. Ба ғолибони ҷойҳои якум 70 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм 50 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 30 ҳазор сомонӣ тақдим шуд. Аммо дар баробари ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шеваи кори доварони ин озмун шикоятҳо низ нашр шуд. Ҳарчанд доварон бо интиқодҳо розӣ нестанд.

 

Киҳо шоҳҷоизаро ба даст оварданд?

Маросими ҷоизасупории озмун “Тоҷикистон–ватани азизи ман” рӯзи 4-уми октябр, дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Озмун аз рӯйи панҷ номина доир шуда, танҳо 4 нафар барандаи шоҳҷоиза гардиданд:

- Файзигул Раҷабова - номинаи санъати тасвирӣ;

- Разияллоҳ Убайдзода - номинаи навозандагӣ;

- Наврӯзи Досӣ - номинаи сарояндагӣ;

- Обидҷон Масаидов - номинаи оҳангсозӣ-бастакорӣ.

Ҳамасола дар ҳар як номина як шоҳҷоиза тақдим мегардид, аммо имсол дар номинаи “дизайн” ба ягон ширкаткунанда шоҳҷоиза дода нашуд. Як масъули Вазорати фарҳанг ба “Азия-Плюс” сабаби инро ба набудани ширкаткунандаи арзанда дар ин номина рабт дод.

Дар ҳар як номина аз рӯйи ҳар жанр вобаста ба синну сол як нафар ҷойи якум, ду нафар ҷойи дуюм ва ду нафар ҷойи сеюмро соҳиб шуданд. Номи ғолибони ҷойҳои 1, 2  ва 3-юмро аз ин пайванд хонед.

Дар баробари ин, ба омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмуни мазкур ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ишғол карданд, 20 ҳазор сомонӣ супорида шуд. Ҳамчунин ба 31 иштирокчии фаъоли озмун диплом ва мукофотпулӣ дода шуд.

1/8

 

Шикоят аз муносибати дағали довари озмун

Имсол шикоят аз шеваи кори доварони ин озмун ҳам мушоҳида шуд. Чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз баҳогузории доварон ва муносибати онҳо бо иштирокчиён интиқод карданд.

Меҳрубон Зокирӣ, яке аз онҳое, ки раванди озмунро аз наздик тамошо кардааст, дар саҳифаи фейсбукаш аз бархурди тунд ва муносибати дағали ҳаками озмун (ӯ аз Миралӣ Дустизода ном бурд) нигаронӣ карда, навишт, ки ҳангоми озмун беадолатӣ шуд.

Ӯ ҳамчунин аз қазовати доварон интиқод кард. Чанд нафари дигар низ дар шарҳи ин навишта аз шеваи баргузории озмун ва кори ҳакамон шикоят карданд.

Назари Миралӣ Дустизода, раиси ҳайяти ҳакамон дар номинаи сарояндагӣ дар робита ба ин масъала маълум нест. Талоши пайвастаи мо барои суҳбат бо ӯ бесамар анҷомид. Ӯ хабарнигори “Азия-Плюс”-ро барои сӯҳбат қабул накард.

Ҳеҷ довари номинаи мазкур ҳозир нашуданд, дар бораи баргузории озмун ба “Азия-Плюс” назар диҳанд. Танҳо Давлаталӣ Раҳмониён шикояти мазкурро “туҳмату таҳқири доварон” номида, гуфт, ки “мо ба хотири воқеият бе ягон музд доварӣ мекунем, аммо ин қадар гапу калочаю дуруғи бисёр мешунавем”.

 

“Саҳлангорӣ дар даврҳои якуму дуюм сар мезанад”

Далер Тиллоев, яке аз доварони озмун дар номинаи навозандагӣ, оҳангсозӣ-бастакорӣ дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” иброз дошт, ки дар даврҳои якуму дуюми озмун дар интихоби ғолибон саҳлангорӣ бештар мешавад.

“Бисёр нафароне, ки ба даври ҷамъбастии озмун роҳ ёфтанд бояд аз даври дуюм намегузаштанд. Сабабаш он аст, ки ҳакамони озмун рӯйихотирбинӣ мекунанд ва ба хотири онки иштирокчӣ рӯҳафтода нашавад, ба даврҳои минбаъда мегузаронанд”,-таъкид кард Тиллоев.

Ба гуфтаи Тиллоев, доварони даври ҷамъбастии озмун дар интихоби ғолибони озмун “хеле одилона бархурд карда, баҳои ниҳоиро додаанд”.

“Дар даври ҷамъбастӣ интихоби иштирокчии сазовор бисёр мушкил буд. Чун аз миёни 37 нафар танҳо 6 касро бояд интихоб мекардем. Буданд нафароне, ки мо ба рӯйхати ҳавасмандкунӣ гузарондем. Дар ин баробар буданд нафароне, ки бояд ҷойи сеюмро мегирифтанд, аммо афсус ҷой набуд”,-иброз дошт номбурда.

Ба гуфтаи довари озмун дар интихоби ғолибони озмун ба маҳорат, истеъдод, тарзи иҷро, сару либос ва озод будани онҳо дар саҳна аҳамияти бештар дода шудааст.

Далер Тиллоев
Акс аз сомонаи Театри опера ва балет ба номи Садриддин Айнӣ

 

“Баъзе иштирокчиён плагиат карда буданд”

Олимҷон Рабизода, раиси комиссия дар номинаи санъати тасвирӣ ва дизайн низ таъкид мекунад, ки ба даври ҷамъбастии озмун на ҳамаи иштирокчиёни арзанда роҳ ёфтаанд.

“Ширкаткунандаҳое ҳам буданд, ки асардуздӣ карданд, он чизе, ки пешниҳод карданд маҳсули эҷоди худашон набуд, шояд ба ҷояшон устодашон кор кардааст. Вақте мо дарси маҳорат гузарондем, он рӯз қариб 11 кас наомад. Шояд тарсиданд ва ё аз истеъдоди худ мутмаин набуданд”,-иброз дошт ӯ.

Ӯ гуфт, шикоят аз ҷониби ширкаткунандагон солҳои пеш ҳам буд ва имсол ҳам чанд нафар ба онҳо “занг задаанд”.

“Бисёр занг заданд, хоҳиш ҳам карданд, аммо ба онҳо гӯш накардем ва шахсони арзандаро интихоб кардем. Дар номинаи дизайн ба хотире, ки шахси арзанда набуд шоҳҷоизаро надодем”, - таъкид кард ӯ.

Олимҷон Рабизода
Акс аз О.Рабизода

 

“Доварони озмун аз хориҷа даъват шаванд”

Далер Тиллоев таъкид мекунад, ки “даъвати ҳакамон аз хориҷ” яке аз роҳҳоест, ки шаффофияти озмунро таъмин мекунад.

“Агар чунин шавад, озмун дар ҳақиқат шаффоф ва одилона баргузор мешавад”,-таъкид кард номбурда.

Дар ҳамин ҳол Олимҷон Рабизода, мегӯяд, ки “аз вазорати фарҳанг сар карда то роҳбари камиссия ва аъзои ҳайяти ҳакамон барои  шаффоф гузаштани озмун масъулият доранд”.

“Шаффоф гузаштани озмун ба виҷдон, касбияти доварон бастагӣ дорад. Агар чанд сол сахтгирӣ кунем ва назоратро пурзӯр кунем, асардуздӣ, кор кардани устод ба ҷойи шогирд, рӯйихотирбинӣ, шиносбозӣ, миёнаравӣ аз байн мераванд”,- таъкид кард Рабизода.

Бояд гуфт, аз шеваи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар низ соли гузашта интиқод карда, ба зарурати қолабшиканӣ дар онҳо таъкид карда буд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман” соли ҳафтум аст, ки баргузор мешавад. Ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъат ва рушди минбаъдаи маҳорати касбии онҳо, эҷоди асарҳои нави мусиқӣ ва дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳангу сурудҳо арзёбӣ мешавад.

Имсол барои озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” 7 миллиону 680 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд.

Ғолибони озмун ҳамчунин имкони ба таври ройгон ва бе супоридани имтиҳон, танҳо тариқи суҳбат таҳсил дар мактаби олии мусиқӣ (консерватория), коллеҷи мусиқӣ ва мактабҳои миёнаи махсуси мусиқиро доранд. Ҳамчунин, онҳо ҳақ доранд дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.